Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайкараҳои Ленинро дар Украина чаппа карданд


Мақомот мегӯянд, ки 18 апрел дар шарқи Украина чанд шахси ниқобпӯш пайкараҳои Владимир Ленин-раҳбари Шӯравии пешинро сарнагун кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Киев бар зидди ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар ин минтақа рӯҳияи бадбинӣ дорад.

Ду пайкара дар донишгоҳҳои шаҳри Харков 17 феврал хароб карда шудаанд. Ин шаҳр дар назорати ҳукумати Украина қарор дорад. Навори онро дар YouTube низ гузоштаанд.

Як ҳафта пеш порламони Украина қонунеро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он самбулҳои давраи Шӯравӣ дар қаламрави Украина ғайриқонунӣ дониста мешаванд.

Ин қонун, ки акнун бояд Петро Порошенко-раиси ҷумҳур имзо кунад, самбулҳои нозиёнро низ мамнуъ мекунад.

17 апрел дафтари вилояти Луҳанск, ки дар ин минтақаи шарқӣ ба ҳукумати Киев итоат мекунад, байни ҳукуматиҳо ва ҷудоихоҳон ду тақсим шуд.

Дафтари вилояти Луҳанск мегӯяд,як пайкараи Ленинро бо рангҳои зарду кабуд рангмолӣ кардаанд. Ин ранги парчами миллии Украина аст. Як пайкараи дигари Ленин дар рустои Станитса сарнагун шудааст.

XS
SM
MD
LG