Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвастани 2 вазири дигар ба музокироти атомӣ


Лоран Фабиус ва Франк Валтер Штейнмейер, вазирони умури хориҷии Фаронса ва Олмон барои музокироти атомӣ дар бораи барномаҳои атомии Эрон ба Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ва ҳамтои эронии ӯ Муҳаммад Ҷавод Зариф ҳамроҳ шуданд. Музокирот дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария сурат мегирад ва тарафҳо қасд доранд, то рӯзи 31-уми март чаҳорчӯби сиёсии созишномаи атомиро омода кунанд. Бар асоси ин созишнома Эрон бояд фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд намояд ва дар иваз кишварҳои ғарбӣ таҳримоти иқтисодӣ алайҳи онро ба тадриҷ аз байн баранд. Лоран Фабиус рӯзи 28-уми март ба хабарнигорон гуфт, “музокирот дарозу мушкил“ будааст. Франк Валтер Штейнмейер гуфт, ки дар баъзе аз масъалаҳои мушаххас пешрафт ҳосил шудааст, дар баъзеи дигар не. Ба гуфтаи ӯ, музокирот дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад. Ба гуфтаи дипломатҳо, ҳузури вазирон дар музокирот маънии ба даст омадани созишро надорад. Вазирони умури хориҷии Русия ва Бритониёву мақомоти баландпояи Чин низ ба ин музокирот мепайванданд. Қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад, пинҳонӣ бомби атомӣ бисозад, вале Теҳрон мегӯяд, ки барномаҳои атомиаш ҳадафҳои сулҳомез доранд.

XS
SM
MD
LG