Ҷумъа, Ноябр 28, 2014

Парвандаи Зайд Саидов

4 саҳифа номаи Зайд Саидов ба Эмомалӣ Раҳмон

Зайд Саидов дар як нома аз раисиҷумҳур хостааст, ки ба қазияи ӯ дахолат кунад, то бархӯрди мунсифонатаре ба парвандааш сурат бигирад.

Саҳифаи аввали номаи Зайд Саидов ба раисиҷумҳур
Саҳифаи аввали номаи Зайд Саидов ба раисиҷумҳур
Раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав бо як нома ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардааст ва хостори дахолати ӯ дар қазияаш шудааст.

 Зайд Саидов навиштааст, ин номаро “дар ҳолати дарди шадиди меъда дар зиндон” менависад ва аз раисиҷумҳур хостааст, ки “саломатии бандаро ба назар гирифта, ба қазияи банда дахл намоед, то ки маро озод намоянд ё бо надодани иҷозати берун рафтан зери назорати тафтишот ба муолиҷаи худ машғул шавам.”

Дар ин нома, ки ба президент  "аз номи гумонбар Саидов З.Ш." навишта шудааст, Зайд Саидов тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, навиштааст, “ҳамаи он тӯҳматномае беш нест, ки ба парвандаи банда ҳеҷ часпоиш надорад. Ва як даъвогарашро умуман бори аввал мебинам. Банда ҳеҷ гоҳ ба чунин фасодкорӣ даст назадаам.” Зайд Саидов навиштааст, муҳокимаи додгоҳӣ ва ошкор шудани воқеъияти ин иттиҳомот “ба обрӯи давлатамон, ки даъвои ҳуқуқбунёдӣ мекунад, латма ворид мекунад.” 
Ҳамаи 4 саҳифаи ин нома дар ин нигористон қобили дарёфт аст:


  • саҳифаи 1
  • саҳифаи 2
  • саҳифаи 3
  • саҳифаи 4



Зайд Саидов навиштааст, ки ӯро дар боздошт дар як ҳолати пур аз маҳрумият нигоҳ медоранд. Ӯ аз ҷумла мегӯяд, ки вакилони мудофеъи худро баъди ҳафтаҳо ва он ҳам дар ҳузури муфаттишон мебинад. Аз дидор бо наздиконаш низ ӯро маҳрум кардаанд. Зайд Саидов ҳамчунин менависад, “аз шунидани радио дар давоми 53 рӯз маҳрум будам, аз ташхиси духтурони касбӣ, ки вазъи саломатиам хеле бад аст, маҳрумам.”




Зайд Саидов аз саҳмаш дар иқтисоди Тоҷикистон ва ҷалби сармоя ба кишвар ёдовар шуда, менависад, “ҳатто дар як ҷаласаи ҳукумат Шумо таъкид намудед, ки Саидов З.Ш. беш аз 10-15 миллион доллари амрикоии худро аз хориҷ оварда, барои рушди иқтисод сармоягузорӣ карда истодааст. Оид ба дастгириҳоям нисбат ба сохтмони нирӯгоҳи Роғун ва дигар чорабиниҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири риё нашуданаш номбар намекунам."


Зайд СаидовЗайд Саидов
x
Зайд Саидов
Зайд Саидов
Ҳарчанд худи соҳибкори боздоштшуда аз овардани арқоме худдорӣ кардааст, вале ба гуфтаи як манбаъи Озодӣ, Зайд Саидов ба маблағи дастикам 1 миллион сомонӣ саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғунро харида, ду сол пеш, вақте як маҳаллаи бузурги шаҳри Кӯлоб бар асари сел хароб шуд, барои мардуми селзадаи ин минтақа 12 манзили нав сохт, ки  ҳазинааш беш аз ним миллион доллар гуфта мешавад.

Дар номааш ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Зайд Саидов ҳамчунин навиштааст, азмаш ба сохтани ҳизб “худхоҳӣ” ё “фарбеҳгӣ” набуд, “мақсади мухолиф будан ба ҳукумати ҷумҳурӣ ё каси дигареро надоштам”, балки “ғаразамон ободии кишвар ва кумак ба ҳукумати ҷумҳурӣ буд... Танҳо гуноҳи банда он аст, ки қурбони шахсони манфиатҷӯ, дурӯя ва хушомадгӯ гаштаам.”

