Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи нави Русия дар Фарғона. Зидди "Давлати Исломӣ" ё шабеҳи Украина?


Нақшаи таъсиси пойгоҳи нави ҳарбии Русия дар ҷануби Қирғизистон, ки аз оғозаш норозигии Ӯзбакистонро ба миён оварда буд, ба “қарта”-и нуфузгустариҳои Маскав табдил меёбад.

Русия дар Канти Қирғизистон пойгоҳи ҳарбӣ дорад, вале бо пешниҳоди Бишкек дар фикри таъсиси пойгоҳи дувуми худ дар шаҳри Уш аст. Раисиҷумҳури Ӯзбакистон ба ташкили пойгоҳ дар Уш мухолифат дорад, аммо расонаҳои Русия аз талошҳои бештари Маскав барои татбиқи ин нақша хабар медиҳанд. Коршиносони масоили ҳарбӣ бар инанд, ки ҳоло дар пасманзари вазъи мушкили иқтисодӣ Кремл ин тавоноиро нахоҳад дошт, вале тарҳи таъсиси пойгоҳи Уш мумкин аст, дар гуфтушунидҳо бо Ӯзбакистон ҳамчун абзори додуситад истифода шавад.

Узви Кумитаи дифоъ ва амният дар порлумони Қирғизистон Исмоил Исҳоқов мегӯяд, Русия сар аз соли 2013 дар фикри ташкили пойгоҳи нави нерӯҳои заминӣ дар ҷануби Қирғизистон аст ва бино бар созишномае, ки он вақт ба имзо расид, ин пойгоҳ бояд то соли 2017 сохта шавад: “Маскав ҳоло тамоми талошҳоро дорад, ки дар ин ҷо мустақар шавад. Зеро аз ин ҷо мешавад дар се самт – Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Чин кор кард. Ба ҳамин далел тарафи Русия тамоми талошҳоро мекунад, ки чунин пойгоҳ билохира ба вуҷуд ояд.”

Ба андешаи Исҳоқов, Ӯзбакистон ба таъсиси ин пойгоҳ зид буд ва имрӯз ҳам зид боқӣ мемонад. Маълум нест, Маскав мухолифати Тошкандро дар назар хоҳад дошт, онро нодида гирифт ё дар ҳалли масъалаҳои дигаре аз ин тарҳ ҳамчун абзори фишор истифода хоҳад кард.

Коршиноси масъалаҳои ҳарбӣ, сарҳанги бознишаста Сиргакбек Дуйшеев тарҳи ташкили пойгоҳи нави Русияро дар ҷануби Қирғизистон дуруст мешуморад. Вай мегӯяд, ин нақша зимни равандҳои муайян дар минтақа ва ҷаҳон ба миён омадааст. Ба ақидаи ӯ, чунин пойгоҳ метавонад дар ҳоли сар задани шароите шабеҳи Украина, Яман ё Сурия нақши як абзори пешгирикунандаро бозад.

“Агар мо намехоҳем, ки чунин низоъҳо дар водии Фарғона ба вуқӯъ оянд, ман ҳамчун як шахси ҳарбӣ зидди таъсиси чунин пойгоҳ намебароям. Рости гап, водии Фарғона хатарҳои зиёдеро дар худ ниҳон медорад, ҳарчанд ин хатарҳо дар нигоҳи аввал ба чашм намерасанд,” – мегӯяд Дуйшеев.

Водии Фарғона минтақаест, ки миёни Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон се бахш шудааст. Тоҷикистон бо Хуҷанду Исфара дарвозаи танги водиро дар даст дорад, Ӯзбакистон бо Намангону Андиҷону Хуқанд “шикам” ё наздики 90 дарсади водиро ва Қирғизистон бо Уш ва Ҷалолобод соҳиби баландиҳои стратегии қисмати шарқии он аст.

Дар бораи ин водии сарсабз дар ду даҳаи охир, ба камтарин шумориш, наздики 50 китоб ва садҳо реферату мақола нашр шуда, ин сарзамин дар онҳо “меҳвар”, “дил”, “сутунмӯҳра”, “бомбаи соатӣ”, “полигон”, “саҳна” ва “нуқтаи доғ”-и Осиёи Марказӣ ном гирифтааст. Дар ин матолиб аз як сӯ зарурати ёрии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамкории кишварҳои минтақа барои рушди “қаламрави ҳассос” зикр шуда, аз сӯи дигар эҳтимоли таркиши иҷтимоӣ, ошӯбу ноамнӣ ва ҷанги ваҳшатангези Фарғона пешгӯӣ мешавад.

Бино бар нақшаҳо пойгоҳи ҳарбии Русия бояд дар Уш, ки як “баландии ҳоким” бар водии Фарғона аст, сохта шавад.

Зоҳиран, тарҳи бунёди пойгоҳи ҳарбии Русия дар ин водӣ дар Қирғизистон тарафдорони зиёд дорад. Марат Имонқулов, корманди пешини ниҳодҳои амниятии Қирғизистон мутмаин аст, ки пойгоҳи нави ҳарбии Русия дар водии Фарғона аст, дар оянда метавонад, интизориҳои амниятиро бароварда созад. “Ба шарте ки он дар вилояти Бодканд таъсис ёбад. Ин минитақа бояд тақвият дода шавад, то рӯйдодҳои соли 1999 дар ин ҷо такрор нашаванд.”

Соли 1999 дар ин ҷо дастае аз тарафдорони Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон минтақаеро ишғол намуда, аз мақомоти қирғиз талаб кард, ки роҳи вуруди онро ба Ӯзбакистон боз кунанд. Дар задухӯрдҳо бо ин даста нерӯҳои Қирғизстон талафоти зиёд доданд ва шикаст хӯрданд. Дертар ситезаҷӯён чаҳор заминшиноси ҷопониро гаравгон гирифта, ба кӯҳистони Тоҷикистон ақиб нишастанд. Танҳо баъд аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ ва гуфта мешавад дар ивази маблағи калон онҳо геологҳои хориҷиро раҳо намуданд.

Дар робита ба афзоиши талошҳои Русия дар таъсиси дувумин пойгоҳи ҳарбияш дар Қирғизистон Ӯзбакистон ахиран вокунише нишон надодааст. Вале Тошканд медонад, ки Маскав аз Қирғизистон ҳамчун узви нави Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳимоят хоҳад кард ва ин нукта дар сафари ахири раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин ба Тошканд дар моҳи декабри соли гузашта низ намудор шуд. Аз ҷумла Путин аз Каримов хост, интиқоли газро ба Қирғизистон аз сар гирад ва ин дархости президенти Русия ба иҷро расид. Дар ҳамин мулоқот инчунин гуфта шуд, ки Маскав мехоҳад, Ӯзбакистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шомил шавад. Тошканд посухи рад додааст, вале дертар бархе аз намояндагони аршади Русия гуфтанд, Ӯзбакистон то поёни соли 2015 узви ин эътилоф хоҳад шуд.

Талошҳои нави Русия дар ҳоле ба мушоҳида мерасанд, ки зимни фишори он ба ҳукумати Қирғизистон пойгоҳ ҳва дертар Маркази транзитии нерӯҳои Амрико ва НАТО дар фурудгоҳи “Манас” баста шуд. Ҳамзамон Русия мехост, мӯҳлати ҳузури пойгоҳи худро дар Кант барои 49 сол дароз кунад, вале дар ҷараёни гуфтушунидҳои яксола Қирғизистон танҳо ба 15 сол ризоият дод ва барои иҷораи он солона 5 миллион доллар дода, қарзи Қирғизстонро баробар бо 500 миллион доллар бахшид.

Ба ғайр аз пойгоҳи Кант дар 40-километрии шаҳри Бишкек, Русия ҳамчунин дар Иссиқкӯл як маркази озмоиши торпедо, маркази зилзиласанҷӣ дар Майли Суу ва дар вилояти Чуй маркази мухобиротӣ дорад.

Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад, ки тибқи шартномаи дуҷониба бояд то соли 2049 дар ин ҷо бимонанд. Теъдоди низомиёни Русия дар хоки Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор нафар ҳисоб шуда, ин бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аз он кишвар аст. Фармондеҳи ин пойгоҳ ахиран гуфт, ки шумори сарбозонашро дар се соли оянда ба 9000 хоҳад расонд.

XS
SM
MD
LG