Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарчаҳои тоҷику руси ивазшуда ва деворҳои ду фарҳанг


Неъматулло Искандаров
Неъматулло Искандаров

Неъматулло Искандаров, ки 16 сол пеш дар таваллудхудона тифли ӯро бо як кӯдаки рус иваз карданд, мегӯяд, Аняро дар рӯҳияи тоҷикиву мусулмонӣ тарбия медиҳад.

Қиссаи табдили навзодҳои русу тоҷик дар таваллудхонаи шаҳри Копейски Челябинск дар рӯзи таваллудашон - 17 декабри соли 1998 - ва фош шудани ин ҳодиса баъди 12 сол – яке аз пурбаҳстарин барномаҳои телевизиони марказии Русия шуда буд. Дар натиҷаи ин “ивазшавӣ” Аня Искандароваи зардина, ки дар асл духтари Юлия Беляева будааст, то ҳол дар хонаводаи Неъматулло Искандаров тарбия мегирад ва Ирина Андрушаки сабзина, ки фарзанди хунии Неъматулло Искандаров аст, ба оилаи Юлия Беляева афтодааст.

Ҳоло, яъне баъди 3 соли фош шудани ин моҷаро, муносибатҳои хонаводаҳои Неъматулло Искандаров ва Юлия Беляева хеле маданиву дипломатӣ, вале аз назари эҳсосотӣ пурчолишу ноҳамвор боқӣ мемонад. Зимнан, бо қарори додгоҳ, таваллудхонаи шаҳри Копейск ба ин ду хонавода 3-миллионрублӣ ҷуброн пардохт кард. Неъматулло Искандаров аз ин пул дар Копейск барои оилааш як хонаи дуошёна бунёд кардааст.

Иринаву Аня, ки ҳарду дар хонаҳои тарбиятгирифтаашон ба сар мебаранд, дар ин муддат бо ҳамдигар хеле наздик шудаанд, волидони ҳамдигарро “падар ва модар” меноманд. Аня Искандароваи ҳоло 15-сола зиёд ба дидани модари русаш меравад, вале бо ин вуҷуд, муносибатҳои ду тараф ҳанӯз соддаву яксон ва чандон самимӣ нестанд.

Неъматулло Искандаров, падари шаш фарзанд, ки аз соли 1996 баъди тарки Қӯрғонтеппа дар шаҳри Копейски вилояти Челябински Русия зиндагӣ мекунад, дар як ширкати хусусии мошинҳои боркаш кор мекунад.

Вай мегӯяд, танҳо масъалае, ки дар миёни онҳо вуҷуд дорад, ин тафовутҳои фарҳангиву миллӣ аст: Аня дар хонаводаи суннатии тоҷикони мусалмон тарбият гирифтаасту Ирина - дар як хонаводаи русии тарзи зиндагиаш аврупоӣ. Неъматулло Искандаров аз арзишҳои милливу мазҳабиаш шадидан ҳимоят карда намехоҳад, ки духтараш аз урфу одатҳои тоҷикӣ дур шавад. Юлия Беляева тарафдори тарбияи озоди духтарҳо аст: “Онҳо бояд бо дӯстонашон рафтуомад кунад, кино раванд, чизеро бубинанд.” Ва ҳамин тафовутҳо, ба гуфтаи ӯ, боиси он шудааст, ки Аня “дар як ҳолати раҳгумзадагӣ” ба сар мебарад.

“Аняи бечора намедонад, чӣ хел рафтор кунад. Аввал як сол бо мо буд, баъд рафту боз барои як моҳ омад. Ман мебинам, ки барояш дарки ҳамаи ин вазъият хеле сахт аст,” - мегӯяд модари хунии ӯ Юлия. Ва меафзояд: “Ҳар рӯз дар дилам мегирям, гоҳо фикр мекунам, ки беҳтар буд аслан бехабар мемондам ва ин ҳақиқатро намедонистам, чунки ҳамаи мо орому осуда зиндагии худро идома медодем.”

Айни замон, ба гуфтаи Беляева, баъди ин ҳодиса муносибати ӯ ба муҳоҷирон ва бахусус тоҷикон дигар шуд: “Ҳоло талош мекунам, ки дар бораи ин миллат бештар бидонаму бифаҳмам, дар ҳоле, ки дар гузашта аслан донистан зарур набуд. Ба чеҳраи Аня менигарам, мебинам, ки фарзанди худам аст, ба ман монанд аст, аммо боз ҳам гӯё бегона аст.”

Неъматулло ҳам мисли Юлия эҳсос мекунад, ки меҳраш нисбати духтари бузургкардааш бештар аст, вале эҳсоси падарӣ ба тифли хуниро ҳам аз даст додан намехоҳад. “Дари хонаи ман барои ҳардуяш ҳам боз аст, марҳамат, хоҳанд, дар хонаи мо зиндагӣ кунанд. Агар Аня хоҳад, назди модари русаш биравад. Ман мухолифат намекунам. Танҳо ҳамин ки бояд урфу одатҳои худро аз даст надиҳад. Зиндагӣ бояд дар як ҷо бошад, дар ҳар ҷо не. Вале Ира пеши мо камтар меояд,” - гуфт ӯ.

Зимнан, номи Аня ба хотири бибии руси Неъматулло Искандаров гузошта шудааст, ки то 15-16-солагиаш ӯро дар Қӯрғонтеппа бузург кардааст. “Бибиам рус буд ва ман ба бибиам ваъда дода будам, ки аз миллати ӯ зан мегирам ва барои ҳамин ҳамсари аввали ман рус буду номи духтарамро ба ифтихори бибиам Аня гузоштам,” - гуфт Неъматулло Искандаров.

Аз ӯ пурсидем, ки шояд бо назардошти воқеиятҳои маҳалли зисташ аз ҳад беш сахтгиру серталаб аст? Гуфт: “Дар Русия ҳар миллату мазҳаб ё қабила, агар дар доираи қонун бошад, тарзи ҳаёти худро озодона пеш мебарад. Ин ҷо касе ҳақ надорад бигӯяд, ки шумо мусулмонед ва ҷомеа – масеҳӣ. Касе ҳақ надорад ба ман бигӯяд, ки фарзандамро дар рӯҳияи мусалмонӣ тарбия накунам. Дини ман ва рафтори ман ҳамин аст. То ҳол касе ба ман ин хел нагуфтааст. Ҳар кас дар куҷое калон шудааст, ҳамон урфу одатҳоро дар зиндагиаш риоя мекунад.”
XS
SM
MD
LG