Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши дастаҳо барои Ҷоми Тоҷикистон-2013


Рӯзи 8-уми август марҳилаи пешакии мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон-2013 шурӯъ мешавад.

Ба иттилоъи Федератсияи футболи Тоҷикистон, марҳилаи пешакӣ дар ду минтақа – Душанбе ва Суғд - бо ширкати дастаҳои лигаи аввал барпо мегардад.

Дар марҳилаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе шаш даста иштирок мекунанд. Бар асоси қуръакашӣ «Кӯктош+С»-и Рӯдакӣ бо «Ҳулбук»-и Восеъ, «Бохтар»-и Бохтар бо «Ҳосилот»-и Фархор ва «Саройкамар»-и Панҷ бо «Нури Норак»-и Норак рақобат хоҳанд кард. Бозиҳои аввал 10-уми август ва бозиҳои ҷавобӣ 13-уми август баргузор мешаванд.

Ғолибони ҷуфтҳои минтақаи Душанбе ба даври 1/8–ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ меёбанд. Ҳамчунин аз байни 10 дастаи минтақаи Суғд се дастаи беҳтарин ба ҳаштякфинал мебароянд. Даҳ дастаи лигаи олӣ аз даври ҳаштякниҳоӣ вориди рақобат мешаванд.

Қуръакашии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи 9-уми август доир хоҳад шуд. Барандаи Ҷоми Точикистон-2013, ки рӯзи 5-уми октябр дар бозии ниҳоӣ маълум мешавад, ҳуқуқ пайдо мекунад Тоҷикистонро соли 2014-ум дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) намояндагӣ кунад.

Ҷоми Точикистон - 2013

Минтақаи Душанбе. Марҳилаи пешакӣ.


Бозиҳои аввал

10-уми август, шанбе. Оғози бозиҳо – соати 17.30


1. «Кӯктош+С» (Рӯдакӣ) - «Ҳулбук» (Восеъ)
2. «Бохтар» (Бохтар) - «Ҳосилот» (Фархор)
3. «Саройкамар» (Панҷ) - «Нури Норак» (Норак)

Бозиҳои ҷавобӣ

13-уми август, сешанбе. Оғози бозиҳо – соати 17.00


4. «Ҳулбук» (Восеъ) - «Кӯктош+С» (Рӯдакӣ)
5. «Ҳосилот» (Фархор) - «Бохтар» (Бохтар)
6. «Нури Норак» (Норак) - «Саройкамар» (Панҷ)

Вилояти Суғд. Марҳилаи пешакӣ

Бозиҳои аввал

8-уми август, панҷшанбе. Оғози бозиҳо – соати 17.30


1. «Қайроққум» (Қайроққум) - «Спитамен» (Спитамен)
2. «Шаҳристон» (Шаҳристон) - «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов)

9-уми август, ҷумъа

3. «Эсхата» (Хуҷанд) - «Исфара» (Исфара)
4. «Бобоҷон Ғафуров» - «Зарафшон» (Панҷакент)
5. «Мастчоҳ» (Мастчоҳ) - «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

Бозиҳои ҷавобӣ

12-уми август, душанбе. Оғози бозиҳо – соати 17.00


6. «Спитамен» - «Қайроққум»
7. «Пахтакор» - «Шаҳристон»

13-уми август, сешанбе

8. «Исфара» - «Эсхата»
9. «Зарафшон» - «Бобоҷон Ғафуров»
10. «Далерон-Ӯротеппа» - «Мастчоҳ»
XS
SM
MD
LG