Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мураббиёни тоҷик футболи Афғонистонро тағйир додаанд


Комёбии мураббиҳои тоҷик дар бошгоҳҳои футболи Афғонистон эътибори футболи ин сӯи Омӯро дар он сӯи Омӯ боло бурдааст. Ҳафт тими футболро дар Афғонистон мураббиҳо аз Тоҷикистон тамрин доданд.

Мақомоти Федеросиюни футболи Афғонистон мегӯянд, нахустин таҷрибаи мураббиёни Тоҷикистон бо тимҳои футболи кишвари ҳамсоя натиҷаи хуб дода ва бозии футболбозони афғонро фавқуллода хуб кардааст. Дар мусобиқоти имсолаи Лигаи бартар ва ё Лигаи олии Афғонистон, ки имсол дар он ҳашт тим аз саросари кишвар ширкат доштанд, ҳафт дастаро мураббиёни тоҷик бо дастёрони афғони худ тамрин медоданд.

Аз ҷумла қаҳрамони имсолаи Лигаи олии Афғонистон, тими “Шоҳини Осмоӣ”-ро, ки раҳбарии онро Боирҷон Эгамбердиев, мутахассиси варзида ва муовини мудири фаннии Федеросиюни футболи Тоҷикистон бар ӯҳда дошт. Дастаи “Шоҳини Осмоӣ” рӯзи 3-уми октябр дар бозии ниҳоӣ “Уқобони Ҳиндукуш”, тими манотиқи марказии Афғонистонро бо ҳисоби 3 бар 2 шикаст дод ва қаҳрамони ин кишвар шуд. “Уқобони Ҳиндукуш”, низ зери раҳбарии Аҳлиддин Турдиев, сармураббии собиқи дастаи “Далерон”-и Истравшан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти лигаи олии Афғонистон расидааст.

Муҳаммадюсуф Коргар
Муҳаммадюсуф Коргар

Муҳаммадюсуф Коргар, муовини раиси Федеросиюнии Футболи Афғонистон рӯзи 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мураббиёни тоҷик дар муддати кӯтоҳи корашон бо тимҳои Афғонистон дар пешрафти футбол дар кишвараш саҳми назаррас гузоштаанд: “Сатҳи кайфияти даври саввуми футболи мо комилан тағйир дошт, назар ба солҳои гузашта. Мавҷудияти муррабиёне, ки аз кишвари Тоҷикистон омада буд, дар баланд рафтани огоҳии ҳам мураббиёни мо ва ҳам сатҳи огоҳии аъзои тим аз лиҳози техникӣ ва аз лиҳози тактикӣ бисёр муассир буд, ки мо коркардҳои мураббиёни тоҷикро воқеан дар тули ду моҳе, ки дар Афғонистон буданд, бисёр муассир медонем.”

Мураббиёни тоҷик баъди имзои қарордод бо Федеросиюнии футболи Афғонистон дар тобистони имсол, моҳи август ба кишвари ҳамсоя рафта ва онҷо ду моҳ ба футболбозони афғон тамрин доданд. Ҳамроҳ бо Боирҷон Эгамбердиев ва Аҳлиддин Тӯрдиев, Тоҳирҷон Мӯъминов, сармураббии собиқи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии собиқи “Равшан”-и Кӯлоб, Валиҷон Эгамбердиев, мураббии варзидаи тоҷик, Наҷмиддин Толибов, сармуррабии собиқи “Регар ТадАЗ”-и Турсунзода ва Ҳасан Раҷабов, менеҷери собиқи мунтахаби миллии Тоҷикистон дигар дастаҳои Лигаи бартари Афғонистонро раҳбарӣ мекарданд.

Танҳо як дастаро Усмон Тошев, мутахассиси узбакистонӣ тамрин медод, ки он ҳам дар мусобиқот мақоми чаҳорумро касб кард. Ба далелҳои амниятӣ тамоми бозиҳои мусобиқот дар шаҳри Кобул баргузор шуд. Муҳаммадюсуф Коргар гуфт, ҳамзабонӣ ба мураббиёни тоҷику футболбозони афғон кӯмак кард, то дар муддати кӯтоҳ ҳамдигарро хуб бифаҳманд, ҳарчанд дар марҳилаи аввал баъзе аз мушкилот вуҷуд дошт: “Дар аввал мушкилоти мураббиёни тоҷик баъзе аз калимоту луғоти форсӣ, дарӣ буд, ки дар талаффуз фарқ мекард ва аксаран мураббиёни тоҷик аз калимоти луғоти русӣ истифода мекарданд, аммо рӯз ба рӯз он мушкилоташон рафъ шуд. Истилоҳоти варзишии футбол ҳамон истилоҳоти футбол ҳаст, ки ҳар яке забони ҳамдигарро мефаҳмад. Дар авоил ин мушкилотро доштанд, аммо дар бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ мураббиён оҳиста оҳиста инҳо одат карданд.”

Ҳабиб Юсуфзай, дарвозабон ва капитани тими “Шоҳини Асмоӣ”, ки ду моҳ зери раҳбарии Зоирҷон Эгамбердиев, бозӣ кардааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо омадани мураббиёни тоҷик ба Афғонистон дар Лигаи бартари Афғонистон як тағйири куллие ба амал омадааст: “Албатта барои мо омадани тоҷикҳо бисёр муфид буд, баъзе аз корҳое, ки мо намефаҳмидем, ба мо ёд доданд, дар маҷмӯъ дар лиги бартари Афғонистон як тағйироти куллӣ омад. Омади тренерои тоҷики мо инами буд, ки тимҳоро хуб раҳбарӣ карданд ва тими Уқобони Ҳиндукуш, ки ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт бозии хуберо нишон дод. Тренери Шоҳини Осмоӣ намегузошт, ки мо тӯбро аз замин боло кунем ва кулли бозиҳои мо заминӣ буд, чӣ бурд ва чӣ бохт мо бозии заминиро пеш мебурдем ва ин барои мо натиҷа дод ва мо таҷрибаи хуберо омӯхтем. “

Ғайраталӣ Мираҳмадов
Ғайраталӣ Мираҳмадов

Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии собиқи дастаи “Равшан”-и Кулоб, ки қаҳрамони собиқи Лигаи бартари Афғонистон “Тӯфони Ҳарируд”, тими вилоятҳои ғарбии кишварро тамрин додааст, мегӯяд, кор дар кишвари хориҷӣ ва ҳамсоя барояш сарбаландӣ буд, вале муддати кӯтоҳ ба онҳо имкон надод, таҷрибаи худро ба футболбозони афғон биёмӯзанд. Ӯ дар бораи мушкили аслии футболбозони афғон гуфт: “Зуд монда мешаванд, тамринҳое, ки мо медиҳем, ду се бор такрор кунанд ва ба пеш бираванд, аллакай қуввашон намерасад, барои онки тез монда мешаванд. Аммо агар таҳкурсӣ мустаҳкам бошад, футболбоз пештар меравад ва кораш барор мегирад.”

Бо назардошти се даҳсола ҷанг дар Афғонистон ва таъсири он ба вазъи равонии мардуми кишвар аз Ғайраталӣ Мираҳмадов пурсидам, ки оё ҳолатҳое буд, ки футболбозони афғон аз тамрини зиёд асабонӣ шуда ва бо онҳо дағалӣ ва ё дуруштӣ кардаанд. Ӯ гуфт: “Ингуна ҳодисаҳо буд, аммо бисёр кам буд. Азбаски Афғонистон ба мо наздик аст, мо ҳам ҷангро дидаем, мо зуд ҳамдигарфаҳмӣ кардем ва ҳамдигарро дӯст доштем. Ингуна ҳодисаҳо буданд, вале бисёр кам буданд ва иншоолоҳ дар оянда дуруст мешавад.“

Мураббии тоҷик, вазъи майдонҳои футбол ва сабту намоиши ба қавли пешрафта ва “ҳайратовари” бозиҳои футболи Афғонистонро таъриф кард, ки дар Тоҷикистон нест. Ӯ афзуд, ҳангоми ҳузураш дар Кобул шоҳиди бомбгузориву ҳамлаҳо низ шудааст, вале бо вуҷуди ин агар дар оянда низ ӯро ба Афғонистон даъват кунанд, барои мусоидат ба рушди футбол дар кишвари ҳамсоя ба онҷо меравад.

Муҳаммадюсуф Коргар, муовини раиси Федеросиюнии футболи Афғонистон низ умедвор аст, ки ҳамкорӣ бо мураббиёни тоҷикро идома медиҳанд ва ҳоло онҳо мехоҳанд, соли оянда қарордод бо ҳамин мураббиён ва мутахассисони сатҳи болотарро барои муддати тулонитаре имзо кунанд, то дастаҳо ва мураббиён тавонанд, ҳамдигарро хубтар бифаҳманд ва бозии хубтар ёд бигиранд. Ба қавли ӯ, баъд аз таҷрибаи аввали ҳузури мураббиёни тоҷик дар Афғонистон, назари мутахассисони Тоҷикистон ба вазъу футболи кишвари ҳамсоя дигар шудааст ва дигар мураббиён ҳам дар сӯҳбатҳо гуфтаанд, ки омодаанд, соли оянда барои тамрини дастаҳои Афғонистон ба ин кишвар бираванд. Ҳарчанд дар гузашта, мутахассисони тоҷикро ба Афғонистон барои кӯмак дар тамрини гуштигирону волейболбозон даъват кардаанд, аммо бори аввал аст, ки мураббиёни тоҷик ба онҷо даъват шудаанд.

XS
SM
MD
LG