Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корвони мошинҳои Русияро дар Донетск холӣ карданд


Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия гуфт, ки корвони саввуми кӯмакҳои башариро ба шаҳри Донетски таҳти тасарруфи ҷудоиталабон дар Украина расондааст. Александр Дробишевский, сухангӯи вазорат, рӯзи 20-уми сентябр гуфтааст, ки “корвон ба шаҳри Донетск расид ва холӣ карда шуд”. Ба гузориши ИТАР ТАСС ва РИА Новости, корвони 200 мошин маводи ғизоӣ, генераторҳо ва дорувориву об доштааст. Ба гуфтаи расонаҳои Русия, ин кишвар чанд дафъа аз мақомоти Украина, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх хостааст, ки мошинҳоро дар марз тафтиш кунанд, аммо онҳо “бе овардани ягон сабаб, аз тафтиш худдорӣ кардаанд.” Аввалин корвони мошинҳои кӯмакҳои башарии Русия охири моҳи август ба Украина ворид шуд ва мақомоти Киев гуфтанд, ки вуруди ин корвон бе иҷозаи давлат, “таҷовузи мустақим” ба хоки Украин аст. Корвони дувву рӯзи 13-уми сентябр ба Украина фиристода шуд.

XS
SM
MD
LG