Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯймол ва либоси миллӣ ба ҷои ҳиҷоб дар Донишкадаи исломӣ


Тасмим аст, шеваи либоспӯшӣ ва рӯймолбандии духтарони Донишкадаи давлатии исломӣ ва Гимназияи исломии Тоҷикистон тағйир ёбад.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон тарҳи либоси ягона барои омӯзгорону духтарони Донишкадаи исломии Тоҷикистонро омода дорад. Ин амр тибқи як дастури ҳукумати Тоҷикистон рӯйи даст гирифта шудааст ва масъулини кумита мехоҳанд бо ҷалби тарроҳон, барои омӯзгорону муҳассилини донишкада ва гимназияи исломӣ либоси ягона коркард кунанд.

Як масъули ин кумита, ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо мехоҳанд либоси занон бештар шакли миллӣ дошта, рӯймолбандӣ ҳам “тоҷикӣ” бошад ва ба матои атлас бартарӣ дода шавад: “Мо пешниҳод дорем аслан либос дорои арзишҳои миллӣ ва айни замон, замонавӣ бошад. Мисоли оддӣ ҳамин шерозе, ки дар поҷомаи занони мо буд, ҳамин ҳифз шавад. Ва барои он, ки гардан пӯшида бошад, куртаҳои гиренбондор барои худ таҳия кунанд.”

Ин тасмим ҳам дар ҳолест, ки донишкада ва гимманзияи исломии Тоҷикистон, ягона муассисаи таълимие дар Тоҷикистон ҳастанд, ки бо таваҷҷӯҳ ба исломӣ будан, духтарон иҷозаи бо сатр ба дарс омаданро доштанд. Либоси маъмулии омӯзгорону духтарони ин таълимгоҳ ҳиҷоби исломӣ буд. Онҳо рӯймоли калон бо шеваҳои мухталиф басташуда ва куртаҳои дарозу озод ба бар мекарданд.

Пӯшиши ин навъи либос ё худ сатр дар тайи чанд соли ахир миёни занону духтарони тоҷик роиҷ ва як навъ муд шуда буд. Бозору мағозаҳо дар кишвар ҳам дар ин муддат пур аз сатру ҳиҷобе шуд, ки маъмулан аз кишварҳои арабӣ ва Туркия ворид мешуд. Мақомоти Тоҷикистон ҳам бо нигаронӣ аз майли занон ба "либоси бегона" ва эҳтимоли рушди мафкураи тунди мазҳабӣ талоши тағйири ин падидаро намуданд ва бо роҳандозии барномаву қоидаҳои нав пӯшиши ин либосро дар муассисаҳои таълимӣ ва ҳамин тавр идораҳои давлатӣ манъ кард.

Президент Раҳмон борҳо дар мулоқотҳояш бо занон ҳам бо интиқод аз либоси исломӣ ва бегонаи занон, ба масъулин дастур дод, ки якҷо бо тарроҳон як тарҳи либоси намунавиро барои занони пешниҳод ва ташвиқ намоянд. Бо таваҷҷӯҳ ба дастури вижа, Донишкадаи давлатии исломӣ ҳам ахиран як тарҳи либос барои омӯзгорону занони ин муассисаро ба кумитаи кор бо занон пешниҳод кард, аммо ба далели чандон мувофиқ набудани ин либос ба фарҳангу арзишҳои миллӣ он қабул нашудааст.

Искандаршоҳ Умаров, муовини ректори Донишкадаи исломӣ мегӯяд, тарҳро худи масъулини донишкада омода карда буданд ва он ҳам шабеҳ ба дӯхти миллӣ буд: “Масалан пешниҳод буд рӯймоли духтарон на мисли ҳозир, тавассути сӯзан, бкли мисли либосу модарони занони тоҷик баста шавад. Вале кумитаи занон гуфт, мо тарҳи худро пешниҳод мекунем, мо ҳам гуфтем пас биёед бо хоҳарон сӯҳбат кунем.”

Оқои Умаров мегӯяд, ҳадаф аз тағйири либосу рӯймоли духтарони донишкада, роиҷ ва ташвиқи фарҳангу либосии миллии тоҷикон аст: “Ҳадафи мо ин аст, ки имрӯз хоҳарони мо либоси на Аврупоро пӯшанду на чодари сиёҳи Эрон. Фақат либоси миллии модаронро ба бар кунанд. Модарони мо рӯймоле доштанд, ки онҳоро пӯшонида буд, кӯртаҳои одии тоҷикӣ буд либосашон.”

Масъулони донишкада мегӯянд, сару либоси духтарон дар ин муассиса дар як соли ахир то ҷое тағйир ёфтааст ва ҳоло ба гуфтаи онҳо, дигар нафаре бо чодари сиёҳ ба дарс ҳозир намешавад. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи масъулони донишкада, либоси миллӣ барои духтарон ба фарқ аз ҳиҷобу сатри бегона, ки бо нархи гарон дастрас мешавад, нисбатан камхарҷтар аст. Омӯзгорон ва духтароне, ки дар донишкада ва гимназияи исломии Тоҷикистон тадрис доранд, мегӯянд, онҳо ба либоси миллӣ мухолифат надоранд ва дар пайи таъкидҳои масъулини донишкада, барои напӯшидани либоси “арабӣ” ва “туркӣ” онҳо дигар бо куртаву поҷома ба дарс меоянд.

Аммо ин духтаронро тасмими тағйир додани тарзи рӯймолбандӣ нигарон кардааст. Муҳаббат, яке аз муҳассилини Донишкадаи исломӣ ба шарти тағйир додани номаш гуфт, ”ба мо ҳоло ягон намунае нишон надодаанд, фақат лафзӣ мегӯянд, ки либосатон бояд ҳамингуна бошад, яъне тоҷикӣ. Мегӯянд, шумо барои дигар занони кишвар бояд намуна бошед. Вале мо, ки як донишҷӯ ҳастем, кӯшиш мекунем ба қонуну қоидаи донишгоҳ риоя кунем, агар албатта он хилофи ақидаву динамон набошад.”

Бархе аз муҳассилини ин муассиса мегӯянд, то имрӯз борҳо таъкид гирифтаанд, ки бояд рӯймол ё сатрашонро тағйир диҳанд “вагарна эҳтимол дорад таҳсили духтарон дар ин муассиса манъ хоҳад шуд”. Як омӯзгори ин муассисаи таълимӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт, дар сурате, ки агар либоси пешниҳодкардаи мақомот ба эътиқодашон мувофиқ набошад, водор мешаванд тарки кор ё дарс кунанд.

Аммо масъулини Кумитаи кор бо занон, ниҳоде, ки масъулияти муайян кардани либоси ягона барои ин духтаронро ба дӯш дорад, мегӯянд, дар таҳияи тарҳи либос, назару андешаҳои донишдухтаронро ҳам ба инобат хоҳанд гирифт ва қабл аз мушахас кардани ин тарҳ, мулоқоти тарроҳон бо духтарони донишкадаро ташкил мекунанд.

XS
SM
MD
LG