Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари афғон ба 20 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи Олии Афғонистон баъди бознигарии ҳукм, Нақибулло як афсари собиқи пулисро барои куштани Аня Ниедрингаус, аксбардори хабаргузории “Ассосиэйтед Пресс” ва маҷрӯҳ кардани Кети Генон, хабарнигори ҳамин оҷонсӣ ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора дафтари додситони кулли Афғонистон рӯзи 28-уми март хабар додааст. Соли 2014 як додгоҳи Афғонистон Нақибулло, фармондеҳи собиқи як воҳиди пулисро ба қатл маҳкум кард. Ин афсар рӯзи 4-уми апрели соли 2014 ба сӯи хабарнигорони "Ассосиейтед Пресс", ки дар наздикии шаҳри Хӯст, интихоботи раёсати ҷумҳуриро инъикос мекарданд, бе огаҳӣ тир андохт. Дар натиҷа аксбардор дар ҷойи ҳодиса кушта шуд ва Кети Геннон 6 тир хӯрд ва дар ватанаш Канада табобат мегирад. Ӯ даҳсолаҳо дар Афғонистону Покистон кор кардааст.

XS
SM
MD
LG