Зайд Саидов мегӯяд, азбаски нофаҳмиҳо дар атрофи ҳизбаш зиёд шуд, ҳанӯз аснои мусофираташ дар Фаронса тасмим гирифт, ки “баробари бозгашт, аввалин коре ки мекунам дар Душанбе, боздошти фаъолияти таъсиси ҳизб буд. Ин нуктаро  аз Олмон бо ҳамроҳии раиси КДАМи Душанбе ба раиси КДАМ иброз дошта будем.”

Саидов меафзояд, рӯзҳои мусофираташ чандин бор ҳушдор гирифта буд, ки ҳабс мешавад, “аммо пеш аз ҳама ба хотири дар хориҷ мондан ва ҳамчун мухолифи ҳукумат қарор нагирифтан ба Ватан баргаштам.”

Зайд Саидов рӯзи 19 май, баробари бозгашташ аз сафари Аврупо, дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд.

Се рӯз баъд додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳукми ҳабси думоҳаи ӯро содир кард. Ожонси зидди фасод Зайд Саидовро ба ришвахорӣ ва қаллобӣ айбдор мекунад. Аммо Саидов иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд мекунад ва чандин бор гуфтааст, ки таъқибу боздошти ӯ мустақиман ба азмаш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав бастагӣ дорад.

Мушкилоти Зайд Саидов бо мақомоти Тоҷикистон вақте оғоз ёфт, ки ӯ рӯзи 6 апрел аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Рӯзи 11 май, вақте ӯ дар сафари Аврупо буд, додситонии Душанбе алайҳаш бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда кушода, манзилҳояшро кофтукоб ва наздиконашро бозпурсӣ кард.

Ҳамон рӯз Ожонси мубориза бо фасод ҳам аз ифтитоҳи парванда алайҳи ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал” бо иттиҳоми изофанависӣ дар ҷараёни сохтмони “Душанбе –Плаза”  - баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон хабар дод. Рӯзи 12 май аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози Анҷуманҳои соҳибкорӣ дар як ҷаласаи бошитоб даъватшуда ин ниҳодро, ки раёсаташро як сол ба ин сӯ Зайд Саидов бар дӯш дошт, барҳам доданд.

Зайд Саидов, ки 56 сол дорад, соли 1999 тибқи саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуда, аз соли 2001 то оғози 2007 вазири саноат буд. Баъди тарки ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
    Баъдӣ 
Ном: Беном
16.07.2013 18:41
ачаб содадил будааст ин Зайд!
ба чи умед дошта бошад? ба подшохи одил? ба давлати демокративу хукукбунеду дуняви ва гайраву хоказо???
ба адолати судиву баробархукуки?
ба бетарафу мустакил будани суду милиса?
Дар посух

Ном: AB
16.07.2013 21:05
Hamin prezident internetro mehonda boshad???? 100 bovari doram in nomara az hamun turma dur namebarand janobi oli koru borash bsyorai . Baroi hamin oghoi Zaid Hudovand madadgori shumo
Дар посух

Ном: Беном
17.07.2013 08:07
Xudash dar hamon sharoite ki tasvir karded sohibi sumu chiz shuda bud. Az most ki bar most!
Дар посух

Ном: сино аз: кулоб
17.07.2013 11:08
Ба касе умед мекуни ки у худ ин корро фармон дода аст.Дигар ба гайр аз Аллох аз касе ери маҷу чунки мардуми мо чун дигар миллатҳо нестанд инҳо ҳама тарсу шудаанд.Дар телевизиион мебини ки як кудаки сиеҳпустро як сол пеш паронданд ва барои судя ҳукми нодуруст содир кардан тамоми мардум баромада норизоги нишон доданд маҷбур сохтанд ки аз сари нав он масъаларо бинанд дар мо чи шароити худам хубаст ба ҳамсоя корам нест ҳол он ки мо ҳама худро мусулмон мегуем ба як намоз хондану руза гирифтан худро мусулмон гуфтан хатост дар мусулмонҳо як сухан аст муъмин бародари муъмин аст пас мо бародар бошем чаро барои бародари худ бетараф бошем ҳол он ки бародар Зайд дар Кулоб дар вакти зарури ба мардуми Кулоб 12 хона сохта дода аст.Чунин аст сохти давлатдории мо ман шахсан акнун фаҳмидам ки 12 хона да Кулоб ердам карда аст агар призидент он вакт мегуфт ҳар нафаре ки чи иншооте месозад худаш онро дар охир ба мардум супорад он гоҳ халқ медонист ки чи кардааст вале афсус ин хел нест чи иншооте ки касе сохт онро ҳатман призидент мехоҳи намехоҳи омада мекушояд агар нохост пинҳони аз призидент кушоди ба сарат балоро мерезанд.Барои ҳамин дар чунин лаҳзаҳо мардум аз корҳои хуби чунин шахсони баномус бедарак мемонад чунки ҳамаи сохтумони иншоотро ба як кас нисбат медиҳанд.Аллоҳ мададгоратон бошад мо дуогуи шумо. Аллоҳ ҳарчи тезтар шуморо халоси аз банд гардонад.
Дар посух

Ном: Саддам аз: Душанбе
17.07.2013 15:05
Чихели содадил бдай бо и З.Саид? У содадил моем хамачида бовар мекнем...... Хамика пхтаай, ки и З.Саид! Шукронаи ин сарзамин кунед! Шукронаи ин давлату миллат кунед! Шукрона кунед, ки чунин давлати обод дорем!
Дар посух

Ном: 20 сол шукр кардам аз: акнун дам бгирм
17.07.2013 16:09
Ҳамин худат аз номи ҳамаи мо кардан гир иҷозат
Дар посух

Ном: Гариб аз: Гурбат
17.07.2013 21:54
Не не аз номи хама не, аз худат гап зан. Эх хамун гурбаи зохиду гурги шубон магар аз ёди мо меравад... Э Зайдалие, охир ин наезду рейдерие ба бизнесу сумхои ту беш нест, ин чо на сиёсат кор дораду, на дигар серзанаги. максад яктост, хамун чор тангаи чамъ кардагиятро медихи чонат халос мешавад...
Дар посух

Ном: равил аз: россия
23.07.2013 22:08
хозир мурчат нагазидай. агар бгазат баъд хар чо мурочиъат мекуни.

Ном: manu аз: shumo
16.07.2013 19:13
Man az hamin davlatdorо mekhoham ki ba hamin mardak yak dukhtur barandu salomatiashro binan har kasam dar in pasti zadak aku hainkhell mekunasha ki az hama memonad
in sarvari davlati mo tarsidak chi khiyol kardak Zayd Saidov maqomi prezdentira megira bafikram az hamin sabab in kasro ba zindon kashidan nee natarsed in joi shumora hej kas namegirad

Ном: Зафар дар Сафар аз: Руссия
16.07.2013 19:23
Наход хамин одам ба хамин дарача сода бошад уро гуфтанд ,ки шуморо хонаатонро кофтукоб карда истодаанд ва хабсат мекунанд ин бошад боз омадааст ба Душанбе, худое тавба
Дар посух

Ном: Tolib аз: Avast
18.07.2013 21:43
қурбони шахсони манфиатҷӯ, дурӯя ва хушомадгӯ гаштаам............... xamin guftaxo ba shumo barin taaluk dorad Muxtaram Зафар!! Xamin shumo nabuded, ki dar ruzxoi avval Uro `luxtak`, `bozicha`, `yak bozii Xukumat` va digaru digar nomida budend!! Anna az baroi Shumo barin in kas ba in ahvol rasid!!!

Ном: Аз аз: Ман
16.07.2013 20:41
Ришва ХА гуё, ки Зайд Саидов соли аввал аст, ки дар кишвар ободи кардаасту макомоти дахлдор нав дар ин бора хабардор шудаанд. Чунин айбдори ба чуз писханд нисбати макомоти дахлдор фикри дигарро дар сари кас намеорад.

