Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди шаҳрванди ИМА аз Қирғизистон


Мақомоти Қирғизистон хабарнигори амрикоӣ Умар Форуқро аз кишвар истирдод карданд. Умар Форуқ ҳафтаи гузашта аз сӯи кормандони хадамоти амниятӣ дар шаҳри Ӯш баъди он боздошт шуд, ки ба хотири ҷамъоварии иттилоъ дар бораи сокинони дар терроризму ифротгароӣ айбдоршуда бо масъулони созмони маҳаллии “Бир Дунё” сӯҳбат кард.

Кормандони амниятӣ дафтари ин созмони мудофеъ аз ҳуқуқи башарро бозрасӣ ва Умар Форуқро дар фаъолияти бидуни иҷозаи расмии хабарнигорӣ айбдор карданд. Умар Форуқ ахиран дар Твиттер навишт, ки Қирғизистонро тарк намудааст.

Дар ҳамин ҳол созмони «Бир Дунё» кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар он айбдор намуд, ки дафтари онҳоро ғайриқонунӣ бозрасӣ карда, компютерҳо ва асноди созмонро мусодира кардаанд. Рӯзи 30 март кормандони амниятӣ гуфтанд, ки бозрасӣ бо риояи қонун ва дар робита ба аъмоли Умар Форуқ сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG