Чоршанбе, Апрел 16, 2014

Тоҷикистон

Рашт, парчами миллӣ ва масҷиди ҳизбӣ

Нақшаи барафроштани баландтарин милаи парчам дар ҷаҳон ва баста шудани масҷиди Ҳизби наҳзати исломӣ таваҷҷӯҳи бисёре аз нашрияҳои ғарбиро ба Тоҷикистон ҷалб кард.

x
Ҳаҷми матн - +
Бархе аз онҳо дар ин росто аз Рашт ва Камароб низ ёдовар шуданд. "Ню Йорк Таймс", "Гордиан" ва "Дейлӣ Телеграф", аз ҷумла, хабари баландтарин сутуни парчамро болотар аз ҳамоиши сарвазирони Созмони Шонгҳой дар Душанбе ҷой додаанд. Як маҷаллаи интернетӣ танзомез гуфтааст, "парчам барои он ин қадар баланд хоҳад буд, ки аз Камароб низ дида шавад."

Аммо бидуни танз низ бархе аз расонаҳо зимни хабари парчаме, ки акнун бояд дар баландии 165 метр бар фарози Душанбе парафшон гардад, аз рӯйдодҳои моҳҳои охир дар кӯҳҳои барфпӯши водии Рашти Тоҷикистон ёдрас шудаанд.

Зоҳиран "Рашт" ва "Камароб" аз вожаҳое хоҳанд буд, ки боз борҳо дар матбуоти Ғарб паҳлуи номи Тоҷикистони соли 2010 қарор хоҳанд гирифт.

БАРХЕ АЗ ПОСУХҲО

Барои сокинони Тоҷикистон як нукта рӯшан аст, ки тирамоҳи имсол дар Рашт фоҷиаи миллӣ рӯй дод, аммо нукоти зиёди марбут ба ин фоҷиа ба иллати пардаи асроре, ки онро печидааст, ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад. Бо вуҷуди ин бархе аз пурсишҳои муҳим посухи хешро дарёфтаанд.

Нашрияи "Нигоҳ" ин ҳафта аввалин бор акси Аловуддин Давлатов ё Алии Бедакиро мунташир кард, ки ба "Ҳазрат" дар навори видеоии нашркардаи торнамои "Daily Mition" шабоҳати зиёд дорад. Дар ҳоле ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон натиҷаи таҳқиқи ин наворро эълом надоштааст, он, агар навори сохта набошад, нахустин далели ҳузури мусаллаҳон дар кӯҳистони кишвар буда метавонад.

Дар ин навор, ки, зоҳиран, бо телефони ҳамроҳ гирифта шудааст, 6-7
нафареро дидан мумкин аст, ки дар даст силоҳ, аз ҷумла як мушакандоз ва як пулемёт, дар китф борхалтаҳо ва дар сар кулоҳҳои афғонии "пакул" доранд ва мехоҳанд, ба маҳалли муайяне расидаву ба раисиҷумҳури Тоҷикистон паёми ҷанг диҳанд.

То маълум шудани ин навор, шубҳае мавҷуд буд, ки интиқоли нерӯҳои давлат ба Рашт бештар барои намоиши қудрат ва аз байн бурдани таҳшини талхи фирори бесобиқа аз маҳбаси Душанбест. Ба ёд орем, ки шаби 22-юми августи соли равон 25 маҳбус аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амният, дар фосилаи начандон дур аз Кохи раёсатҷумҳурӣ ва манзили президенти кишвар бо қатли 6 зиндонбон фирор карданд.

Хабарнигорони хориҷӣ хеле талош кардаанд, пайвандеро миёни ин фирор, нахустин таркиши худкушона дар Хуҷанд ба таърихи 3-юми сентябр, оғози амалиёти ҳарбӣ дар водии Рашт ва ҳамчунин афзоиши фишор ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, доғ шудани масъалаҳои ҳиҷобу риш ва бозгардони донишомӯзони тоҷик аз кишварҳои исломӣ пайдо кунанд.

"БЕГОНАҲОИ МАРМУЗ"

Ба ақидаи Ҷон Ҳитерша аз Донишгоҳи Эксетери Бритониё, ки дар бораи давраи пасоҷангии Тоҷикистон китобе мунташир кардааст, аз хориҷи Тоҷикистон омадани хушунат ва ё худҷӯшу дохилӣ будани он бисёр нукоти торики қазияро рӯшан мекунад. Худи ӯ бар ин аст, ки ишора ба террористони хориҷӣ як таблиғоти ҳукуматист. Аммо Мириам Элдер, ки ахиран аз Рашт дидан кардааст, дар "Global Post" менависад, аз чандин сокини маҳаллӣ дар бораи ҳузури "бегонаҳои мармуз ва ношинос" иттилоъ гирифтааст.

