Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олӣ: Пирӯзии “Регар” ва “Истаравшан”


Шоми чоршанбеи 23-юми октябр ду бозии мавқуфгузоштаи даври 15-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ, варзишгоҳи “Металлург, дар ҳузури 3000 тамошобин бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 4-1 ғалаба кард. Голҳоро аз дастаи ғолиб Шодибек Ғаффоров (дақиқаи 8-ум), Хуршед Маҳмудов (22), Фирӯз Раҳматов (ду гол, дақиқаҳои 48-ум ва 55-ум) заданд. Як голи меҳмононро Адо Патрик, легионери нави африқоии “Энергетик” аз Гана, дар дақиқаи 76-ум ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигар дастаи «Истаравшан»-и Истаравшан дар майдони худ дар ҳузури 6000 мухлис бар тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Тӯбро Илҳом Баротов дар дақиқаи 85-ум ба дарвозаи меҳмонон ворид кард. Дарвоқеъ, ин аввалин ғалабаи “Истаравшан” дар мусобиқоти имсола мебошад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот "Равшан"-и Кӯлоб бо 34 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Истиқлол"-и Душанбе, ки нисбат ба рақиби аслиаш барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ як бозӣ бештар гузарондааст, бо 33 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. «Хайр»-и Ваҳдат бо 26 имтиёз дар ҷойи севум ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 23 имтиёз дар ҷойи чорум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Равшан» 12 11 1 0 18-3 34
2. «Истиқлол» 13 11 0 2 37-6 33
3. «Хайр» 14 7 5 2 22-13 26
4. «Регар-ТадАЗ» 13 7 2 4 18-14 23
5. «Энергетик» 14 4 3 7 13-19 15
6. «Хуҷанд» 13 3 5 5 11-15 14
7. «Парвоз» 12 3 4 5 10-19 13
8. «Вахш» 12 2 2 8 4-12 8
9. ССКА «Помир» 13 1 4 8 7-17 7
10. «Истаравшан» 12 1 2 9 7-29 5

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ («Хайр”/ ”Истиқлол”) – 11тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол») – 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Александр Кудряшов («Истиқлол») ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 5-тӯбӣ.

Даври 18-ум
26-уми октябр (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Истаравшан» - «Хуҷанд»
«Равшан» - ССКА «Помир»
«Вахш» - «Парвоз»
«Истиқлол» - «Энергетик»
XS
SM
MD
LG