Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи "Шайх" дар Додгоҳи олӣ: Аз тамаъҷӯӣ то бисёрзанӣ


"Шайх Темур"
"Шайх Темур"

Парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби "Шайх Темур" баъд аз хулосаи додситони кулл ба Додгоҳи олӣ фиристода шудааст ва нахустин мурофиаи ӯ ҳафтаи оянда сурат хоҳад гирифт.

Масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯянд, ки парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби "Шайх Темур", ба дасти онҳо расида, қарор аст, нахустин мурофиааш ҳафтаи оянда баргузор шавад. Насим Холмуродов -- сухангӯи Додгоҳи олӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи "Шайх Темур" ба таври ошкор сурат гирифта, додрас талош хоҳад кард, мӯйро аз хамир ҷудо намояд.

Мавлудҷон Солеҳов, яке аз вакилони Саидмаҳдихон Сатторов, низ ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи нафари таҳти ҳимояташ баъд аз хулосаи додситони кулл барои муҳокима ба Додгоҳи олӣ фиристода шудааст. Ин ҳамсӯҳбати мо ҳам бовар дорад, мурофиаи "Шайх Темур" ошкор сурат хоҳад гирифт, зеро ба гуфтаи ӯ, "ҷиноятҳое, ки содир шудааст, ҷиноятҳои махсусан вазнин ба ҳисоб намераванд".

Саидмаҳдихон Сатторов, сокини 65-солаи ноҳияи Турсунзода бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла "тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон", "монеъ шудан ба таҳсили фарзандон" ва "бисёрзанӣ" муттаҳам мешавад. Ӯро 16 феврали соли ҷорӣ бо дархости Додситонии кулл ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Шайх Темур то он замон дар "ҳабси хонагӣ" дар шаҳри Турсунзода буд.

Ба гуфтаи додрасон, ӯ иттиҳомот дар бораи монеъ шудан ба таҳсили фарзандон ва бисёрзаниро эътироф кардааст. Саидмаҳдихон Сатторов 10 рӯз баъд аз пахши як филми мустанади нимсоатӣ дар бораи ӯ дастгир шуд, ки зоҳиран аз тарафи маъмурони амниятӣ наворбардорӣ шудааст.

Дар ин филм гуфта мешуд, рӯҳонии 65-сола 7 зан дорад ва соли 2012 номи худро дар ҳуҷҷатҳои расмиаш аз Темур ба Саидмаҳдихон иваз кардааст. Дар ин филм ровӣ мегӯяд: "Ӯ охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро "Имом Маҳдӣ", пайғамбари охируззамон эълон мекунад. Ва ҳатто исмашро аз Темурхон ба Саидмаҳдихон расмӣ месозад. Ба эътиқоди бародарони аҳли ташайюъ Имом Маҳдӣ имоми дувоздаҳум буда аз насли Пайғамбар (с) аст. Ва ҳангоми омаданаш қиёмат фаро мерасад." Муаллифони филм "Шайх Темур"-ро як "қаллоби динӣ" номида мегуфтанд, ӯ ва муридонаш, ки саллаи кабуд мебастанд, тавонистаанд, садҳо нафарро ба доми фиреб андохта, барои худ аз ҳисоби ин мардуми ноогоҳ зиндагии пур аз нозу неъмат ва айшу ишрат дуруст кунанд.

Дар ин филми мустанад зери унвони “Ривояти Шайх Темур” гуфта мешуд, Саидмаҳдихон Сатторов қисме аз замини мактаби деҳи Сангмелаи Мӯсоро ғасб карда ва барои як ҳамсараш хона сохтааст. Ҳамчунин занеро нишон доданд, ки гӯиё ҳамсари Шайх Темур будааст ва ӯро баъдан бемори рӯҳӣ гуфта, ба тимористон овардаанд.

Дар як саҳнаи дигари филм дида мешуд, ки муридон ва ё пайравони Саидмаҳдихон Сатторов, барои пойандози ӯ кашмакаш мекунанд ва баъзе аз онҳо мошини ӯро мебӯсанд. Саидмаҳдихон Сатторов, соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада ва дар овони ҷавониаш 2 сол зиндонӣ шудааст. Баъдан ба водии Ҳисор кӯч баста, дар деҳаи Асбоби ноҳияи Турсунзода зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи мақомот, ӯ дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор манзили зист ва зан доштааст.

Баъзе аз эътиқодмандони Шайх Темур гуфтанд, ки иддаоҳо дар бораи ӯ тӯҳмат аст. Маълум нест, рӯҳонии 65-солаи тоҷик чӣ ҳукме мегирад, вале барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандон дар Тоҷикистон ҷаримаҳои бузург, барои бисёрзанӣ дар Тоҷикистон то 2 соли зиндон ва барои тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми бузург аз 15 то 20 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.

XS
SM
MD
LG