Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои ҳукуматӣ чоҳҳои бузурги нафтро гирифтанд


Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои ҳукуматии Ироқ аксари чоҳҳои бузурги нафти ин кишварро аз тундравҳои созмони "Давлати исломӣ" ба контрол ё назорати худ даровардаанд. Сухангӯи эътилофи зери фармондеҳии Амрико, ки бар зидди тундравҳои "Давлати исломӣ" меҷанганд, изҳор дошт, нерӯҳо пеш аз чошти 18 апрел чоҳи нафти Байҷиро ба назорати худ даровардаанд.

Аммо мақомот дар Салоҳуддин дар вилояте, ки чоҳи нафт дар он воқеъ аст, гуфтаанд, даргириҳо дар минтақа ҳамоно идома дорад. Тундравҳои "Давлати исломӣ" дар аввали ҳафта бахше аз ин чоҳи бузурги нафтро ба тасарруфи худ дароварда буд.

То моҳи июни соли гузашта, яъне то замоне ки тундравҳо чоҳи Байҷиро дар шимоли Ироқ дар наздикии шаҳри Мавсил ба назорати худ дароварданд, аз он дар як рӯз 175 ҳазор бушка нафт мегирифтанд.

XS
SM
MD
LG