Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии САҲА аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон


Намояндагони САҲА дар ҳошияи як нишасти байналмилалӣ дар Душанбе аз вазъи кунунии озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд.

Дуня Миятович, намояндаи Созмони амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар умури оид ба озодии баён дар мулоқоташ бо вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов вазъи озодии баён ва матбуот дар ин кишвари пасошӯравиро матраҳ кардааст.

Дуня Миятович ба манзури ширкат дар анҷумани 17-уми матбуоти Осиёи Марказӣ, ки САҲА ҳар сол доир мекунад, дар Душанбе қарор дорад. Ин анҷумани дурӯза, ки рӯзи 19 ноябр ба кори худ оғоз кард, инак бори шашум дар пойтахти Тоҷикистон доир мешавад. Мавзӯъи баҳси ин конфронс “Гузаштан ба пахши рақамӣ - ҳамчун василаи озодии баён” интихоб шудааст.

Анҷумани матбуоти Осиёи Марказӣ дар Душанбе имсол дар шароите доир мешавад, ки бархе иқдомҳои ахири мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла пайваста маҳдуду масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва боздошти дастикам 2 хабарнигори марбут ба ҳизби наҳзати исломӣ дар пайи ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябр мояи нигаронии ниҳодҳои байналмилалии ҳомии озодии баён шудааст. Дар анҷумани Душанбе ҳам як мавзӯи аслии баҳсҳо пайдарпай маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ ва эҷоди мушкилот дар роҳи дастрасӣ ба интернет буд.

Аммо Сироҷиддин Аслов дар анҷумани Душанбе гуфт, ҳукумати Тоҷикистон ба ӯҳдадориҳояш дар мавриди риояи озодии матбуот ва озодии баён содиқ мемонад. Аслов аз ҷумла гуфт: "ҳукумати Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия ва тааҳудоти байналмилалиаш талошҳо барои муҳаё кардани шароити мусоид барои озодии сухан ва матбуот, дастрасӣ ба иттилоот, амният ва заминаҳои ҳуқуқӣ барои пешрафти фаъолияти хабарнигориро идома медиҳад."

Андрей Рихтер, мушовири Созмони амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озоди матбуот ва супоришҳои вижа дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо умедворанд, ки гуфтугӯҳо миёни намояндагони САҲА ва мақомоти тоҷик дар мавриди вазъи озодии баён дар Тоҷикистон натиҷаи мусбат хоҳанд дод.

САҲА аз вазъи матбуоти Тоҷикистон нигарон аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Радиои Озодӣ: Чаро маҳз мавзӯи “Гузаштан ба пахши рақамӣ ҳамчун василаи озодии баён”-ро баррасӣ кардед? Ин мавзӯъ чӣ аҳамият дорад?

Андрей Рихтер: Ин маротибаи шашум аст, ки дар Душанбе Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо конференсияи худро баргузор мекунад. Ҳар навбат мо дуру дароз сари мавзӯъ фикр мекунем, то барои

Андрей Рихтер (аз чап) зимни суҳбат бо хабарнигори Озодӣ.
Андрей Рихтер (аз чап) зимни суҳбат бо хабарнигори Озодӣ.

журналистони ҳар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ки гузаштаи муштарак доштанд, ҷолиб бошад. Дар ин навбат мо масъалаи боло бурдани касбият, гузаштан ба пахши рақамӣ ва гуногунандешӣ дар матбуотро интихоб кардем. Гузаштани ВАО ба пахши рақамӣ аз як сӯ умумӣ ба назар мерасад, аз сӯи дигар мавзӯъи хос буда, ҳам барои ҳукумат, ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва ҳам шаҳрвандон ҷолиб аст. Ҳар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳоло талош доранд, то ба пахши рақамӣ гузаранд. Масъалаи гуногунандешӣ-ин яке аз маҳаки фаъолияти кории мо ҳаст. Фаъолияти ВАО бидуни гуногунандешӣ ҳеҷ маъно надорад. Ба ин хотир барои мо ҷолиб буд, то роҳҳои техникии гузаштан ба пахши рақамии ВАО ва гуногунандеширо ҳамчун як раванди муҳими сиёсӣ баррасӣ кунем.

Радиои Озодӣ: Шумо вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва умуман, гузаштан ба пахши рақамӣ чӣ таъсире матавонад ба ин раванд гузорад?

Андрей Рихтер: Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон чандон ҳоли хубе надорад. Мо ҷиддан вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро назорат дорем. Мебинем, ки таҳавулотҳои сиёсие, ки дар кишвар мегузарад, чӣ гуна ба озодии матбуот таъсир расондааст ва то ҳанӯз таъсир мерасонад. Мусоҳибони аслии мо ин ҷо оид ба озодии ВАО сохторҳои

давлатӣ ва ғайридавлатие ҳастанд, ки риояи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва озодии баёнро таҳти назорат доранд. Вақте дар бораи озодии баён сӯҳбат мекунем, набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистон давраи гузаришро ҳанӯз пушти сар накардааст. Аз ин рӯ, фикр мекунем, ки рушди техникӣ ва иттилоотӣ ин кафолати рушди гуногунандешӣ буда метавонад, чун бо дастрасии васеъ ва озод ба интернет, мо умедворем, то имконоти истифодабарӣ аз интенет ва телевизионӣ рақамӣ, ки имкон медиҳад шабакаҳои бештар дастрас шавад, метавонад боиси боло рафтани огоҳии мардум ва табодули афкор дар мавзӯъҳои мухталиф шавад.

Радиои Озодӣ: Дар дидор бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон вазъи озодии баёнро низ матраҳ кардед?

Андрей Рихтер: Дар ҳошияи ин нишаст Дуня Миятович (намояндаи САҲА оид ба озоди баён) бо Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ин мавзӯъро матраҳ карданд. Умедворем, ки хулосаи ин гуфтугӯҳо миёни намояндагони САҲА ва мақомоти тоҷик то поёни нишаст эълон хоҳанд шуд. Мо дар дидор бо мақомоти тоҷик танҳо вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро дар миён гузоштем.

XS
SM
MD
LG