Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Тағйири иқлим бузургтарин таҳдид ба кураи Замин аст


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама дар суханронии ҳафтагии худ ба масъалаи тағийри обу ҳаво дар ҷаҳон дахл карда гуфт, "имрӯз таҳдиде бузургтар аз таҳдиди тағйироти обу ҳаво барои кураи Замин вуҷуд надорад".

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико гуфтааст, масъалаи тағйири обу ҳаво ҷиддитарин таҳдид барои кураи Замин аст. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Обама рӯзи шанбе дар суханронии ҳафтагии худ дар остонаи рӯзи ҷаҳонии Замин, ки 22 апрел таҷлил мешавад, гуфтааст, "имрӯз таҳдиде бузургтар аз таҳдиди тағйироти обу ҳаво барои кураи Замин вуҷуд надорад".

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида афзудааст, дигар наметавон тағйироти обу ҳаворо инкор кард ва ё нодида гирифт. Амрико баъд аз Чин бештарин мизони тавлиди газҳои гулхонаиро дорад ва Барак Обама ваъда додааст, кишвараш то соли 2025 партоби гази карбонат ба фазоро дар муқоиса ба соли 2005 аз 26 то 28 дарсад камтар хоҳад кард. Чиҳилу панҷ дарсади газҳои олудакунандаи ҳаво, ки кураи Заминро гармтар кардаанд, аз Чину Амрико хориҷ мешаванд.

Барак Обама инчунин гуфта, ки ин масъала мавзӯе бузургтар ва фаротар аз даврони раёсати ҷумҳурии ӯст. Ӯ изофа кардааст, "мо танҳо як кураи Замин дорем. Ман мехоҳам дар оянда ҳангоме ки бо фарзандон ва набераҳоям рӯбарӯ мешавам, битавонам гӯям, ки ҳар он чи метавонистам барои муҳофизат аз кураи замин анҷом додам."

Соли гузашта Созмони Милал дар гузорише эълон кард, талошҳо барои ҷилавгирӣ аз падидаи гармоиши замин кофӣ нест ва ба иқдомоти

Қоҳир Расулзода
Қоҳир Расулзода

бештаре тайи солҳои оянда ниёз дорад. Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, ҳам ки моҳи сентябри соли гузашта дар иҷлосияи 69-уми Созмони Милал дар Ню-Йорк суханронӣ мекард, аз гармшавии ҳаво ва ҳамин тавр аз он ки масоҳати пиряхҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ хурдтар ва обшавияшон тезтар ҷараён мегирад, изҳори ташвиш карда буд. Ӯ гуфта буд, аз соли 1956 то 1990 майдони пиряхҳо, ки манбаи аслии об дар минтақаи Осиёи Марказиянд, то се баробар хурдтар шудаанду пиряхҳои Тоҷикистон дар даҳсолаи охир - то 30 дарсад камтар.

Дар идомаи баромадаш Қоҳир Расулзода ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҳам дахл карда ва гуфт, “истифодаи гидроэнергетика ҳамчун манбаи барқ иқтисод ва иҷтимоиёти кишварҳоро пеш бурда, барои дар сатҳи поин нигоҳ доштани ҷудошавии газҳои гулхонаӣ мусоидат мекунад”. Ба қавли нахуствазир, 98 дарсади барқ дар Тоҷикистон дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва 70 дарсади нерӯи барқ дар минтақа дар ТЭЦ-ҳо тавлид мешаванд.

Ҳадаф аз ин нишасти Ню-Йорк водор кардани кишварҳои узви Созмони Милал барои имзои созишномаи нав оид ба иқлим ва партоби газҳои гулхонаӣ буд, ки имсол дар Париж имзо шавад. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал дар арафаи ин нишаст гуфт, "тағйири иқлим ба сулҳу шукуфоӣ ва имконот барои миллиардҳо одамон, ки бо заҳмати зиёд ҳосил шудааст, таҳдид мекунад. Тағйири иқлим ин мушкили муҳимтарини даврони мост".

XS
SM
MD
LG