Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Э. Раҳмон дар гашти низомӣ дар Пекин


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар қатори дигар раисти ҷумҳуриҳо, дар парад ё гашти низомӣ ба муносибати 70-солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар маркази шаҳри Пекин ширкат намуд. Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, “дар ин парад ё гашти низомӣ, ки субҳи барвақт дар майдони Тянанмин доир шуд, сарони беш аз 25 кишвар ва раҳбарону масъулини созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок карданд”. Ба иттилои ин манбаъ дар оғози парад, Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин суханронӣ карда, ҳозирин ва тамоми мардуми Чинро бо анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ табрик намуд.

Зимнан, дар гашти низомӣ ҷузъу томҳои 7 округи ҳарбӣ, флоти ҳарбии баҳрӣ, неруҳои ҳарбию ҳавоӣ, политсияи мардумӣ ва аввалин маротиба собиқадорони артиши дуюми хушкигард, ки дар ҷанг иштирок кардаанд, ширкат карданд. Аммо дар ин паради низомӣ ҳамчунин нахустин маротиба ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистон, Россия, Муғулистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок карданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистонро дар ин гашти низомӣ як ҷузъи полки комендантии Вазорати дифоъ, ба роҳбарии полковник Илҳом Махсумов, намояндагӣ карда, бо қадамзании мутантан аз назди минбари ифтихорӣ гузаштанд.

XS
SM
MD
LG