Барои бисёриҳо шигифтовар аст, ки мақомоти Тоҷикистон таркиби ошӯбгарон ва дараҷаи таҳдиди онҳо ба амнияти мамлакатро махфӣ медоранд. Хатҳои мухобира бо минтақа аз замони ҳамлаи ғофилгирона ба корвони мошинҳои ҳарбӣ дар 19-уми сентябр то 27-уми ноябр қатъ буданд.

Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон
Давлатмардон аз сӯҳбати ошкоро дар бораи Рашт худдорӣ мекунанд ва танҳо инро мегӯянд, ки вазъ мӯътадил буда, ҳукумат онро зери назорат дорад. Дар ҳоле ки ҳатто ба ҳисобҳои камтарин дар рӯйдодҳои Рашт аз нимаҳои моҳи сентябр то ҳоло ба камияш 65 низомии ҳукумат кушта шудаанд, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Саймӯъмин Ятимов, амалиёти Раштро як "муваффақият" меномад ва мегӯяд, он дар ҳоли фарҷомёбист.

Аммо маълум нашуд, вақте Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Амирқул Азимов ва раиси Маҷлиси Намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров аз мудохилаи кишварҳои савум дар умури Тоҷикистон мегуфтанд, киро дар назар доштанд. Бо вуҷуди чунин талафоти нерӯҳои давлат ҳеҷ яке аз онҳо таҳдиди хешро амалӣ накард.

Дар моҳи октябр ҷасади шаш нафаре, ки ҳукумат онҳоро ситезаҷӯ меномад, дар бемористони марказии шаҳраки Ғарм ба намоиш гузошта шуд. Аҳолии маҳаллӣ 5 нафари онҳоро нашинохт, аммо ҳувияти як сокини ноҳияи Рашт маълум гашт. 14-уми ноябр дар ин ҷо боз ду нафар кушта шудаанд, ки ҳукумат якеро сокини шаҳри Душанбе ва дувумиро аз ноҳияи Исфара номид. Гуфта шуд, яке аз онҳо узви Ҳаракати исломии Узбакистон буда, дар таркишҳои террористӣ ва қатли низомиён дар Душанбе дар солҳои 1995-99 ширкат кардааст.

Мақомоти давлат ду ҳамлаи полис дар ноҳияи Исфараро дар моҳи октябр амалиёти зидди "террористон"-и марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистон номиданд. Таркиши худкушона дар дафтари полис дар шаҳри Хуҷанд дар 3-юми сентябр, аввалин ҳамлаи интиҳории пайравони ҳамин созмон шумурда шуд.

Ба ин тартиб, "бегонаҳои мармуз" ба эҳтимоли зиёд фиристодагони ин ҳаракат буда метавонанд, вале дар он ҳолат таҳдидҳои мақомоти аршади Тоҷикистон дар бораи ифшои номи тарафи савум, ки мехоҳад, вазъро дар ин кишвар нороом кунад, аҳамияти хешро гум мекунад. Ҳатто замоне ки Ҳаракати исломии Узбакистон расман масъулияти ҳамлаи Камаробро бар дӯш гирифт, касе дар Душанбе ба ин изҳорот таваҷҷӯҳ накард. Пас "бегона"-и асосии "мармуз" ҳамоно мояи ҳадсу тахмин боқӣ мемонад.

ҲУКУМАТ ВА ИСЛОМ

Агар вазъ дар дохили Тоҷикистон орому мӯътадил бошад, ҳеҷ "бегонаи мармуз" аз берун наметавонад, дасти худро то Рашту Камароб бирасонад. Вале дар дохил тафоҳум ва эътироф вуҷуд надошта, ихтилоф ва тафриқа то рафт вусъат мегиранд. 

Ҳарчанд аксари расонаҳои ахбори оми Ғарб хушунатҳои охир дар Тоҷикистонро муборизаи байни як ҳукумати дунявӣ ва тундгароии исломӣ мешуморанд, муаллифи китоби "Тоҷикистони баъд аз низоъ", Ҷон Ҳитерша аз Донишгоҳи Эксетери Бритониё ба ин баҳо шубҳае дорад. Вай мегӯяд, барои ҳама гуна фармондеҳ ё афроди норозӣ аз ҳукумати Тоҷикистон ҷалби пайравон бо истифода аз ислом ба маротиб осонтар аст.

Мушкил, ба ақидаи Ҳитерша, он ҷост, ки ҳукумати Тоҷикистон тарзи муносибат ба дингарои мардуми хешро намедонад ва ба шеваҳои бархӯрди замони Шӯравӣ пойбанд мондааст. Аз сӯи дигар, афзоиши нуфузии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар кишвар дар пасманзари нокомиҳои ҳукумат, Душанберо водор кардааст, ки ситезаҷӯии исломӣ ва исломи сиёсиро бо ҳам махлут кунад ва ҳадаф қарор диҳад.

Ҳизби мазкур ба интихоботи порлумонии моҳи феврал бо омодагии бештар ва корбурди шеваҳои нави таблиғи сиёсӣ ворид шуд ва чашми мақомотро тарсонд. Агар тақаллуб ва хилофкориҳо дар ин раъйдиҳӣ ин гуна густарда намебуд, ҲНИТ метавонист, курсиҳои бештареро дар порлумон ба даст орад.

Бо назардошти ин вазъ, махфӣ мондани ҷузъиёти амалиёт дар Рашт ва ба ин ё он шакл пайванд додани бархе аз ситезаҷӯён бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон метавонад, бахше аз сиёсати умумӣ бошад.

ДУРНАМОИ ФАРОЯНД

Афроди каме дар Душанбе мавҷудияти мусаллаҳон дар кӯҳистони Раштро таҳдиди ҷиддӣ ба ҳукумати Раҳмон медонанд. Дастикам дар шароити феълӣ. "Ман фикр намекунам, ончӣ дар Рашт иттифоқ меафтад, ба сари худ барои режим як таҳдиде бошад," мегӯяд сафири Амрико дар Тоҷикистон Кеннетс Гросс.

"Онҳо аз он размандагони мусаллаҳе нестанд, ки қадами баъдияшон
Кеннетс Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон
ҳаракат ба сӯи Душанбе ва ё ҳамла ба ҳукумат дар ҷои дигар бошад. То ҷое ки мо муайян карда тавонистем, он дар ҳамон маҳалле дар водии Рашт маҳдуд карда шуд."

Сафир дар гуфтугӯ бо хабарнигорони Радиои Озодӣ, Фарангис Наҷибуллоҳ ва Ҷеймс Курчик, ки ахиран ба Тоҷикистон сафар карданд,
мегӯяд, вазири умури хориҷӣ ба ӯ гуфтааст, ҳамаи мушкилот дар Рашт ва дар шимол, дар Суғд ҳал шуд. "Хеле хуб, ман метавонам ба Ғарм сафар кунам," пурсидааст сафир аз вазири умури хориҷӣ ва дар посух шунидааст, ки "бояд каме мунтазир шуд."

Дур аз Душанбе ва Рашт, махсусан дар вилояти шимолии Суғд, бисёриҳо дар бораи амалиёти ҳарбӣ дар Рашт чизи каме шунидаанд. Дар ҳақиқат талошҳои пардапечии иттилоотии ҳукумат дар ин ҷо натиҷа додаанд.

Мадина, муаллимаи мактаб дар Конибодом, мегӯяд, ба хабарҳои телевизион бовар дорад ва аз "ҳалокати сарбозони бегуноҳ", ки дар кадоме аз мавзеъҳои Рашт аз тири террористон кушта шудаанд, ғамгин гаштааст. Аммо вай натавонист, ҷузъиёт ё мӯҳтавои амалиётеро, ки дар Рашт идома дорад, ба ёд орад.

Хабарнигорони "Озодӣ" ӯро дар бозори чиноиҳо дар Хуҷанд диданд, ки чизе харидорӣ мекард. Монанди бисёре аз рустоиён, Мадина мегӯяд, ба интернет дастрасӣ надорад ва пулаш барои мавҷгири моҳвораӣ намерасад. Телевизиони давлатӣ ягона манбаи иттилоъст. Табъан, Мадина ба шарҳи ҳукуматии рӯйдодҳо бовар дорад.

РӮҲИЯИ АВОМ

Мустафо мегӯяд аз ноҳияи Ғафуров буда, дар донишгоҳе дар Хуҷанд таҳсил мекунад. Вай мегӯяд: "Бисёре аз одамон танҳо замоне аз рӯйдодҳои Рашт хабар ёфтанд, ки аз Рашт ҷасади сарбозонро оварданд." Ба ақидаи Мустафо, мардуми Тоҷикистон намехоҳанд, дар кишвар ҷанги наве сар занад ва умедворанд, ки ҳукумат "террористонро дар Рашт маҳв мекунад."

Ҳамзамон Мустафо мегӯяд, вай аз ҳукумати Раҳмон низ чандон розӣ нест. Дар тафовут бо насли калонсолтар, ки аз Раҳмон барои эҷоди сулҳ дар кишвар сипосгузоранд, Мустафо хеле ҷавонтар аз он аст, ки ҷангро дар ёд дошта бошад. Вай мегӯяд, аз гузашта дида "имрӯз ва оянда муҳимтаранд."

Мустафо меафзояд: "Раҳмон ҳамдиёрони худро аз минтақаи ҷанубии Кӯлоб ба сари ҳокимият овард ва онҳо ҳамаи мансабҳо сердаромадро ишғол карданд, ҳамаи корҳоро ба дасти худ гирифтанд." Ин шикваест, ки дар ҳар гӯшае аз Тоҷикистон, кишваре, ки дар он маҳалгароӣ ба сиёсат таъсири сангин дорад, метавон шунид.

Бештари риштаҳои асосӣ дар Тоҷикистон дар дасти афроди наздик ба президент, хешу табор, ё ба камияш, ҳамшаҳриёни кӯлобии ӯ қарор доранд. Мансабҳои муҳими давлатӣ, монанди сардорони раёсатҳои минтақаии полис, додситонҳои вилоятӣ ва раҳбарони ниҳодҳои андозу гумрук, сарварии донишгоҳҳо ва ҳокимияти ҳамаи чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе дар дасти зодагони Кӯлобанд. Тоҷикон ин ҳолатро маҳалгароии давлатӣ меноманд.

Рӯҳияи ом дар Душанбе ва маҳалҳои дигар ба гунаест, ки агар таҳдиде ба ҳукумати Раҳмон вуҷуд дошта бошад, он аз мусаллаҳони муҳосирашудаи водии Рашт не, балки аз нороҳатии мардум дар баробари маҳалгароии афзояндаи ҳукуматдорон ва фасоди фарогири худи режим сар хоҳад зад.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: Фарход аз: Исфара
26.11.2010 20:28
Салом. Вокеан хам маколаи хеле хуб. "Бой пушад муборак бошад, камбагал пушад аз кучо ефти".агар чунин парчами бузургро дар дигар давлат бунед мекардан касе масхара намекард, баръакс таърифаш мекарданд. Яъне ба точикистон чунин кор намезебад. Дар асл бигирем ба мо чи лозим чунин корхо. Чикадар маблаги зиеде исроф мешавад. Дар мавриди нахзат бошад акнун онхое ки дар дил кинаи беасос нисбати ин хизб доранд бибинанд, як шахсе ки ягон робитае ба ислом ва нахзат (яъне ин донишманди англис) надорад дар мавриди сиесати ноогохонаи ин давлат чи гуфта истодааст баъди тахкикоти Илмии худаш. Вокеиятро мегуяд ин олим. Яъне аслан ин хукумати худкома чи гуна бархурд кардан бо мардуми мусалмони худро намедонад. Дар мавриди махалгарои бошад хочати гап не. ОЗоди Илтимос чоп кунед
Дар посух

Ном: Рустам аз: Ландан
27.11.2010 23:20
Агар вазъ дар дохили Тоҷикистон орому мӯътадил бошад, ҳеҷ "бегонаи мармуз" аз берун наметавонад, дасти худро то Рашту Камароб бирасонад. Вале дар дохил тафоҳум ва эътироф вуҷуд надошта, ихтилоф ва тафриқа то рафт вусъат мегиранд.
АНА ИН ГАПИ ДУРУСТ!!!!!!
Дар посух

Ном: Рустам аз: Ландан
29.11.2010 13:58
Рости гап ин бехтарин макола аст ки дар чанд вакти охир дар бораи вазияти кишвари худ мутоила кардам ва холати корхоро дар кишвари мо ба тарзи хеле рушан нишон медихад. Ташаккур мекунам. Танхо хуб буд, агар назари тахлилгарон ва хизбхои Точикистон хам дар ин бора навишта мешуд, ки онхо чи фикр доранд.

Ном: МФЕФТ
26.11.2010 21:22
Рӯҳияи ом дар Душанбе ва маҳалҳои дигар ба гунаест, ки агар таҳдиде ба ҳукумати Раҳмон вуҷуд дошта бошад, он аз мусаллаҳони муҳосирашудаи водии Рашт не, балки аз нороҳатии мардум дар баробари маҳалгароии афзояндаи ҳукуматдорон ва фасоди фарогири худи режим сар хоҳад зад. INSHOALLOH HAMASHON SAR KUB MESHAVAND. SABR
Дар посух

Ном: Rustam аз: Dushanbe
30.11.2010 19:48
Нашрияи "Нигоҳ" ин ҳафта аввалин бор акси Аловуддин Давлатов ё Алии Бедакиро мунташир кард, ки ба "Ҳазрат" дар навори видеоии нашркардаи торнамои "Daily Mition" шабоҳати зиёд дорад. Дар ҳоле ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон натиҷаи таҳқиқи ин наворро эълом надоштааст, он, агар навори сохта набошад, нахустин далели ҳузури мусаллаҳон дар кӯҳистони кишвар буда метавонад.

Kumitai amniyat beshtar bar in ast, ki navor soxta meboshad va naboyad ba on bovar kard.

Ном: Khairiddin
26.11.2010 21:57

Мустафо меафзояд: "Раҳмон ҳамдиёрони худро аз минтақаи ҷанубии Кӯлоб ба сари ҳокимият овард ва онҳо ҳамаи мансабҳо сердаромадро ишғол карданд, ҳамаи корҳоро ба дасти худ гирифтанд." Ин шикваест, ки дар ҳар гӯшае аз Тоҷикистон, кишваре, ки дар он маҳалгароӣ ба сиёсат таъсири сангин дорад, метавон шунид.

Бештари риштаҳои асосӣ дар Тоҷикистон дар дасти афроди наздик ба президент, хешу табор, ё ба камияш, ҳамшаҳриёни кӯлобии ӯ қарор доранд. Мансабҳои муҳими давлатӣ, монанди сардорони раёсатҳои минтақаии полис, додситонҳои вилоятӣ ва раҳбарони ниҳодҳои андозу гумрук, сарварии донишгоҳҳо ва ҳокимияти ҳамаи чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе дар дасти зодагони Кӯлобанд. Тоҷикон ин ҳолатро маҳалгароии давлатӣ меноманд.-Э хазор рахмат ба падарат Мустафо ки гапа хакаша гуфти. Сабаби ноороми ва пеш нарафтани Точикистонам дар хамин аст бародарон.
Дар посух

Ном: rustam аз: kulob
27.11.2010 09:18
Надониста ва нахонда чи тухмату гайбат мекунен, дар ин хукумати имруза ба гайр аз сабозон ва як гурухи низомиен дигар хеч кас аз Кулоб нест. Он чавонони бо номуси Кулобие ки барои хифзи ватан ин хукуматро аз зархаридони хоричии ХНИТ тоза карданд хамааш кушта ва е корхои давлати берун карда шудаанд. Дар хамин даргирихои камароб ва Рашт хам 80% кушта шудагон аз минтакаи Кулобанд. Ин хукумати имрузаро бо номи мукадаси КУЛОБ омехта накунед. Мо кулобихо номус дорем ва хеч вакт ватанфуруши нахохем кард ва ба хеч хоиричи хам итоат нахохем кард. Агар касе хеле доно хаст ва хали ин мушиктлотро медонад хубтараш пешниходот ба палумон е хукумат нависад. Ин бехтар аз гайбат аст ва сахми он кас дар пешрафти кишвар хохад буд.
Дар посух

Ном: Чаббор аз: Душанбе
27.11.2010 13:50
Дурустро дуруст нодурустро нодуруст гуфти бародари Рустам!!!!!!!!!!!!

Кандата зан ин фурункулаи Точик- ХНИТ агар пешравии миллату ватанро мехостан низоандозиро пеш намегирифтан бо иштирок ва кумаки Ришдарозони камакл.

Дар посух

Ном: Беном
27.11.2010 11:04
sad dar sad gapat durust ast)))
Дар посух

Ном: хикмат аз: душанбе
28.11.2010 06:40
аввалан салом ба радои озоди рахмат бар Шумо ки чунин маколахои чолиберо пешкаши хонандагон мекунед.
Бародар Рустам аз Кулоб ту гуфти надида ва надониста тухмат накунед дар холе ки 99%-и мардум медонанд, дар сари хукумат ки ва аз кучо нишастааст. Ва ту мегуи ки аз Кулоб факакат сарбозон ва ту дар охир худат ки буданатро нишон доди яъне махалгроиатро бори дигар нишон доди ки дар хакикат шумо махалгароед.
чаро ту худ надидаву надониста ба ХНИТ ба хизбе ки имруз обру ва нуфузи зиёд дар Точикистон дорад тухмат мезани. Ту гуфти зархаридорони ХНИТ вале ту шояд бехабар боши ки онхо зархаридон нестанд, онхо чанд нафар точиканд, точике ки шояд хукумати имруза ба воситаи онхо накшахои зидди исломии худро пеш гирифта истодааст. ХНИТ ягона хизбе хаст ки имруз руирост хакикатро мегуяд. Ва точикистонро дар бисёре аз давлатхо барои доштани чунин як хизби характери дини доштааш мешиносанд.
ту пешниход карди ки ба парлумон нависан шояд ба паруломоне ки халк интихобашон накардааст агарчи интихобиянд онхоро аз боло яъне аз Хукумат таин кардаанд. Ва онхо ба пешрафти чомеа хеч фоидае хам надоранд ба чуз зарар (кабул кардани конунхои супоришшуда)
Ин бародар Чаббор ва беном низ кдом як лаган бардори хукумати имруза шояд бошанд. Низоь андоз ХНИТ-ихо не балки шумо ва шумобаринхоянд.
Бори дигар ба Шумо кормандони Озоди барои пахши чунин маколаи чолиб арзи сипос мекунам.
Дар посух

Ном: Точик
28.11.2010 11:41
Хайри, ман аз Сугдам ва ба ту гуфтаниам, ки халки Кулоб ва Хатлон хам монанди дигарон проблемахо дорад свету газ надорад. Яку якбора айбро ба сари мардуми бегунох нарез! Аввал андеша кун
Дар посух

Ном: Сохиб аз: Масчох
28.11.2010 20:57
Ба эътикоди ман ин хукумати мо ба мархилае расидааст, ки дигар на махал дораду на манфиатхои махлгароёна, балки ба гурухе табдил ёфтааст, ки аз манфиати доираи хеле махдуди сарватмандшудагони нав химоят мекунад. Барои хамин ман аз хамаи шумо хохиш мекунам бахсро ба тарафи махаллу минтака накашед. Ба наздикй ман дар Кулоб будам, бовар кунед вазъи мардуми точик дар он чо аз вазъи мардум дар дигар чойхо ягон фарк надорад, агар дорад, бадтар аст.
Дар посух

Ном: патриот аз: Точикистон
16.12.2010 18:39
Мардуми шимоли Точикистон, мардумони Хатлонро "аз кулоб" ном мебаранд. Шояд Мустафо "аз Кулоб" неву "аз Дангара" гуфтан мехост..??? Уро сарзаниш накунед....

Ном: Абдуллох аз: Мадина
26.11.2010 22:42
Садом Хусейн низ бо домоду духтархояш як вакт хукумати худкома дошт,кучо шуд.

Ном: рахмон аз: москва
26.11.2010 23:24
асалому алайкум бародарону хохарони азиз дар точикистон нав сар шуд кор

Ном: Беном
26.11.2010 23:40
Ман ба кормандои озоди е,ки дар дохили точикистон астан шумо, барои чи маколар пура нанвиштед? Ман аз сомонай 'СА' хондам бовр кунед, ними диграша кайчи кардагианд. Магр шумо метарсед ё ки номтон озодисту халос!
Дар посух

Ном: Мухаммадшариф аз: Душанбе
02.12.2010 03:53
Акаи Беном доим ба хама гап ёд медоди холо маьлум шуд ки унка басаводам нести. Охир ин маколаи дигар асту ун дигар ва дар ин ча танхо аз ун макола ёдовари шуда халос. Наход хаминра хам нафахмида боши. ё фарк надорад, як гап ётфа танкид кардан лозим да а?

Ном: Salom
26.11.2010 23:43
хукумати худкома чи гуна бархурд кардан бо мардуми мусалмони худро намедонад.
in guna sukhani ba haqiqat nazdikro kase dar tarikhi Tojikiston nagufta bud.

hukumati mo ba fikrash dar solhoi 1970 ast.
Iltimos janobi Oli hamon mushovirhoe ki ba nazdiki ba nazdat khondai dur kun vagarna pas aza hama in khidmathoi shoistaat nomat baraks meshavad
iltimos iltimos iltimos Janobi Oli mo agar dar sari qudrat ham naboshem kam az kam az hamin kishvar hastem ku

Ном: PATRIYOT аз: USA
27.11.2010 02:24
albatta maqolai jolib vale in tabiist hukumate ki khatari dar mavjudiyati khud ehsos kunad boyadHam ikdome kunad va alon hukumati Rahmonam ba nazaram khele khub in koro kard va kheleham huqumati khub ast dar 20 so mo hij vaqt USA NAMESHAVEM SHAROITROHAM NIGOH KUNED MO NA NEFT DOREM NA DIGAR MANOBAI TABII KI BA ON DIL BUBANDEM INSHALLOH HAMASH KHUB MESHAVAD BOYAD SABR KARD. DAR BORAI MAHALGARROI DAR TJ BOYAD GUFT KI DAR 70 SOIL HUKUMATI USSR MAGAR ON AZIZIONI KI DAR SARI HUKUMATI TOJIK BUDAND CHIKOR KARDAND INRO METAVON KHELE KHUB FAHMID SHARI KHUJANDRO BO DUSHANBEI QABL AZ SOLI 2000 MUQOISA KUNED PAS NOSHUKRI NAKUNED MASALAI MAHALGAROII FAQAT DAR TOJIKISTON NEST IN DAR TAMOMI DUNE HAST BUD VA KHOHAD MOND.
Дар посух

Ном: Alokhon аз: Tver
27.11.2010 10:25
Бародари азиз оре мо наметавонем, ки дар муддати 20 сол чун Америка шавем. Вале агар шумо боре сафи бекори ва фасодро дар Точикистон назар андозед хар сол афзоиш ёфта истодааст на кам шуда истоааст! Шумо агар боре ба Россия оед ва ба холи точику Точикистониён назар афканед бо боварии комил мегуям, ки дигар заррае хам аз ин хукумати ба фасод рафтаи мо пуштибони намекунед. Иллати асоси кафомнии мо ин фасод, хешу таборгарои ва бедонишии хукуматдорон аст, на ришу хичоб!

Ном: Qahor аз: Maskva
27.11.2010 08:31
Voqeyat dar maqola haqeqat ba tavre oshkor bayon shudast.Rahmonef bo seyosate peshgerftaash davlate mahaleashro bo daste xudash shoyad nobud sozad.President agar xohad obru paido kunad mahalgaroero az keshvar dur kunad va ba insonhoe boestedodu bo saloheyat az tamome mentaqahoe Tojikiston vazefa taqsem kunad.Tojikiston az faqat az Kulobeho nest en mulk mulke tamome Tojikhost va Tojiki bosavod va bo estedod boyad rahbaree en mellatro badush gerand.

Ном: точик аз: точикистон
27.11.2010 08:32
Махалгарои харчанд падидаи хуб нест аммо ихтирои Эмомали Рахмон нест. Дар замони Шурави аз як вилояти бузурги Кулоб хамаги як вазир, аз водии рашт як вазир ва аз бадахшон як вазиру раиси шурои оли буду халос, Шурави ки бархам хурд хучандихо хамин раиси шуроро низ сохиб шуданд. 60 сол хукумат аз як чамоат буд. Ин расмро шикастан мушкил аст. харчанд Эмомали Рахмон кушиши хамчун халк мардуми точикистонро ташкил кардан дорад аммо баъзе гуруххои дохили ва гурухи хурди милатгароёни узбекистони ба ин монеъ шуда истодаанд.
Дар посух

Ном: Истам аз: Душанбе
27.11.2010 23:17
Агар хамонхоеро ки худаш танкид мекунад, аз вазифа пок кунад ва аз руи конкурс одамонро ба кор кабул кунад, хамааш 100 мешавад. Охир хамин Алимардонова нагуфтанд, ки чи кадар пули Банки миллиро нодуруст истифода кард. Вай чи кор кард, Алимардонро ба вазифаи болотар баровард.
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype