Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои охирини мавсими оббозӣ дар кӯли Ҷавонон


Кӯли Ҷавонон ҳар тобистон ба як макони асосии истироҳат ва оббозии наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе табдил меёбад.

о анҷоми тобистон ва таътили мактаббачагон рӯзҳои башумор боқӣ мондааст, вале ҳанӯз ҳам садҳо кӯдакону наврасон ҳар рӯз дар кӯли Ҷавонони шаҳри Душанбе, ки мардум онро то ҳол бештар бо номи “Комсомолское озеро” мешиносанд, саргарми оббозианд.

Рустам, як наврасе ки ҳар рӯз дар ин кӯл оббозӣ мекунад, мегӯяд, оби кӯл ифлос аст, аммо ӯ барои оббозӣ ба ҳавзҳои дигари шаҳр намеравад, зеро онҳо, ба гуфтаи Рустам, ҳама пулакианд. Рустам мегӯяд, “агар оби ин кӯл ифлос ҳам бошад, бепул аст ва мо омада, дар инҷо ҳар рӯз то панҷ соат вақти худро бо оббозӣ мегузаронем.”

Рустам
Рустам

Насим ном навраси дигар мегӯяд, бори аввал аст, ки дар ин кӯл оббозӣ мекунад. Ӯ дар бораи тоза ва ё ифлос будани ин об ҳеҷ маълумоте надорад. “Чун наврасонро машғули шиноварӣ дидам, маро ҳам завқ доду омадам ва бо онҳо пайвастам,” - гуфт ӯ.

Дар ҳар канори кӯл дар овезаҳо навишта шудааст, ки “оббозӣ кардан дар кӯл манъ аст.” Аммо ягон нафар ба ин овезаҳо ва навиштаҷот аҳамияте намедиҳад.

Мудири боғи фарҳангӣ-фароғатии “Кӯли ҷавонон” Темур Гурезов мегӯяд, “оббозӣ кардан дар кӯл пурра манъ карда нашудааст. Ин навиштаҷот ба он хотир аст, ки ҷавонон дар ҷойҳои гашту гузори мардум оббозӣ накунанд. Об аз ҷиҳати санитарӣ тоза аст ва ҳар ҳафта санҷида мешавад. Гурӯҳи махсус наҷотдиҳандагон низ дорем, ки ҳар дақиқа дар кӯл чарх мезананд.”

Оқои Гурезов афзуд, ки кӯли Ҷавонон дигар дар ихтиёри онҳо нест, балки ҳоло ба баланси чойхонаи “Тахти Наврӯз”, ки низ дар канори ин кӯл сохта мешавад, гузаронида шудааст.

Дар ин видео шумо метавонед сӯҳбат бо наврасону мудири боғ ва оббозии мардум дар “Кӯли ҷавонон”-и Душанберо бинед.

Оббозӣ дар кӯли Ҷавонон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00

XS
SM
MD
LG