Ном: диловар
16.07.2013 20:45
э акаи зайд хуб сода будаи ,хол ту намедони ки боздошти шумо бо фармони кист !бо аз у мехохед ки дар казияи шумо дахолат куна, мо дуо гуем иншоАллох озод мешавед точикистони мо бо шумо барин марди одил ояндадораст,
Дар посух

Ном: Беном
16.07.2013 23:52
"Az duoi holi( k..mush) na barf boridastu na boron " ! Behtarash honed, ilm omuzedu davlatro az varta najot dihe !

Ном: tojik аз: kulob
16.07.2013 21:06
husni xatro bined..in chi xel vazir kor kardaast?nonro xurda ba namakdon tuf kardan xiyonati buzurg ast.
Дар посух

Ном: Pahlavon аз: Kulobjon
16.07.2013 22:36
gap da husni xat nest..u ba tura yagon rasom nabud, u Aql dora, husni xat yagon vazifai asosiro namebozad
Дар посух

Ном: мими аз: москва
16.07.2013 23:56
нонро аз дастархони шумо хурд ми?
Дар посух

Ном: Точик аз: Точикистон
16.07.2013 23:59
Точик.ман одамонеро медонам ки номашонро бо хатоги менависанд неки корманди ГАИ МВД шуда карибки гинерол мешаванд.ин одам дар лавраи СССР иниститут тамом кардаги сармояи бизнесашро берун аз ЧТ кор кардаст.миллиоерони дохилии ЧТ пешвахт тракторчию чупон буданд.
Дар посух

Ном: Саид аз: Рашт
17.07.2013 00:32
Салом ба хама мардуми Точикистон бад аз салом ба хамин точик аз кулоб гуфтаниям ки гапа кам кун ту худат агар точик боши чиба забони лотини менависи дар он холате вай карор дорад ту худат фикр кун
Дар посух

Ном: Беном
17.07.2013 03:35
ba husni khati vaj chi kor dori, u binohi balandi sokhtagisha bin,
Дар посух

Ном: Беном
17.07.2013 08:10
Na schet husni xat rost gufted, navishtagiash rangi talabahoi sinfi 3-4. Tavbaeeee tavba.
Дар посух

Ном: Точик аз: Точики
17.07.2013 08:31
Точики Кулоби агар дар чои хамин шахс боши хусни хататро не балки хусни худатро гум мекуни. Хуб содда будаи. Боз ин мард чуръат карда ин кадар навиштааст.
Дар посух

Ном: Бандаи Худо аз: Душанбе
17.07.2013 09:26
Бародар дар шароите ки Зайд нигох дошта мешавад ту агар як руз он чо бимони номи худатро навишта наметавони ... СИЗО-ро ту номашро шояд шунидаи халос.. хазорон касоне хастанд ки хусни хати зебо доранд аммо заррае дар чомеа хизмат накардаан ва умуман парвои ин миллат надорнд...
Дар посух

Ном: Shams аз: TJ
17.07.2013 09:59
Tu jura yo donoi badi yo tamoman nodoni,nakhod husni khat ba vazir shudan yagon badi doshta boshad.?tamomi dukhturonro bubin husni khat nadorand ammo donishu malakavu tajriba dar korashon olist!!!Husni khati khub doshta boshi kotiba meshavi na vazir!!!tajribai Z.Said bolotar az hama ast!!!tu khato kardi,hukumatdoron namaki Z.Saidro khurda aknun tuf karda istodaand!!!!
Дар посух

Ном: Мард аз: Помир
17.07.2013 11:10
Хабсхона хонаи моматай ки бахузур истода мактуб менависи ки хусни хатат хушру биёяд. нонро аз хисоби худаш хурдааст ин мардак на аз хисоби тую дигар касон
Дар посух

Ном: Точик аз: Душанбе
17.07.2013 11:19
Эй бародар tojik, ту агар дигар вазирои болора хусни хатша бини, дилут хунук меша. Зайд Саид Хаминкадаре аз у метарсан ки , хатто пойафзолашро чен карда истодаанд. Халк бо туст Огои Зайд!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Дар посух

Ном: РАШТ аз: РАШТ
17.07.2013 11:24
Аз кадом чихат хам бинем донишу фахмиши Зайд Саид 1000 маротиба болову бехтар аст.
Дар посух

Ном: КУЛОБИ аз: КУЛОБ
17.07.2013 11:36
Ба точик аз кулоб кичон т ай кулоб нести номи кулобиёра паст накн.Бад т ай кучо медони ки да намакдон туф кадай.Хафт пушти ТОЧИКИСТОН 20-этажара надидабд якумин шида сохта додан данамакдон туфкнияй ё ки агар т кулоби боши 12-хона сохтай барои селзадагиёра хиёнаткорияй да намакдон туф кни тарчумаи холша бхон бад гап бзан.Бад бечора гуфтай ки саломатим хуб нест мумкин ягон кас ай номш нависонда боша даравда айб мегирен.ОЗОДИ ИЛТИМОС ЧОП КУНЕД.
Дар посух

Ном: banda аз: amriko
17.07.2013 11:44
gap dar husni xat mebud duxturoyam besavodan? albat shishtay sari yagom vazoratda gap navisti barodaram!
Дар посух

Ном: Беном
18.07.2013 09:32
у як даст надорад. мумкин дасти росташ бошад. бо дасти чап хусни хат чунин меояд. аз б ва г бояд диктаант гирифт. бовари дорам дар як калима дутоги галат хоханд кард. хайфи ватан...
Дар посух

Ном: Саид аз: Душанбе
18.07.2013 10:18
Ту ва ту баринхо агар дар он шароиту холате, ки Зайд карор дорад афти, гапатам гум мекуни.

Ном: Тарафдор аз: Зарафшон
16.07.2013 21:15
Муҳтарам Президент,
Шумо хидматкори мардум ҳастед, яъне мардум шуморо интихоб кардааст, ки барои онҳо хидмат кунед. Шикояти онҳоро гӯш кунед ва ҳуқуқи шаҳрвандонро кафолат диҳед. Вале шумо ба шикояти ин шаҳрванд З.Саидов ақалан гӯш намекунед ё ин ки гирди шумо аз тарс ин номаи арзу додро ба шумо намерасонанд. Илтимос ин номаро хонед ва ин марди бегуноҳро озод кунед. Ҳар инсоне дар ин дунё умед дорад, ману шумо ҳам!
Бо иродат як шаҳрванд аз миёни мардум

Ном: точик :аз Помир
16.07.2013 21:37
Ба фикрам курнамак онхое аст, ки Зайди хушбоварро хурданду дар намакдонаш ТУФ карданд! Кош Зайд дар намакдон ва руи ОНХО туф мекард!!!

Ном: Саидбек аз: Душанбе
16.07.2013 23:17
Бисмиллохир Рахмонир Рахим
Эмомалии Абдурахмон Подшрохи Точикон Бисё хамаро насихат мекуни лекин ман шуморо насихат мекунам ,

Оинаи Сикандар Чоми Чам асту Бингар,
То бар ту арза дорад Ахволи Мулки Доро.
Дар посух

Ном: Саддам аз: Душанбе
17.07.2013 14:47
Саидбеки чу! З. Саидов хдш ки бд? Ука одами ватана фикр мекадаги боша токат кна!!!! Бо у хдш кияй ки ай махбас чавоб бтиянша брава озод дар берн табобат кна. Бад боз як чизи дигар дар Ислом корои неки кадагира минат кадан даркор нест!
И бо чи гапай?: Ма пул овардм 15 миллион доллар ай Россия банки Точикистонда мондм. Ма Кулобиёда хона сохтм. Ма ай нмекучо хестм омадм бовар када Шумо бошен мара да махкама кашиден. Ма жилудкам дард дора......
Анаку биё савол?: Ту ай кучо ика пула ёфти ё ягон кас доду барои хами руз тайёр кад? Ту барои чи ика руз хизмт кади? Ё барои хами руз тема книву халка чанг бдози гуфта?
Шахсан маям хурсандм, ки мо точико хамихел одам ба мисли З.Саидов дорем, неки дар омад-омади чорбинии дар пеш истода тема накы, токат к, ягон балот назадай, кайф када гаштай дар хаму дарун..... Ира хама медона..... Чихел, ки озод ай дарун ба сайти озоди менависи, хамухел озод да хамуча мегарди......
Илтимос кахрамонои точикора чака нашен!!!!!!
Дар посух

Ном: Дод аз: бедод
17.07.2013 17:20
Ба Саддам: Ин чӣ хелӣ забон бошад, ки ту менависӣ, ман ростӣ чизе нафаҳмидам, ин ба забони меъёрии тоҷикӣ ҳеҷ наздикӣ надорад. Илтимос бо забони одамӣ бинавис.
Вой бар ҳоли мову вой бар ҳоли забони модарӣ!
Шири модар заҳр бодо бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Дар посух

Ном: Саид аз: Душанбе
18.07.2013 10:22
Ана забони афгонии паштуниро бубинед, ачиб забон аст-ее.
Аник ки ин забони точики нест.
Дар посух

Ном: Беном
18.07.2013 21:03
ин забони карлуки аст...Холо ин забон дар доирахои баландтарини хукумати Точикистон МУД шудааст...
Дар посух

Ном: Muhammad аз: Dushanbe
20.07.2013 16:53
Эй инсон Вай пулро аз хорич ба Точикистон овард, на мисли дигарон халки точикро горат кард. Баъд ин ки, чаноби оли як халта орд ба ятимон дихад, се руз дар телевизиону радио гап мезананд. Ин мардак ин кадар кор кардааст, сад дар сад хак дорад гап занад. Шахсан ман дар масъалаи бисерзании Зайд Саидов ягон хатогиро намебинам. У танхо конуни пучу бемаъние, ки барои мардуми камбагал пешбини шудааст, вайрон кардааст. Дигар ин ки аксарияти мансабдорон маъшукахои бешумор доранд. Ин мардак шароит дорад, никох карда гирифтаст, ягон чои бади надорад. Ё ту мехохи, ки духтархои хушруи точикро афгону, чиниву, аврупоихо ба зани гиранд???

Ном: ТОЧ, аз: Душанбе
16.07.2013 23:20
Куфрй чу мане газофу осон набувад,
Махкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар дахр чу ман якеву он хам кофир,
Пас дар хама дахр як мусулмон набувад.
Абӯалӣ Сино


Дило, то кай ҳаме ҷӯйӣ маниро
Чӣ дорӣ дӯст ҳар зи душманеро?!
Чаро ҷӯйи вафо аз бевафое,
Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?!
Абуабдуллохи Рудаки

Бишканад дасте, ки калби зердастон бишканад,
Косаи лабрези сабри мустамандон бишканад.
Зинда бода он ки касри зулмро вайрон кунад,
Мурда бодо он, ки качкули гадоён бишканад.
Нозам он марде, ки андар сояи тадбиру рой
Лашкари зулму ситам бо адли эхсон бишиканад.
Нозам он марде, ки харфи хак бигуяд бе харос,
Гурги борондидаро бе мушт дандон бишканад.
Нозам он гулгунчаи исмат, ки бо мардони пок
Сатри худро дар дифоъи хоки точик бишканад.


Хар киро додам ба иззат чой бар болои чашм,
Оқибат монанди абру теғ бар руям кашид.

Акаи Зайдуллох, дар ин мохи шарифи РАМАЗОН чй муроду максаду ниятхои хубе доред, АЛЛОХИ ПОК мустачо гардонад, ОМИН ВА РОББИЛЬ ОЛАМИН !
Дар посух

Ном: Саддам аз: Душанбе
17.07.2013 14:56
И шеърора ба хдта нависти?))))))))))))))))
Дар посух

Ном: ТОЧ, аз: ДУШАНБЕ
17.07.2013 15:15
Не додар, ин шеърора ба САДДАМаву ба ту барин одамора навистам, шояд ,ки дар тарбияи ту ягон зарра таъсири мусби дих,ад ! саломат бош!
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
    Баъдӣ 

Писандидатаринҳо

Бойгонии назарсанҷӣ

Ба мо аксу видео фиристед

Хонандаи азиз! Ба мо аксҳои зебо ва видеоҳои ҷолиб фиристед ва онҳоро ҳазорон нафар хоҳанд дид. Фиристодан хеле осон аст. Ба ин сафҳа равед ва 2 дақиқа вақт сарф кунед.