Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Сӣ Ҷинпинг ба Остона, Маскав ва Минск


Сӣ Ҷинпинг ва Владимир Путин
Сӣ Ҷинпинг ва Владимир Путин

Сӣ Ҷинпинг, раисиҷумҳури Чин, ба зудӣ ба Қазоқистон, Русия ва Белорус сафар мекунад. Ба иттилои вазорати умури хориҷии Чин, сафари Сӣ Ҷинпинг 7 май аз Қазоқистон шурӯъ мешавад ва баъдан ӯ ба Маскав меравад ва 9 май дар таҷлили ҷашни 70-солагии хатми Ҷанги дуввуми ҷаҳон дар Аврупо ширкат мекунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки раҳбари Чин бо ҳамтои русаш Владимир Путин робитаҳои зичро ба роҳ мондааст. Чин ва Русия узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳиданд ва дар бархе аз масъалаҳои баҳсталаб, аз ҷумла, ҷанг дар Сурия ва сарнавишти раҳбари ин кишвар Башор Асад мавқеъи воҳид доранд.

Ҳафтаи гузашта Чин эълом дошт, ки бори аввал нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии ду кишвар ҳамин моҳ дар баҳри Миёназамин тамринҳои муштаракро доир мекунанд.

Сӣ Ҷинпинг 10 май барои анҷоми сафари серӯза ба Белорус сафар мекунад.

XS
SM
MD
LG