Чоршанбе, Октябр 01, 2014

Тоҷикистон

Бозпурсии даҳҳо коргари кони Назарайлоқ

Даҳҳо коргари кони ангишти Назарайлоқ дар иртибот ба ҳодисаи қатли Нуриддин Темиров, раиси ин кон бозпурсӣ шуданд.

x
Як масъули шӯъбаи минтақавии корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт рӯзи чоршанбеи 4 сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "рӯзи гузашта даҳҳо тан аз коргарони кони Назарайлоқ, бо шумули масъулони он ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ин минтақа  оварда ва бозпурсӣ шуданд."

Ба гуфтаи ин манбаъ "пурсидашудагон аз вуқӯъи ҳодисаи қатли Нуриддин Темиров изҳори бехабарӣ карданд. Зеро ба таъкиди онҳо куштор шаб рух додааст ва коргарон дар он соатҳо дар маҳалли кор набуданд."

Ба таъйиди ин манбаъ, аз шумори пурсидашудагон 10 нафар  дар шӯъбаи корҳои дохилии минтақаи Рашт мондаанд. Аммо то кунун гурӯҳи тафтишот ҳеҷ далелеро дар иртибот ба ин куштор ошкор накарданд.

Ин дар ҳолест, ки дар маҳали ҳодиса гурӯҳе аз мақомоти вазорати корҳои дохилӣ ҳамроҳ бо мақомоти аминяти минтақа ва додситонӣ қарор доранд ва ҷанбаҳои қатли Нуриддин Темировро таҳқиқ мекунад. Ба гуфтаи манбаъи Озодӣ, онҳо намунаҳое аз нишонаҳои амали кушторро ба маркази ташхисии  вазорати корҳои дохила фиристодаанд.

Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилӣ, "тахминан соати 00:30 дақиқаи шаби 1-ум ба 2-уми сентябри соли равон шахсони номаълум ба утоқи истироҳатии директори кони ангишти Назарайлоқи ноҳияи Рашт, Нуриддин Темиров, соли таваллудаш 1958,  истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе даромада, бо истифода аз силоҳи оташфишони таппончаи тамғаи “Макаров” ӯро паронда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки дар натиҷа ба ҳалокат расидааст."


Як масъули шӯъбаи минтақавии корҳои дохилӣ дар Рашт, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки афроди ношинос шабона ба утоқи Нуриддин Темирови 55-сола  ворид шуда, ба сараш 3 тир ва 4 тири дигар ба баданаш задаанд.

Нуриддин Темиров, маъруф ба Ҳоҷӣ Нуриддин дар шаш соли пеш ба мақоми раиси кони ангишти Назарайлоқ таъин шуда буд. Ӯ аз афроди наздик ба Ҳасани Асадуллоҳзода, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раиси "Ориёнбонк" шумурда мешавад, ки ба манзури истифодаи захираҳои кони Назарайлоқ барои таъмини корхонаи ТАЛКО ба ин мақом мансуб шуда буд.

Вале ба гуфтаи сокинон, бахше дигаре аз ин кон таҳти назорати Шоҳ Искандаров, собиқ фармондеҳи нерӯҳои мухолифин ва ҳоло яке аз масъулони  шӯъбаи корҳои дохилии минтақаи Рашт қарор дорад.


Сокинони минтақаи Рашт аз Нуриддин Темиров ба некӣ ёд мекунанд ва мегӯянд, вай шахси саховатпеша буда, дар корҳои хайри мардум дасти ёрӣ дароз мекард ва ба масҷидҳо низ кумак мерасонд.

Хабарнигори Озодӣ аз Қӯрғонтеппа хабар дод, ки Нуриддин Темиров зодаи деҳаи "Ҳаёти нав" (маъруф ба Куйбешак)-и ноҳияи Бохтар буда, 4 фарзанд доштааст. Ӯ солҳои охир дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард.

Кони ангиши Назарайлоқ дар 300-километрии шарқи Душанбе, 90-километрии маркази ноҳияи Рашт ва 10- километрии Ҳоит воқеъ буда, захираи ангишташ беш аз 300 миллион тонна баровард мешавад.

Ба гуфтаи заминшиносон, ангишти Назарайлоқ аз навъи нодири антраcит аст, ки метавонад ба ҷои ангишти кокс истифода шавад. Ҳукумати Тоҷикистон дар пайи мушкил ва дар ин авохир комилан қатъ шудани воридоти газ аз Узбакистон барои таъмини фаъолияти корхонаҳои бузурги саноатиаш, аз ҷумла ТАЛКО, ба захираҳои ангишти дохилӣ, аз ҷумла ба кони Назарайлоқ дидаи таваҷҷӯҳ дӯхтааст. Вале ба иллати набуди зербино, ба хусус роҳҳои муносиби мошингард ва шароити сахти кӯҳистониаш, кони Назарайлоқ танҳо дар фасли гармо кор мекунад.

