Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилои Сиддиқ Шабоб дар сабқати "Ҷило"


Сиддиқ Шабоб, овозхони афғон, ки таронаи «Гулҳоро чида чида» -и ӯ бо раъйи зиёд дар озмуни «Ҷило» беҳтарин оҳанги шарқ дар як соли ахир дониста шуд, чиптаи парвозашро ба таъхир гузошт, то чанд рӯзи дигар аз баҳори Тоҷикистон ҳаловат барад.

Сиддиқ Шабоб, бародари овозхони маъруфи дигар дар Афғонистон Тоҳир Шабоб, 22 солӣ қабл, ҳанӯз хеле ҷавон вориди саҳнаи ҳунар шудааст. Ӯ аз падару модари панҷшерӣ дар Ҷалолобод ба дунё омадааст. Сиддиқ, ки худро тоҷик мегӯяд, аз хонаводаи низомӣ аст, ва худи ӯ низ хатмкардаи Донишгоҳи низомии Кобул аст, аммо шавқу рағбати зиёд ба мусиқӣ ӯро ба олами санъат овардааст. Аз соли 1992 аз Афғонистон берун рафтаву ҳоло бо оилааш дар Олмон зиндагӣ ва кору фаъолият дорад, аммо зуд зуд меҳмони ватанаш Афғонистон мешавад. Сиддиқ соли 1991 бо як сафари ҳунарӣ дар Тоҷикистон буда, овозхони ҳанӯз хеле ҷавон бо ҳунармандони муъруфу зиндаёди тоҷик Кароматуллои Қурбон, Хурмо Ширин ошноиву ҳамкорӣ доштааст. Ҳоло оҳангҳои ӯ «Гулҳоро чида чида» «Духтари хона» «Ма чӣ кардам» дар миёни мухлисони тоҷик шунавандаи зиёд дорад.

Сиддиқ Шабоб, ки барои ширкат дар маросими натиҷагирӣ аз озмуни «Ҷило» бо мусоидати ширкати «Қиём Интертейтмент» ба Тоҷикистон омада буд, тасмим дошт, рӯзи 14 апрел ба Олмон сафар кунад, аммо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Сиддиқ гуфт, ӯ як рӯз қабл аз парвоз чиптаи худро иваз кард ва тасмим гирифт, то ками дигар дар Тоҷикистон бимонад.

Озодӣ: Хуш омадед ба Тоҷикистон ва муборак бошад ҷоизаи оҳанги беҳтарини шарқ, ки насиби таронаи маъруфи шумо дар Тоҷикистон «Гулҳоро чида-чида» гашт. Фикр мекунед сирри муваффақияту маҳбубияти ин оҳанги шумо дар Тоҷикистон дар чӣ аст?
Сиддиқ Шабоб: Зиндаву саломат бошед ва албатта ман ҳам саломҳои гарми худро хидмати ҳамфарҳангиёну ҳамзабонони худ ва шунавандаҳои Радиои Озодӣ арз мекунам. Озмуни «Ҷило» як пули иртиботие байни форсизабонон буд ва ширкати ман дар ин озмун ба хотири оҳангам буд, ки дар Тоҷикистон шӯҳрат дорад, вале шахси маро касе ин ҷо намешинохт. Ин оҳангро яке аз ҳунармандони машҳури маҳаллии Афғонистон Дурмуҳаммади Кишмӣ хонда буд. Матни тарона аз Сайид Абдулқосим оқои Панҷшер аст. Ман хостам ин таронаро дар мақоми шур ё рок, каме дигар бихонам. Ифтихор мекунам, ки ин оҳанги ман ба мухлисони тоҷик хуш омадааст, агарчӣ ин оҳангро дӯстони дигар ҳам хондаанд, аз ҷумла ҳунарманди маҳбуби Эронӣ Муҳсинҷони Човушӣ ва як ҳунарманди Тоҷикистону Узбакистон ҳам ва ман аз онҳо қалбан ташаккур мекунам, бояд равобити фарҳангӣ миёни ҳунармандон бошад, аммо чун мегӯянд, дӯст аз дӯст гила мекунад, ман ҳам гила дорам, ки вақте оҳанги як ҳунармандро мехонанд, бояд ҳади ақал номаш зикр шавад.

Озодӣ: Роҷеъ ба бозхонӣ ё нусхабардории таронаҳо гуфтед. Шумо аслан ин мавзӯъро боре бо овозхонони тоҷик матраҳ кардаед ё нафаре аз онҳо кӯшиш накардааст, ки шуморо дар иртибот гузорад?

Сиддиқ Шабоб: Не, то ба ҳол касе расмӣ тақозо накардааст ва маро дар иртибот нагузоштааст, аммо албатта ин барои ман ифтихор аст, агар ба оҳанги ман таваҷҷӯҳ доранд ва ин равобит бояд бошад. Ва ҳамин робита аст, ки моро наздик месозад ва ҳамин робитаи фарҳангӣ мардумони кишварҳои моро бо ҳам на аз ҷиҳати манфӣ, балки аз ҷиҳати бисёр мусбат ошно ва наздик месозад. Ман медонам, ки баъзе гапҳое дар байни миллатҳои мо аст, ки масалан мардуми моро бисёр аз нуқтаи заъф мебинанд, гапҳое ҳаст, ки ба мо бисёр садама мезанад, бинобарин бигзор равобити фарҳангӣ бошад, то мардуми кишварҳои мо аз ҳам шинохти хубтар дошта бошанд. Яке аз оҳангҳои маро, Ҷонибек, ҳунарманди хуби тоҷик хондааст, ки дар як қисмати шеър иштибоҳ доштанд, аммо ба ҳар сурат ман умедвор ҳастам, ки баъд аз ин равобити фарҳангӣ беҳтар мешавад.

Озодӣ: Дар Тоҷикистон агарчӣ оҳангҳояттон маъруф аст, аммо дар бораи шахсияти худатон шояд шунавадаҳо иттилои зиёде надоранд. Хуб ҳоло бигӯед, ки кӣ аст Сиддиқ Шубоб ва чӣ ӯро рӯйи саҳна оварда?

Сиддиқ Шабоб: Ману бародари бузургам Тоҳирҷони Шабоб, ки низ овозхон аст, аз як хонаводаи таҳсилдида ҳастем. 22 сол аст, ки бо мусиқӣ сару кор дорам. Ҳанӯз 17 сол доштам, ки барои аввалин бор бо як сафари ҳунарӣ, бо гурӯҳи «Лолаҳо» бо даъвати давлат Тоҷикистон омадам. Мо бо Кароматуллоҳи Қурбон ва Хурмо Ширинова равобити хуби фарҳангӣ ва як қарордоди фарҳангӣ доштем, ки онҳо ба Кобул меомаданд, мо ба Тоҷикистон. Ман аввалин оҳанги худро дар Тоҷикистон дар толори «Кохи Борбад» хондаам. Ҳоло дар шаҳри Франкфурти Олмон зиндагӣ мекунам ва хушбахтам, ки дубора ба Тоҷикистон ба ватани дуввуми хеш омадам. Дар ин 3- 4 рӯзе, ки ин ҷо ҳастам фикр мекунам, ки муддатҳо боз ин ҷо зиндагӣ дорам. Хоҳарҳои тоҷикро бо чодар мебинам, фикр мекунам дар Панҷшер ҳастам. Аслан эҳсоси бегонагӣ намекунам ин ҷо. Падару модари ман зодаи Панҷшер ҳастанд. Падарам низомӣ аст ва ман ҳам факултаи низомии Афғонистонро хондаам. Шумо медонед, ки расму равишҳо дар ватанҳои мо чунин аст, ки аксаран агар падар низомӣ аст, писар ҳам бояд низомӣ бошад, вале чун шавқи ман ба мусиқӣ буд, волидон ҳам бароям озодӣ доданд ва ман ба ин роҳ рафтам. Мо панҷ бародар ҳастем. Як хоҳарам шоира аст, бародарам раиси улимпики Афғонистон аст, бародари бузурги дигарам генерал Фаррухон аст, ки дар раёсати амнияти Афғонистон кор мекунанд. Як бародарам чанд сол дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кардааст. Модари ман 6-7 сол дар Тоҷикистон зиндагӣ кард.

Озодӣ: Аз ҳунармандони ҷавони тоҷик бо киҳо ҳоло ҳамкорӣ ва ошноӣ доред?

Сиддиқ Шабоб: Ҳамкорӣ мушаххас то ба ҳол бо касе надоштем. Ба ҳамаашон эҳтиром дорам, ҳунармандони хубе ҳастанд. Бо Садриддин дар иртибот ҳастам, ҳамроҳи Зикруллоҳҷон оилаи ман, ки қаблан дар Тоҷикистон зиндагӣ мекард шинохт доштанд. Ва бисёр дӯстони дигар дорам, умедворам оянда мо корҳои муштарак ҳам хоҳем дошт. Аммо дар маҷмӯъ овозхонони тоҷику афғон робитаи хуб доранд. Ва овозхонони зиёди афғон ҳам таронаҳои ҳунармандони тоҷикро мехонанд. Худи ман шахсан як оҳанги Саидқул Билолро хондам, ки шеъри марҳум Лоиқ Шералӣ аст. Он вақт модарам зинда буд ва хеле мехост ман ин оҳангро бихонам. Ҳамон оҳанг аст, ки «Ай ҳамватанон хоки ватанам зӣ мурда безор шудаст...» Ин дар ҳамон замони ноамниҳо дар Тоҷикистон буд, вале хушбахтона ҳоло сулҳ побарҷо аст.

Озодӣ: Ҳоло агарчӣ дар Олмон зиндагӣ доред, аммо то ҷое медонем, зуд зуд меҳмони Афғонистон ҳам мешавед ва ба назаратон чӣ гуна аст имрӯз муносибати ҳукумати Афғонистон ба ҳунармандон ва мусиқӣ?
Сиддиқ Шабоб: Воқеан 3 даҳа ҷанг дар Афғонистон мушкилоти худро дошт. Фарҳангу бархурди мухталиф. Вале дар маҷмӯъ ҳамон фазое, ки феълан дар Афғонистон аст, Худоро шукр мекунем, ки аққалан замина аст, ки як ҳунарманд битавонад корҳои эҷодии худро идома диҳад. Тавре аз телевизиони «Тулӯъ» мебинед, ҳунармандон кор мекунанд. Албатта мушкилот вуҷуд дорад, баъзе бархурдҳои суннатӣ ва нодуруст ҳам аст, ки аз пойин будани сатҳи фарҳангу дониш аст ва мо ҳанӯз наметавонем зарфият ё мақоми ҳунари мусиқиро дарк кунем.

Озодӣ: Аз интихоботи ахири раёсати ҷумҳури Афғонистон чӣ интизорӣ ва умеде доред шумо?

Сиддиқ Шабоб: Ман воқеан хушбат ҳастам, ки мардуми мо тавонист ба дунё нишон диҳад, ки мо воқеан метавонем як фазои озоду демократӣ дар Афғонистон дошта бошем. Худи ширкати мардум дар интихобот бо вуҷуди оне, ки ин кишвар дар муқобили чӣ қадар чолишҳо мубориза мекунад, ва душманҳо чӣ қадар мехоҳанд монеи корҳои асосии мо шаванд фикр мекунам, як амали бисёр мусбат буд ва фикр мекунам, дунё инро тассавур намекард.

Озодӣ: Бо забони пашту ҳам зиёд тарона мехонед, паштуро ҳам хуб баладед?

Сиддиқ Шабоб: Бале ман шахсан бо ҳарду забон мехонам, агар худам падару модарам тоҷику аз Панҷшеранд, ман дар Ҷалолобод таваллуд шудаам ва ҳар забону ҳар мероси фарҳангии Афғонистон баройи ман пурарзишанд.

Озодӣ: Барнома надоред, ки дар Тоҷикистон як консерти вижа ташкил кунед?

Сиддиқ Шабоб: Чаро не? Дар ҳамин сафарам ман заминасозӣ дорам, агар Худо хоҳад дар ояндаи на чандон дур ман бо мухлисони тоҷик, ки ҳоло фикр намекунам маро зиёд шиносанд, аз наздик вомехӯрам. Аммо ҳоло ман ҳарчӣ бештар талош дорам, аз ҳар дақиқаи ҳузурам дар Тоҷикистон, аз офтобу манзараҳои зебояш хуб истифода ва сайр кунам.
XS
SM
MD
LG