Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Саройкамар” бар рақиби аслиаш - “Кӯктош”


Марҳалаи дувуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе бо бозиҳои даври даҳум шурӯъ шуд.

Дар бозии марказии даври даҳум дастаи «Саройкамар»-и Панҷ дар майдони худ бар тими «Кӯктош+С»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард. Ин нахустин бохти “Кӯктош+С” дар мусобиқоти имсола буд. Дар ин бозӣ Хуршед Ямоқов ду гол, Акмал Авазов ва Фаридун Шодиев якголӣ заданд.

Дар бозии дигар “Ҳосилот”-и Фархор бар дастаи меҳмон - “Ҳулбук”-и Восеъ бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Ҳарсе голи фархориҳоро Сайидамир Зуҳуров ба ҳадаф расонда, хет-трик кард. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 42-юм Фарҳод Додарбеков («Ҳосилот») ва Одил Менгиёров («Ҳулбук») корти сурх гирифта, аз майдон хориҷ шуданд.

Дар бозии севум «Пахтакор»-и Қабодиён дар майдони худ бар тими «Бохтар»-и ноҳияи Бохтар бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Се голи "Пахтакор"-ро Фаррух Абдураҳмонов ба самар расонд.

Дар айни ҳол дар ҷадвалимусобиқот дастаҳои Саройкамар» ва «Кӯктош» «бо 17-имтиёзӣ пешсафанд.

Натоиҷи бозиҳои даври 10-ум

«САРОЙКАМАР» - «КӮКТОШ+С» - 4:0
Голҳо: Хуршед Ямоқов, 41 (1:0). Акмал Авазов, 64 (2:0). Хуршед Ямоқов, 85 (3:0). Фаридун Шодиев, 90+4 (4:0).
«ҲОСИЛОТ» - «ҲУЛБУК» - 3:0
Голҳо: Сайидамир Мирзоев, 16 (1:0). Сайидамир Мирзоев, 58 (2:0). Сайидамир Мирзоев, 72 (3:0).
Аз майдон хориҷ шуданд: Фарҳод Додарбеков («Ҳосилот»), Одил Менгиёров («Ҳулбук»), 42.
«ПАХТАКОР» - «БОХТАР» - 3:2
Голҳо: Фаррух Абдураҳмонов, 1 (1:0). Фаррух Абдураҳмонов, 5 (2:0). Раҳматулло Чориев, 16 – ба дарвозаи худ (2:1). Фаррух Абдураҳмонов, 38 (3:1). Қосим Найзаев, 83 (3:2).
Аз майдон хориҷ карда шуданд: Насим Азизов («Пахтакор»), Шавкат Худойназаров («Бохтар»), 60.

Ҷадвали мусобиқот баъди даври даҳум:
Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Саройкамар» (Панҷ) 8 5 2 1 19-5 17
2 «Кӯктош+С» (Рӯдакӣ) 8 5 2 1 16-11 17
3 РТСУ (Душанбе) 7 4 0 3 11-11 12
4 «Ҳулбук» (Восеъ) 8 4 0 4 13-16 12
5 «Нури Норак» (Норак) 7 3 3 1 8-7 12
6 «Ҳосилот» (Фархор) 8 3 0 5 9-11 9
7 «Бохтар» (Бохтар) 8 2 1 5 12-11 7
8 «Пахтакор» (Қабодиён) 8 1 0 7 8-24 3


Голзанҳои беҳтарин: Ҷонибек ҒАФФОРОВ («Саройкамар») – 8 тӯб, Зоир ХОЛМАТОВ («Ҳулбук»), Сайидамир МИРЗОЕВ («Ҳосилот») – 6-тӯбӣ.

Бозиҳои даври 11-ум

15-уми сентябр (якшанбе)
Оғози бозиҳосоати 16.30

«Бохтар» - «Ҳосилот»
«Ҳулбук» - «Саройкамар»
«Нури Норак» - РТСУ
XS
SM
MD
LG