То чанд соли пеш кони Назарайлоқ як майдони рақобати гурӯҳҳои маҳаллии мусаллаҳ ва ҷиноӣ буд. Дар соли 2007 дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона хазинаи ин конро ғорат ҳам карда буданд. Вале дар пайи амалиёти ду сол пеши нирӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ дар водии Рашт фаъолияти гурӯҳҳои худсар дар ин минтақа хунсо гардида, иншооти муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла кони Назарайлоқ, таҳти контроли гурӯҳҳои молии наздик ба раҳбарони аввали кишвар қарор гирифтанд.

Ба бовари бисёриҳо, қатли Ҳоҷӣ Нуриддин Темиров метавонад аломати оғози марҳалаи нави тақсими қаламрави нуфуз дар атрофи ин кони муҳим бошад.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: Фирдавс аз: Душанбе
04.09.2013 10:36
Акнун кушунхои давлати вориди Рашт мешаванд ва халкро огох мекунанд. Агар котилонро насупоранд, онгох бомбаборон мекунанд.
Дар посух

Ном: Рудаки аз: Чоми
04.09.2013 13:49
Кушунхои хукумати дар Бадахшон шаттаи бисёр хурданд, вряд ли ба Рашт ворид шаванд.
Дар посух

Ном: Акбар аз: Айни
04.09.2013 15:06
Аввал ба Худованди муттаъол, ки шохиди хамагуна розхост дуъо мекунем, ки рухи Хочи Нуриддинро шод гардонида дохили чаннат гардонад ва ба фарзандону наздиконаш сабри чамил ато фармояд.
Оиди катли Хочи Нуриддин ва дигар ходисахои минтакаи Хоит хаминро иброз мекунам, ки хамааш кори дасти як гурухи муташшакил аст ва инро хамаи ахолии Хоит медонанд. Кони ангишти Назар-Айлок манбаи даромади ин гурухи муташаккил аст ки мутаасифона аз чониби Сарвари давлат авф гардидаанд. хамин гурух соли 2007 ба хазинаи кони ангишт хамлаи мусалахона карда пулхои корхонаро горат карданд. соли 2011 Мухандиси кухкор сардори карери кони ангишт Бадалов Точидидинро бо зарбаи чисми сахт ба халокат расониданд. сабабаш ин буд ки хачми 3000 тонна ангиштро аз кон горат карданд ва аз ин асрор Бадалов хабардор буд. аз руи ин казия корупсия ва СБ чумхури тафтишот карданд натичааш номаълум. Соли 2012 микдори 10000 литр сузишвории кони ангиштро аз систерна ба замин сар дода хисороти моли ба ин корхона расониданд. Хуллас хар сол аз ин кони ангишт хачми 3-8 хазор тонна ангишт ба ягмо бурда мешавад. Имсол мархум Нуриддин Темиров аз дасти ин гурух ба катл расонида шуд. ин суханхо хакикати талхи дарднок аст, ки чони мо дустони Хочи Нуриддинро ба дард меорад. Дигар намедонем киро боварикунем ба ки такя намоем ба кудрати Хукумати Точикистон ё хамингуна гуруххои муташаккил ки боз Рутбахои баланд ба онхо дода мешаванду озодона зиндаги менамоянд ОЗОДИ АГАР ЗАРРАЕ ХАКИКАТРО КАЙД КАРДАНИ БОШЕД ХОХИМАНДЕМ БА НАШР РАСОНЕД АКАЛЛАН ШУМО ОЗОРИ РУХИ НАРАСОНЕД!!!

Ном: Асрор
04.09.2013 12:42
Тарики рахмат шоистаи чаннат боши илохо! Шахси бо номусу нанг буд.Миллати Точик ро хеле дуст медошт.Чунки Точики асил буд.

Ном: Донишҷӯ аз: Ҳинд
04.09.2013 20:32
Салом ҳамватанони азиз.
Ман як пешниҳод дорам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Хуб мешуд ки, ҳамаи конҳои ҷумҳури дорои суратҳисоби махсус бошанд ва ҳар хиридор маблағи умумии ангиштро қабл аз рафтан ба кон ба суратҳисоби махсуси кон супорад. Ҳангоми ба кон рафтан нусхаи супоришномаи пардохтиро ба маъмурияти кон супорад ва мувофиқи нархномаи давлатии арзиш барои 1кг ангишт, ангишт харидори намояд. Дар ин ҳолат ҳам буҷаи давлат ғанӣ мегардад ва ҳам шаффофият дар корҳои молиявӣ мегардад.
Чаро ки ҳозир ҳамаи харидорон бо маблағҳои нақдии калон ба кон мераванд ва ҳамонҷо маблағи ангиштро ба маъмурияти кон месупоранд. Худо медонад ки, чи қадар аз ин маблағҳои ҷамъшуда ба буҷаи давлат меравад.
Ҳарчи тезтар ҷори кардани низоми мазкур бисёр маҳим ва муфид мебошад.
Худованд, майитро раҳмату мағфират кунад.

Ном: Наркучкор аз: Пархор
04.09.2013 22:34
Ба пикрум хами наздикиба капатона чунон дуд мукнум,ки ак-актона у ай усуи водии Паргона ам мушнаван. Холи бестен касопато!!!

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype