Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амри боздошти теъдоде аз шарикони Владимир Путин


Як додраси Испания амри боздошти аъзои ду гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиро содир кард, ки дар миёни онҳо номи сиёсатмадорони собиқ ва феълии Русия ва афроди наздик ба раиси ҷумҳур Владимир Путин низ ҳаст. Бар тибқи амри додрас Де Ла Мата, баъзе аз ин сиёсатмадорон ба гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноии Тамбовская ва Малишевская шомил будаанд, ки аз ҷумла ба қатлу тамаъҷӯӣ, ришвахорӣ, қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир ва пулшӯӣ даст дорад. Дар байни аъзои гурӯҳ, номи Владислав Резник, муовини раиси Кумитаи молияи Думаи Давлатии Русия, Николай Аулов, раиси дастгоҳи вазорати умури дохилӣ низ ҳаст. Аммо Николай Аулов гуфт, ки ин парванда ангезаҳои сиёсӣ дорад ва ҳадафи он беобрӯ кардани мақомоти Русия аст. Аз сиёсатмадорони собиқ дар ҳукумати Русия Виктор Зубков, муовини собиқи нахуствазир дар замони нахуствазирии Дмитрий Медведев дар солҳои 2007-2008, Анатолий Сердюков, вазири собиқи дифоъ, Дмитрий Козак, вазири собиқи рушди манотиқ, Игор Соболев, муовини собиқи нахуствазир ва Леонид Рейман, вазири собиқи технология ҳамчун аъзои гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ ном бурда шудаанд.

XS
SM
MD
LG