Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойтахтро аз лаълиҳои моҳвораӣ "тоза" мекунанд (ВИДЕО)


Мақомоти Ашқобод, пойтахти Туркманистон гуфтаанд, гӯё барои коста нашудани ҳусни ин шаҳр тамоми лаълиҳо ё мавҷгирҳои моҳвораиро аз болои боми биноҳои баландоёшна меғундоранд.

Мақомоти Ашқобод, маркази Туркманистон, тасмим гирифтаанд, лаълиҳои хурду бузурги моҳвораиро аз болои боми биноҳои пойтахти ин кишвар барчинанд, ки ба қавли онҳо ҳусни шаҳрро коста мегардонад. То кунун чанде аз маҳаллаҳои пойтахти Туркманистонро аз мавҷгирҳои моҳвораӣ тоза карда, дар иваз ба сокинон пешниҳод намудаанд, аз "телевизионҳои кабелӣ" истифода кунанд. Аммо бархилофи мавҷгирҳои моҳвораӣ тамоми барномаҳои телевизионҳои кабелӣ танзимшуда ва бештар фароғатӣ будаанд.

Мақомоти Туркманистон дар бораи ин тасмими худ ҷузъиёти бештаре надодаанд, аммо таҳлилгарон мегӯянд, ин иқдом барои масдуд кардани дастрасии сокинони ин кишвари пасошӯравӣ ба барномаи телевизионҳои ҷаҳонист, ки ҳоло тамошояш камубеш тавассути моҳвора имконпазир аст.

"Умуман дар Туркманистон озодии матбуот вуҷуд надорад. Ин нақзи рӯирости ҳуқуқи шаҳрвандон барои дастрасӣ ба иттилоъст. Ин нақзи озодии баён аст,"--мегӯяд раҳбари созмони Human Rights Watch Денвер Рейчел.

Ин бори аввал нест, ки Туркманистон бо лаълиҳои моҳвораӣ даст ба гиребон мешавад. Дар гузашта низ мақомоти Ашқобод гуфтаанд, ин лаълиҳо ҳусни зебои шаҳрашонро коста мегардонанд ва бояд аз болои бомҳо барчида шаванд. Ҳоло коршиносони мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқ аз созмонҳои байнулмилалӣ даъват доранд, то бо мақомоти Туркманистон вориди гуфтугӯ шуда, пеши тасмими онҳоро бигиранд.

Гузориши "Настоящее время":

Ашқободро аз лаълиҳои моҳвораӣ "тоза" мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

Вале танҳо Туркманистон нест, ки бо мавҷгирҳои моҳвораӣ “ҷанг” эълон кардааст. Дар Беларус, кишвари дигари пасошӯравӣ ҳанӯз ду соли пеш қароре ба тасвиб расида буд, ки бар асоси он шаҳрвандон ҳаққи мустақилона насб кардани лаълиҳои моҳвораӣ дар болои биноҳои баландошёнаро надоранд.

Светлана Калинкина, хабарнигори мустақил, мегӯяд, манъи телевизионҳои моҳвораӣ орзуи ҳар як ҳукумати авторитарист, ки бо он мехоҳад, одамон ончиро донанд, ки ҳукумат ҷонибдораш ҳаст. "Барои ҳамин, ҳамагуна манобеи алтернативии иттилоотиро мебанданд. Интернетро маҳдуд мекунанд ва намегузоранд, соҳиби антеннаҳои моҳвораӣ бошӣ. Ин ҳама мубориза бо ҳақиқат аст. Ин тасмими муваффақ нахоҳад буд, аммо барои чанд муддати кӯтоҳ метавонад таъсир дошта бошад,"--афзуд Светлана Калинкина.

Аммо ба фарқ аз Туркманистон, ки бе ягон ҳарфу ҳиҷо лаълиҳои моҳвораиро бармечинад, Беларус барои сокинонаш имкон додааст, агар дар гузашта бо хости худ болои боми биноҳои баландошёна лаълии моҳвораӣ гузоштаанд, ҳоло иҷозаи расмӣ дарёфт намоянд.

Мавҷгирҳои моҳвораӣ болои боми яке аз биноҳои истиқоматӣ дар Душанбе
Мавҷгирҳои моҳвораӣ болои боми яке аз биноҳои истиқоматӣ дар Душанбе

То 10-15 соли пеш шумори мавҷгирҳои моҳвораӣ дар Тоҷикистон низ хеле андак буд ва на ҳар сокини кишвар тавони харидории ин мавҷгирҳоро дошт. Аммо акнун бозори Тоҷикистон моломол аз маҷвгирҳои чинӣ шудааст, ки тақрибан ҳар сокини кишвар тавони харидории онро дорад ва метавоанд болои боми хонааш ва ё биноҳои баландошёна насб кунад.

Аз замони Шӯравӣ то кунун фазои иттилоотии Тоҷикистонро расонаҳои телевизонии Маскав умдатан шакл медоданд. Аммо густариши моҳвора чандин шабакаи диргарро ба фазои иттилоотии Тоҷикистон таъсиргузор кард. Шабакаи "Тулӯъ" ба далели пахши филмҳои ҳиндӣ ва туркӣ бо тарҷумаи дарӣ, шабакаи "Евронюс"-и Аврупо, телевизиони Би-би-сии форсӣ ба далели пӯшиши хабарии ҳаводиси ҷаҳон аз телевизонҳои пурбинада дар Тоҷикистон ҳастанд.

Ҳатто дар чойхона ва маҳаллаҳои ҷамъиятӣ низ истифода аз моҳвора ва тамошои шабакаҳои телевизионии хориҷӣ расм шудааст. Тоҷикистон чор шабакаи телевизонии саросарӣ дорад: Шабакаи аввал, "Сафина", "Баҳористон" ва "Ҷаҳоннамо". Вале бештари вақти эфири ин шабакаҳо, ба истиснои "Ҷаҳоннамо", сарфи нашри барномаҳои мусиқӣ мешавад. Ва ин аст, ки лаълиҳои хурду бузурги болои бомҳои Душанбе нишони камтаваҷҷӯҳии бинандагон ба чаҳор шабакаи саросарии дохилӣ боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG