Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убайдуллоев - ғолиби Ҷоми Пойтахт оид ба теннис


Ҷамолиддин Убайдуллоев
Ҷамолиддин Убайдуллоев

​Ҷамолиддин Убайдуллоев барандаи Ҷоми Пойтахт байни дӯстдорони теннис гардид.

Мусобиқаи боз миёни дӯстдорони теннис барои Ҷоми пойтахти Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 рӯзҳои 25-26 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе доир шуд.

Аббосиддин Саймуддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар ин мусобиқа, ки барои бори панҷум барпо гардид, 27 нафар дӯстдорони теннис – намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон,

Аббосиддин Саймуддинов
Аббосиддин Саймуддинов

вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин соҳибкорон иштирок карданд. Онҳо шаҳрвандони се кишвар – Тоҷикистон, Чин ва Полша буданд. Мусобиқа аз рӯи як намуд – инфиродӣ байни мардон сурат гирифт."

Ҷамолиддин Убайдуллоев, сардори раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки фарзанди бузурги Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе мебошад, дар қувваозмоии ниҳоӣ бар ғолиби порсолаи ин мусобиқа Қосим Раҷабмадов, корманди масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, пирӯз шуд ва бо мукофоти аслӣ - Ҷоми Пойтахт, медали тилло ва тӯҳфаҳо сарфароз гашт. Ба Раҷабмадов барои ҷойи дуюм ҷому медали нуқра ва тӯҳфаҳо супурда шуд.

Амирҷон Убайдуллоев, бародари хурдии Ҷамолиддин, ки муовини мудири шуъбаи молияи дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст, ҷойи сеюм ва Баҳодур Ҳомидов, додситони ноҳияи Синои Душанбе, ҷойи чорумро гирифтанд. Ҳарду бо ҷому медалҳои биринҷӣ ва тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд.

Ба ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқа ва ҳайати доварон сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин тӯҳфаҳои Ширкати мобилии “Мегафон” супурда шуд.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа, ки шоми якшанбеи 26-уми апрел дар Қасри тенниси Душанбе барпо гардид, Аҳтам Рустам Абдуллозода,

Аҳтам Абдуллозода
Аҳтам Абдуллозода

раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ғолибону ҷоизадорони мусобиқаро табрик гуфта, ба теннисбозони ҳаваскор барори кор ва комёбиҳо орзу кард.

Инчунин, дар ин маросим Амирҷон Убайдуллоев аз номи ширкаткунандагони мусобиқа - дӯстдорони теннис - ба ташкилкунандагони мусобиқа - Корхонаи воҳиди давлатии “Қасри тенниси шаҳри Душанбе” ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Душанбе барои дар сатҳи баланд доир кардани мусобиқаи анъанавӣ изҳори сипос намуд.

XS
SM
MD
LG