Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарди дили шумо дар қолаби рэп. Аз 80 сомонӣ то...)))


Рэпҳои ошиқона барои ҷавонони тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Дар ин авохир дар Тоҷикистон таронаҳои ошиқонае муд шудаанд, ки рэпсароёни тоҷик бо фармоиши ошиқони алоҳида ва махсус барои онҳо иҷро мекунанд. Як студияи сабти таронаҳои рэп дар Душанбе мегӯяд, рӯздармиён аз ҷавонон барои таҳияи таронаҳои ошиқона дар қолаби рэп фармоиш мегирад.

Дар шаҳри Душанбе студияҳое фаъол шудаанд, ки бо истифода аз қиссаҳои ҷавонон рэпсароён суруду тарона эҷод мекунанд. Гоҳе худи ҷавонон, ки ба ин студияҳо меоянд, то қиссаи ишқи худоро сароянд.

Студияи “Ҷадидон” дар пойтахти Тоҷикистон, яке аз ин студияҳост, ки ҷавонон ва ҳатто хонандагони мактабҳои миёна он ҷо рафта, қиссаҳои рӯзгори хешро нақл мекунанд ва бар асоси он суруди рэп эҷод мешавад.

Саидакбар Хоҷаев, ки дар байни рэпсароён бо тахаллуси “Элн” маъруф аст ва аз масъулони студияи “Ҷадидон” мебошад, рӯзи 1 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо ҷавонони зиёде муроҷиат мекунанд, ки мехоҳанд масоили зиндагияшонро тариқи рэп ба мардум шунавонанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Хоҷаев, ҷавонон гоҳо худ низ матни рэпро менависанд ва онҳо онро таҳрир карда, оҳанг мебанданд. Аммо дар бештари мавридҳо одамон ҳодисаҳоеро, ки дар ҳаёташон рух додааст, нақл мекунанд ва фармоиш медиҳанд, ки ин ё он лаҳзаи ҳаёташон бояд тасвир ёбад ва тариқи рэп суруда шавад.

Саидакбар Хоҷаев
Саидакбар Хоҷаев

Саидакбар Хоҷаев ҳамчунин мегӯяд, ҷавононе ҳастанд, ки садои хуб доранд ва рэпро низ хуб месароянд: “Бештари ҷавонон аз ишқу аз зиндагии вазнин шикоят мекунанд. Омада шикоят мекунанд, ки арӯсҳояшон онҳоро “кидат” кардаанд. Аз сабабе ки пулу мол надоранд, камбағаланд, дӯстдухтарашон рафтааст дунболи кадом марди пулдор. Ҳар ҷавоне назди мо омада дарди дил мекунанд. Рэп фармоиш медиҳанд,ман мегӯям ,ки аз рэп сароидан ё дарди дил кардан фоида нест. Беҳтараш рафта кор кунанду он чизеро ба даст биёранд, ки арӯсашон мехоҳанд. Чизи хостаи арӯсашонро бурда тақдимаш кунанд ва дили ӯро дубора ба даст биоранд. Аммо касе инро қабул намекунад.”

Ба таъкиди масъулони студияи “Ҷадидон”, ҳар суруди рэпе, ки фармоиш дода мешавад, таҳияаш вобаста ба матни суруд вақт мехоҳад ва навиштани матни як таронаи рэп метавонад аз як соат то як моҳ идома кунад.

Масъулони студияи “Ҷадидон” мегӯянд, дар баробари он ки ҷавонон аз камбуди зиндагии хеш шиква мекунанд, нафароне низ ҳастанд, ки дар арафаи идҳо ваё дар зодрӯз барои шахсони азизашон рэпҳои табрикӣ фармоиш медиҳанд.

Муҳаммад, сокини 19-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз бевафоии дӯстдухтари хеш шиква дорад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз он ки ҷавонон тариқи рэп ҳама мушкили худро месароянд, ӯ низ тасмим дорад ин корро анҷом диҳад. Сӯҳбати мо бо ин ҷавон дар ҳоле сурат гирифт, ки Муҳаммад низ мисли мо нишонии студияи “Ҷадидон”-ро мепурсид. Муҳаммад ба мо гуфт, ки як рафиқаш, ки падар надорад ва зиндагияш вазин аст, мушкилоташро бо рэп сароидааст ва ин барояш хело писанд афтодааст.

Тавре аз сӯҳбат бо Муҳаммад маълум гардид, ӯ духтари ҳамсояашонро дӯст медорад, аммо алакай духтарро ба каси дигар номзад кардаанд. Муҳаммад мехоҳад пас аз омода шудани рэп онро ҳатман ба он духтар тақдим кунад.

Аммо Сабзалии Муллозодаи 21- сола, алаккай бо пардохти 80 сомонӣ қиссаи худро ба қолаби рэп даровардааст. Вай низ мисли бештари ҷавонони тоҷик аз бевафоии дӯстдухтараш ва камбағал будани хеш нола дорад. Сабзалӣ мегӯяд, азбаски онҳо ҳанӯз имкони сохтани хонаи худро пайдо накардаанд, модари дӯстдухтараш гуфтааст, ки онҳо аввал хона ёфта, баъд хостгори духтараш шаванд. Шакли ибтидоии сурудро Сабзалӣ худаш навиштааст: “Мо худамон бо ҷӯраам аввал рэпро навистем баъд ба студия бурдем ва онҳо дар ивази 30 сомонӣ онро ислоҳ карданд. Гуфтанд, худатон мехонед? Мо гуфтем, не. Ва боз 50 сомонии дигар додему худашон хонда, сурудро сабт карда, доданд.”

Аммо Саидакбар Хоҷаев мегӯяд, онҳо танҳо барои матни тарона аз 100 то 500 сомонӣ мегиранд.

Ҳасан Абдуҷаббор матни навбатиро бо фармоиши муштарӣ омода мекунад
Ҳасан Абдуҷаббор матни навбатиро бо фармоиши муштарӣ омода мекунад

Ҳасан Абдуҷаббор, хонандаи синфи 10-и яке аз мактабҳои пойтахт дар студияи “Ҷадидон” ҳам рэп месарояд ва ҳам мувофиқ ба дархости ҳамсолонаш матни таронаҳои рэпро менависад. Ҳасан танҳо дарди дили ҳамсолонашро гӯш карда, ишқи “мактабӣ”-и онҳоро дар қолаби рэп медарорад. Ҳасан ҳамчунин аз мушкили зиндагии хеш низ месарояд: “Худам падар надорам ва дар васфи падарам ва мушкиле, ки модарам дар зиндагӣ дорад, рэп месароям. Ҳамчунин дар бораи ишқ ҳам мехонам.”

Ҳасан ва ҳамкоронаш мегӯянд, гоҳҳо духтарон ҳам ба онҳо муроҷиат мекунанд, ки дарди дилашонро дар қолаби рэп бисароянд. Аммо дар бештари мавридҳо духтарон худ матни рэпро менависанд ва аз кормандони ин студия хоҳиш мекунанд, ки онро сароянд.

Ба иттилои масъулони студияи “Ҷадидон”, моҳе то 15 нафар, аксар наврасон, барои арзи дили худ ба ин студия муроҷиат мекунанд. Ҳоло дар ҳар як ноҳияи шаҳри Душанбе на камтар аз 5 ё 6 студияи рэпсароӣ фаъол аст.

Мастер Исмаил
Мастер Исмаил

Рэпсароӣ дар ҷомиаи Тоҷикистон дар солҳои охир роиҷ шуд. Соли 2012 дар арафаи иди Наврӯз шабакаи телвизионии “Пойтахт” ҳатто озмуни рэпсароёнро дар шаҳри Душанбе созмон дода буд. Баха84, Мастер Исмаил ва Шон МС аз маъруфтарин хонандаҳои рэпи тоҷикӣ ба шумор мераванд. Овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё низ як бор бо Мастер Исмаил ва ахиран бо Баха 84 рэп хондааст. Баха 84 соли гузашта бо Шаҳроми Абӯбакр, як овозхони дигари эстрада, низ таронаи “Дили девона”-ро таҳия карда буд, ки аз маъруфтарин таронаҳои сол шуд.

Аммо интиқодҳо аз ин сабки овозхонӣ ҳам дар Тоҷикистон кам нест. Мунтақидон бештар ба матн ва мазмуни таронаҳои рэп "мечаспанд" ва мегӯянд, бештари ин таронаҳо мисраҳои аз нигоҳи бори маънӣ хеле сабук доранд. Барои мисол, як овозхони рэп дар таронаи ошиқонааш мисрае дорад, ки: “Меҳре ки ба ту дорам, буз ба алаф надорад...” Ёбу гир:

XS
SM
MD
LG