Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳфилҳои шеъри шуарои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз


Ба хотири бузургдошти Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 19 то 24-уми марти соли 2016 ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор мешавад. Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагон рӯзи 11 феврал ба Озодӣ гуфт, ин барнома дар охирҳои моҳи январ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Вай афзуд, дар чаҳорчӯби ин барнома маҳфилҳои шеър, мизҳои мудаввар, мулоқот бо мардум ва дарси устодони шеъри тоҷикӣ-форсӣ барпо мегарданд.
Дар назар аст, ки дар ин ҷамъомад бузургтарин шоирони форсизабони ҷаҳон иштирок намоянд.

Ба ин муносибат маҳфилҳои шеъру суруд бо ширкати шоирони номдори тоҷик аз 19 феврал бо Рустами Ваҳҳоб оғоз гашта, 19-уми март бо базми шеъри раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ба охир мерасанд. Дар ин байн баргузории базми шеъру суруди шоирон Гулназар, Меҳринисо, Раънои Мубориз, Зулфия, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, Озар, Озарахш, Раҳмат Назрӣ, Аскар Ҳаким, Ато Мирхоҷа, Бозор Собир, Мӯъмин Қаноат ба нақша гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG