Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Идомаи узвият дар ҲНИТ ҷавобгарӣ дорад


Аъзои боздоштшудаи ҲНИТ
Аъзои боздоштшудаи ҲНИТ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз оқибати идомаи узвият дар ҲНИТ ҳушдор дода, аз аъзои ин ҳизби мухолиф хостааст, кортҳои узвияти ҳизбияшонро ба мақомот бисупоранд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3 октябр бо нашри як шарҳ дар сомонаи расмиаш аз ҳамаи аъзои ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ки фаъолияташ бо қарори Додгоҳи олӣ аз 29 сентябр манъ шудааст, даъват кард, то ҳуҷҷатҳои узвияти худро ба мақомот бисупоранд.

Дар ин шарҳ, ки бо номи "Посух ба саволи шаҳрвандон" нашр шудааст, гуфта мешавад, мақомоти корҳои дохилӣ ба ин мазмун ки оё баъди (ташкилоти ифротгарою (экстремистӣ)-террористӣ" эътироф шудани ҲНИТ аъзои собиқи он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд?, аш оё собиқ аъзоёни ин ҳизб ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд?, суоли зиёд мегирад. Дар посух ба ин суол дар ин шарҳ гуфта мешавад, ки "шахсоне ки ихтиёран аз аъзогии ин ҳизб баромадаанд ва баъди манъ доштани фаъолияти ҳизб ҳамкориро бо он қатъ намудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кирдори онҳо таркиби ҷиноят дида намешавад ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд."

Аммо онҳое, ки бо вуҷуди ҳукми Додгоҳи олӣ дар сафи ҲНИТ мемонанд ваё тоза ба он мепайванданд, бино бар ин шарҳ, "тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобарии ҷиноятӣ кашида мешаванд."

Дар поёни шарҳ ба аъзои ҲНИТ як машварат ҳам дода шудааст: "Шахсоне, ки бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи аъзои ин ҳизбро доранд, метавонанд ин ҳуҷҷатҳоро ба сохторҳои вилоятию шаҳру ноҳиявии Вазорати адлия ва ҳифзи ҳуқуқ оварда бо пешниҳоди ариза супоранд."

Нигарониҳо аз таъқибу боздошти аъзои ҲНИТ

Созмони "Муколамаи Аврупо" дар як баёния аз саркӯби мухолифини мӯътадили мазҳабӣ дар Тоҷикистон ва поймол шудани ҳуқуқи инсон дар ин кишвари пасошӯравӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин баёния, ки рӯзи 2 октябр нашр шуд, аз ҷумла гуфта мешавад: “Мо аз хатари афзояндаи поймол шудани ҳуқуқи инсон дар робита ба манъи ахири фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва ҳабсу боздошти 13 узви он аз аввали моҳи сентябр нигарон ҳастем.”

Ин созмон ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то ба тааҳҳудоташ ҷиҳати риояи ҳуқуқи инсон амал кунад: “Мо аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунам, то замонат бидиҳанд, ки ҳар тадбирашон дар роҳи мубориза алайҳи “терроризм” ва “ифротгароӣ” дар мутобиқати пурра бо қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар анҷом хоҳад шуд.”

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

ҲНИТ, бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 29 сентябр расман созмони террористӣ эълон гардида, фаъолияташ манъ карда шуд. Қаблан мақомоти Тоҷикистон дар пайи анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим аз боздошти 13 узви аршади ин ташаккули умдаи мухолифин, бо шумули ду муовини раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, хабар дода буданд. Додситонии кулли Тоҷикистон бо пахши як гузориши вижа гуфт, генерал Назарзода бо дастури раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ амал мекард ва ҳанӯз аз соли 2010 ба ошӯби мусаллаҳона алайҳи ҳукумати Тоҷикистон омодагӣ мегирифт.

Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, ошӯби генерал Назарзода ба дасти мақомоти Душанбе баҳонае барои тезондани маъракаи чанд сол боз идомадор барои манъи фаъолияти ин ҳизб дод.

Қарори манъи фаъолияти ҲНИТ ва боздошти дастикам 13 тан аз раҳбарони он дар чанд рӯзи охир мавриди интиқоду изҳори нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch, Amnesty International ва Freedom House қарор гирифта, сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ аз ин қазия изҳори ташвиш кард.

Ҳамин тавр, Комиссариати олии СММ дар масоили ҳуқуқи башар ва Иттиҳодияи Аврупо низ аз афзоиши хатари нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар паи манъи фаъолияти ҲНИТ ва боздошти фаъолони он изҳори нигаронӣ карданд.

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Дар баёнияи Комиссариати ҳуқуқи башари СММ аз 2 октябр таъкид шудааст, ки манъи фаъолияти ҲНИТ аз маъракаи тӯлонии фишор, таҳдиду тарс додан ва эҷоди монеа дар роҳи фаъолияти ин ҳизби мухолиф маншаъ мегирад. Ҳамчунин, ин ниҳоди СММ бо изҳори ташвиш аз боздошти 13 узви аршади ҲНИТ бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯби гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ва дастгир шудани Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи афроди боздоштшудани ин ҳизб ба гумони “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҳама тадбирҳо алайҳи “терроризм” ва “ифрогароӣ”-ро дар чорчӯби меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар роҳандозӣ карда, ҳуқуқи шарвандонро ба озодии баёну виҷдон, ҳамоишҳои сулҳомез, ширкат дар тадбири ҷамъиятӣ ва усулҳои ғайритабъидӣ эҳтиром гузоранд. Дар изҳорот таъкид мешавад, ки шароити боздошт ва қонунияти он бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ анҷом шавад”.

Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 1 октябр бо нашрия як баёния гуфт, созмони террористӣ эълом шудани ҲНИТ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон маҳдудияти бештарро болои озодии баён ва бисёрандешӣ ҷорӣ мекунад. Ба гуфтаи Майя Косянчич, сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо, ин тамоюл баъди интихоботи парлумонии моҳи марти имсол мушоҳида мешавад. Вай мегӯяд, ҳама қарорҳо дар мавриди манъи рақобати сиёсии ҳизби сиёсӣ бояд мавриди баррасии ҳуқуқии озоду боз қарор бигирад. Косянчич ҳамчунин бо ишора ба задухӯрдҳои мусаллаҳонаи оғози моҳи сентябр дар Тоҷикистон гуфт, Иттиҳодияи Аврупо мухолифати худро ба истифодаи хушунат зидди сохторҳои давлатии ин кишвар таъкид мекунад, вале ҳатто дар ҷараёни амалиёти низомӣ, ҳукумати Тоҷикистон бояд озодиҳои бунёдии шаҳрвандонашро кафолат бидиҳад.

ҲНИТ таърихи оғози фаъолияташро аз миёнаҳои солҳои 70, ки ҳанӯз Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, ҳисоб мекунад. Аммо ин ҳизб расман бори аввал дар поёни соли 1991 сабти ном шуда буд. Дар соли 1993, дар пайи пирӯзии Фронти халқӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ ва аҳзобу созмонҳои дигари шарикаш аз майдони Шаҳидонро манъ кард. Ин ҳизб дигарбора дар соли 1999, бар асоси созишномаи сулҳи байни давлат ва мухолифин иҷозаи фаъолият пайдо кард ва дар интихоботҳои парлумонии солҳои 2000, 2005 ва 2010 соҳиби ду курсии вакилӣ дар парлумон шуда буд. Вале дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли равон, бино ба натиҷаҳои расман эълоншуда, ҲНИТ ҳамагӣ 1,5 фоиз овоз гирифт ва аз ҳарду курсиаш дар Маҷлиси намояндагон маҳрум шуд.

XS
SM
MD
LG