Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уфти қурби рубл - зарба ба ҷайби муҳоҷирон


Яке аз саррофиҳои Маскав. 6 октябр
Яке аз саррофиҳои Маскав. 6 октябр

Қурби рубли Русия дар 3 моҳи охир қариб 20 дарсад коҳиш ёфта, рӯзи 6 октябр бори аввал аз марзи 40 рубл барои як доллари амрикоӣ гузашт.

Арзиши рубли Русия дар баробари доллар ба таври дар дастикам 16 соли охир бесобиқа пойин рафта, рӯзи 6 октябр дар бозори бурс чанд дафъа аз марзи 40 рубл барои як доллар убур кард ва дар ниҳоят дар ҳадди 39,98 рубл қарор гирифт.

Бонки марказии Русия барои баробар кардани ҳисобҳо дар рӯзи 7 октябр маҳз 39,98 рубл барои як долларро ҳамчун қурби расмиаш муқаррар кардааст. Аммо дар саррофиҳо дигар бо нархи пойинтар аз 40 рубл доллар намефурӯшанд. Ҳафтае пеш қурби рубл ҳамин тавр дар муқобили евро - воҳиди пули умумии кишварҳои Аврупо - аз марзи 50 рубл барои як евро гузашта буд.

Дар давоми се моҳи гузашта рубли русӣ асосан ба сабаби таҳримҳои Аврупо ва Амрико алайҳи Русия ба далели нақшаш дар муноқишаҳои Украина ба як силсила амвоҷи коҳишҳо дучор шудааст. Дар моҳи июл як доллар ба 34 рубл баробар буд, вале дар ин се моҳ ба ҳадди қариб 20 фоиз қурбашро аз даст дод ва зоҳиран ин тамоюл, дар сурати ба қувваи худ баҷо мондани таҳримҳои зидди Русия, ҳамчунон давом хоҳад кард.

Сергей Сенинский
Сергей Сенинский

Шореҳи иқтисодии бахши русии радиои Озодӣ Сергей Сенинский вале мегӯяд, ин ҳолат бесобиқа нест: «Дар Русия ин падидаро ҳатто «аввалин бор дар таърихи кишвар» мегӯянд, ки ин дуруст нест. 31 декабри соли 1997 қурби расмии рубл нисбат ба доллар 5960 рубл буд. Ва рӯзи дигараш, яъне 1 январи соли 1998, ислоҳоти пулӣ доир шуд ва аз рублҳои қаблӣ се сифрашро хат заданду қурби доллар 6 рубл шуд. Ва агар аз ҳамон рӯз ҳисоб кунем, мебинем, ки қурби рубл имрӯз дар пастарин мавқеъ қарор дорад ва аз марзи 40 рубл барои 1 доллар гузаштааст.»

Ба гуфтаи Сергей Сенинский, сабаби поинравии қурби рубл асосан се далел дорад: «Ин ҷо чанд далел сабаб шудааст. Пеш аз ҳама, пастравии қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ аст. Даромади нафту газ нисфи буҷаи Русияро таъмин мекунад. Аз аввали сол нархи нафт дар ҷаҳон 16 дарсад коҳиш ёфт. Ин чиз аз Русия вобаста нест. Далели дуюм, ки ба худи Русия иртибот мегирад, бештар сиёсист ва марбут ба он ҳодисаҳоест, ки дар Украина мегузарад. Ин ҷо ҳам таҳрими Русия аз ҷониби Ғарб ва ҳам посухи ҷавобии Русия дар амри манъи вуруди маводи ғизо аз кишварҳои ғарбӣ таъсир гузоштааст.»

Дар чунин ҳолат, эҳтимоли кам шудани ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба кишварҳое вуҷуд дорад, ки шаҳрвандонашон барои кори мавсимӣ ба ин ҷо омада, даромади худро ба Ватан интиқол медиҳанд. Аз ҷумла беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик, ки ҳар сол худро ба бозори кори Русия мезананд ва танҳо тавассути бонкҳо дар соли 2013 ба Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллар пул фиристодаанд, низ метавонанд аз чунин уфти башиддати қурби рубл хисорот бинанд.

Қариб 20 дарсад коҳиш ёфтани қурби рубл барои артиши бузурги мардикорони тоҷик ва мардикорон аз кишварҳои дигар дар Русия ба маъноест, ки даромади онҳо то 20 дарсад кам мешавад ва гумон аст, ки муҳоҷирони тоҷик бо чунин ҳол битавонанд имсол ҳам 4 миллиард доллар «ҳосил»-и рекордии соли гузаштаашонро такрор кунанд.

XS
SM
MD
LG