Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 нафар барои куштори Фархунда ҳукми қатл гирифтанд


Тобути Фархунда
Тобути Фархунда

Додгоҳи Афғонистон 6 май 4 мардро барои ширкат дар куштори Фархунда дар Кобул маҳкум ба эъдом кард. Дар як моҷаро дар Кобул гурӯҳе аз ҷавонон Фархундаро ба он муттаҳам мекарданд, ки гӯё вай Қуръонро оташ задааст.

Ин чаҳор нафар аз ҷумлаи 49 нафаре мебошанд, ки барои ширкат дар ин куштор боздошт шудаанд. Дар миёни онҳо 19 афсари пулис низ ҳаст. Баъд аз куштор ва оташ задани ҷасади Фархунда навори куштор дар интернет пахш шуд, мардум ба ғазаб омаданд ва ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд, то бар зидди ин даҳшат эътироз кунанд.

Ҳодисаи куштори Фархундаи 27 сола 19 март рух дод. Гурӯҳи ғазаболуди ҷавонон дар соҳили рӯдхонаи Кобуд дар наздикии мазори Шоҳи Душамшера Фархундаро зери лагад гирифтанд, сангборону хуншор карданд. Сипас ба ҷасад бензин пошиданд ва онро оташ заданд.

Фархунда ба занон фақат гуфта буд, ки пули худро барои харидории ҳар гуна кӯрхату воситаҳои дигари ба қавле балогардонва барои фолбинӣ сарф накунанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки мардон ба Фархунда тӯҳмат заданд ва гуфтаанд, ки вай гӯё Қуръонро оташ задааст. Ин тӯҳмат сабаби ғазаби ҷавонон ва куштори Фархунда шуд. Баъдтар пулис таъйид кард, ки Фархунда Қуръонро оташ назадааст ва ҳеҷ нишонае аз он вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG