Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони лағви раводид миёни Аврупо ва Туркия


Кумиссиюни Аврупо аз Иттиҳодияи Аврупо хостааст, ки аз байн бурдани муқаррароти раводид ё визаро бо Туркия ба тасвиб расонад ва шаҳрвандони Туркия битавонанд бидуни виза ба кишварҳои узви қарордоди Шенген рафту омад кунанд. Агар шартҳои пешниҳодшуда иҷро шаванд, аз 30 июн шаҳрвандони Туркия бидуни раводид сафар ба Аврупоро оғоз мекунанд.

Аз байн бардоштани раводид бо Аврупо яке аз шартҳое ба шумор меравад, ки дар ивази он Туркия бояд пеши роҳи муҳоҷирати дастаҷамъӣ ба кишварҳои аврупоиро бигирад.

Тибқи тавофуқоти ба дастомада Туркия муваззаф шудааст, ки ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонуниеро боздорад, ки аз қаламраваш ба Юнон мегузаранд. Дар иваз Иттиҳодияи Аврупо ба Туркия 6 миллиард евро кӯмак мекунад ва имтиёзҳои сисёсӣ медиҳад. Бекор кардани раводид бо кишварҳои узви қарордоди Шенген аз ҷумлаи он ба шумор меравад.

Барои ба тасвиб расидани ин пешниҳод ё созишномаи муҳоҷират аксари кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва порламони Аврупо бояд онро ба тасвиб расонанд.

XS
SM
MD
LG