Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон.Фақру нодорӣ дар паси қасрҳои тиллоӣ


Адолат
Адолат

Бахши туркмании Радиои Озодӣ қиссаи Адолат ном як зани туркман аз маҳаллаи Истиқлолиятро ба риштаи тасвир кашидааст. Адолат бо кӯдаки чормоҳҳаш дар кӯча мондааст ва ягон идораи давлатӣ ба доди ӯ намерасад.

Адолат ва Истиқлолият - ду калимаи ҳаммаънои Озодиву Ободӣ ва Хушбахтӣ барои як зани ҷавони туркман камрангу бемаънӣ шудаанд. Як зане ки Адолат ном дорад ва дар маҳаллае бо номи Истиқлолият, бо як кӯдаки ширмак дар кӯча зиндагӣ мекунад.

Аз кишвари бастаи Туркманистон, ки чаҳорумин давлати содиркунандаи гази табиӣ дар ҷаҳон аст, хабарҳо ба сахтӣ берун мешаванд. Махсусан хабарҳое, ки барои обрӯи як кишваре, ки дар рӯи конҳои газ нишастааст ва солона то 40 миллиард метри мукааб газ содир мекунад, хушоянд нестанд. Туркманистон 5,5 миллион аҳолӣ дорад ва даромади солона бар ҳар сари аҳолиаш 3 ҳазор доллар ҳисоб шудааст.

Ин рақамҳо ҳоло ба дарди Адолат Ҳамдамоваи бекору бехона намехӯранд. Шавҳари Адолат низ ҷое кор намекунад. Чанде боз ӯ бо кӯдаки чаҳормоҳааш шабро дар кӯча рӯз мекунад. Вақте аз ӯ пурсидем, ки то расидан ба ин ҳол дар куҷо зиндагӣ мекард?, Адолат ба дари бастае ишора кард ва гуфт, дар ин хона модаршӯяш зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳам яквақтҳо дар ҳамин хона мезист. “Модаршӯям дарро ба рӯям қуфл зад,”- гуфт Адолат.

Ин видео танҳо ба англисӣ тарҷума шудааст:

Адолати берӯзӣ аз маҳаллаи Истиқлолият
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Албатта, ҷанҷолҳои хонаводагӣ дар ҳар оила вуҷуд дорад, аммо саволи аслӣ ин аст, ки чаро Адолат ба ҷои рафтан ба идораҳои иҷтимоӣ зиндагӣ дар кӯчаро ихтиёр кард?

Ӯ наметавонад ба кӯмаки хонаводаи худаш низ умедвор бошад. Модараш мегӯяд, ки барои сарпаноҳ додан ба духтару наберааш шароит надорад, зеро худаш дар як манзили якутоқӣ зиндагӣ мекунад. Модару духтар камаш 15 дафъа ба идораи шаҳрдорӣ ва маъмурияти ноҳия муроҷиат кардаанд. Аммо вақте онҳо хостанд қиссаи ғамангези Адолатро ба мақомот шарҳ диҳанд, модару духтарро аз идора берун карда ва гуфтаанд, “равед, ҳар ҳамон ҷойе зиндагӣ кунед, ки то ҳол зиндагӣ мекардед.”

Мақомот дархости додани қитъаи замин ба ин хонаводаро низ қабул накарданд. Бахши туркмании Радиои Озодӣ, вақте бори аввал дар бораи Адолат гузориш дод, маъмурияти ноҳия гуфтанд, ки ин зан дурӯғ мегӯяд. Аммо вақте қиссаи ӯ бо видео пахш шуд, мақомот гуфтанд, ки агар Озодӣ пайгирии ин қиссаро қатъ кунад, мушкили Адолат ва бачааш ҳал хоҳад шуд.

Аммо то ҳол ҳеҷ аломате вуҷуд надорад, ки мақомот ба Адолат кӯмак мекарда бошанд. Ҳамчунин маълум нест,ки бо фарорасии сардиҳо сарнавишти Адолат ва кӯдаки чаҳормоҳааш чӣ хоҳад шуд.

Даромади Туркманистон аз фурӯши газ солона 15 миллиард долларро ташкил дода, ин кишвар ҳамчунин шохаи аввали лӯлаи газ ба Чинро низ фаъол мекунад. Аммо аз ин фоидаҳои бузург танҳо як бахши андакаш барои боло бурдани сатҳи зиндагии мардум истифода мешавад.

Адолат мегӯяд, ҳоло бо ду-се тангае зиндагӣ мекунад, ки давлат барои кӯдакони ширхор медиҳад.

Мақомоти Туркманистон низ ба монанди ҳамсояҳои худ дар минтақа маблағҳои ҳангуфтро барои баргузории нишасту сабқатҳои байналмилалӣ сарф мекунанд. Дар ҳоле ки бо чунин маблағҳо метавон садҳо бехонаро таъмини манзил карду садҳо фақири дигарро аз чоҳи фақр берун кашид.

XS
SM
MD
LG