Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қалъача чӣ гузашт? Гузориши Озодӣ аз ҷои ҳодиса (2 ВИДЕО ва 13 АКС)


Мансур Ҷумъаев, яке аз захмиёни задухӯрд дар марз
Мансур Ҷумъаев, яке аз захмиёни задухӯрд дар марз

Сокинони рустои Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар задухӯрди ахир дар марз бо Қирғизистон марзбонҳои қирғизро айбдор мекунанд. Бар асари ин даргирӣ аз тарафи Тоҷикистон ду нафар кушта ва 5 тан захмӣ шудаанд.

а гуфтаи сокинони шоҳидони ҳол ва мақомоти марзбонии вилояти Суғд, дар тирандозӣ дар канори деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2 нафар - як афсари марзбонӣ ва як сокини осоишта - кушта шуда, 5 шаҳрванди дигари Тоҷикистон захмӣ гашта, шудаанд.

Даргирӣ дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ба гуфтаи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи душанбеи 25 уми август тахминан соатҳои 6 –и бегоҳ, дар 2 нуқта, бо фосилаи 500 метр дуртар аз ҳам рух додааст.

Яке аз захмиён – Ҳалимҷон Сатторов, сокини деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки порчаи норинҷак ба гарданаш расида, дар бемористони шаҳри Ғафуров бистарӣ аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи оғози тирпарронӣ дар самти шимолу ғарби ҷойи пули баҳсноки қирғизҳо, ки дар он суи он ҳудуди 20 оилаи тоҷик зиндагӣ мекунанд, чунин нақл кард: “Мо, як гурӯҳ назди хонаамон истода будем, баногоҳ ҳарбиҳои қирғиз зада омаданд. Аввал онҳо бо сарҳадбонҳои мо ҷанҷол карданд, ки сарбанди обанбор аз они онҳою онро мегиранд. Баъд тирпаронӣ карданд, як норинҷак таркид ва 3 - 4 нафаре, ки истода будем, ғалтидем, дигар намедонам.”

Ҳалимҷон Сатторов яке аз захмиён, ки ба гарданаш пораи норинҷак расидааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

https://www.youtube.com/watch?v=DIwiJKx7Pxs&list=UUyTDJHSzuKZ2JZO41c5Do1A

​Ба гуфтаи шоҳидони муноқиша - сокинони деҳаи Қалъача, ба ҳамлаву тираркушоии низомиёни қирғиз монеъ шудани сокинони ин маҳали марзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо таҷаммӯву раҳбандии кӯтоҳмуддат ба талоши ҷониби Қирғизистон барои бунёди пул аз болои рӯди Хоҷа Боқирғон дар ин маҳал сабаб шудааст.

Мансур Ҷумъаев, раҳбари хоҷагии деҳқонии “Сарбанд” -и ноҳияи Ғафуров, ки замини хоҷагиаш дар байни ду нуқтаи даргирӣ воқеъ аст, дар нуқтаи дуюми тирандозӣ, пойинтар дар самти шимолу шарқи ҷойи роҳи пули баҳсноки қирғизҳо аз ду ҷои баданаш тир хӯрдааст. Вай субҳи рӯзи 26 уми август дар манзили худ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки ахиран ҷониби Бодканд ба назди рӯди Хоҷа Боқирғон дар канори ин деҳаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ба сӯи деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон як КАМАЗ ва экскаватор оварда, хостанд ба бунёди пул аз болои рӯд сар кунанд, аммо сокинони марзии тоҷик ба ин монеъ шуданд.

Раиси хоҷагии "Сарбанд" Мансур Ҷӯраев ҷароҳат дар марзро қисса кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:00 0:00

https://www.youtube.com/watch?v=kEQdyUKT3G4&list=UUyTDJHSzuKZ2JZO41c5Do1A

Ба гуфтаи вай, мақомоти Бодканд бо сохтмони ин пул ҳадаф доранд, ду пораи аз ҳам ҷудои заминҳои баҳсноки марзиро, ки он ҷо як гурӯҳ хонаводаҳои қирғиз низ зиндагӣ мекунанд, ба ҳам пайванданд, вале пули нав роҳи гузари сокинони бумии тоҷиконро ба сӯи обанбори худ ва садҳо гектар заминҳои он сӯи пул мебандад. Билохира, норизоиву таҳдидҳои лафзии низомиёни қирғиз рӯзи 25 - уми август бо тирпарронии онҳо ба сӯи марзбонҳову сокинони осоиштаи тоҷик анҷом ёфт: “Ҳарбиёни қирғиз аз баландӣ сарҳадбонҳову моро мезаданд. Сарҳадбонҳо мо дар пастӣ буданд ва тирпарронӣ ягон ним соат давом кард, то тирпаронии пулемёти қирғизҳо таомом нашуд, аз ҷойи тирпарронӣ худро канор гирифтан натавонистем.”

Вале ҷониби Қирғизистон ҳодисаи тирпаррониро дигаргуна шарҳ медиҳад ва мегӯяд, нахуст марзбонони тоҷик оташ кушодаанд. Вазорати хориҷаи Қирғизистон рӯзи 26 август бо нашри як иттилоияи расмӣ ҳамчунин сокинони Тоҷикистонро дар муноқишаи ахир муқассир донист. Бино ба ин иттилоия, “ҳангоми ҷилавгирӣ аз аъмоли ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва гирифтани пеши роҳи тахриби пул, низомиҳои Тоҷикистон алайҳи низомиҳои Қирғизистон аз силоҳ тир кушоданд, ки мунҷар ба даргирӣ байни низомиҳои Қирғизистону Тоҷикистон шуд. Бар илова, дар ҷараёни даргирии нимсоата посгоҳи марзбонии “Қулунду” таҳти оташи миномёт аз қаламрави Тоҷикистон қарор гирифт.”

Вале дар изҳороти расмии Бишкек чизе дар бораи шумораи афроди куштаву захмишуда дар муноқишаи ахир гуфта намешавад.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон низ рӯзи 26 – уми август бо ирсоли як ёддошт "эътирози қатъии худро" ба Қирғизистон изҳор карда, гуфт, дар сурати такрори чунин ҳаводис "ҳаққи худро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва дифоъ аз шаҳрвандон ва қаламрави худ раво медонад."

Субҳи рӯзи 26 - уми август, ки ба деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтам, дар он ҷо ситоде навтаъсис, иборат аз мақомоти нерӯҳои қудративу интизомӣ ва ҳукуматӣ ба таҳқиқи муноқишаву тирандозӣ дар канори ин маҳали Тоҷикистон машғул буд.

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, дар маҳали ҳодисаи тирпарронӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раҳбарони хадамоти марзбонии Суғду Бодканд ҷиҳати баррасии ҳодисаи тирпарронӣ ва эътидоли авзоъ дар хатти марз бо ҳам мулоқот мекарданд.

Дар роҳ аз Хуҷанд ба қисмати марзии Бобоҷон Ғафуров гурӯҳҳои хурди милисаҳои мусаллаҳи тоҷик ба чашм мерасиданд, ки аз вазъ назорат мебуранд.

Дар ҳоли ҳозир, 4 сокини деҳаи Қалъачаи ин ноҳия, ки рӯзи гузашта аз тири низомиёни қирғиз захм бардоштаанд, дар бемористони шаҳри Ғафуров бистарӣ шудаанд. Яке аз табибони беморхона ба шарти ошкор накардани номаш гуфт, ки ҳоли яке аз захмиён – Зайнидин Зиёев хеле вазнин буда, дар шӯъбаи эҳё таҳти назорати доимии табибон қарор дорад. Ба гуфтаи вай, шоми гузашта ба ин бемористон аз маҳали муноқишаи мусаллаҳона 5 захмиро оварда буданд ва яке аз онҳо, ки ҷарроҳатҳои нисбатан сабук бардошта буд, аз бемористон ҷавоб дода шуд.

Масъулони ситод дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфтанд, ки яке аз кушташудагон - Азамат Азимов, сардори гурӯҳи сарҳадбонӣ дар ин хатти марз ва ҷияни Абдураҳмон Азимов, собиқ раиси марзбонии Тоҷикистон будааст. Як марзбон - Умед Мирзоев низ захм бардошта ба беморхона интиқол дода шудааст. Қурбонии дигари ин ҳодиса сокини ҷамоати Овчӣ Қалъача Нӯъмонҷон Набиев мебошад, ки субҳи 26 август дар маҳали зисташ бо иштироки садҳо нафар ба хок супурда шуд. Нӯъмонҷони 25-сола яке аз шаш нафаре буд, ки дар тирандозии марзбонони қирғиз дар наздикии пул аз болои рӯди Хоҷа Боқирғон захмӣ шуданд ва азбаски тирандозӣ идома дошт, сокинони деҳа натавонистанд, ин захмиро аз майдон бароранд ва ба бемористон расонанд.

Соли равон чандин бор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, муноқиша ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷаи якеаш 1 сокини деҳаи Бедаки ноҳияи Исфараи Тоҷикистон захмӣ ва 7 ҳамдеҳаи ӯ захмӣ шуданд. Ҳамин тавр, рӯзи 11-уми январ дар як тирандозӣ байни марзбонони ду кишвар 8 нафар, аксаран маъмурони интизомиии Қирғизистон захмӣ шуданд.

То имрӯз аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 519 километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки бинобар ихтилофи назар наметавонанд, бар сари хатти сарҳад ба мувофиқа бирасанд.

XS
SM
MD
LG