Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия 49 шаҳрвандашро аз асорат озод кардааст


Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия, гуфт, 49 шаҳрванди кишварро, ки ҷангҷӯёни Давлати исломӣ дар шаҳри Мосули Ироқ гаравгон гирифтанд, сиҳату саломат ба кишвар баргардонанд. Ӯ рӯзи 20-уми сентябр гуфт, вазъи ҳамаи 49 нафар қаноатбахш аст. Ҷангҷӯёни Давлати исломӣ моҳи июн баъди ишғоли шаҳри Мосул, консулгарии Туркия дар ин шаҳрро низ тасарруф карда ва шаҳрвандони Туркия аз ҷумла Озтурк Йилмаз, консули генералӣ, дипломатҳои дигар, сарбозон ва кӯдаконро ҳам гаравгон гирифтанд. Аҳмад Довудоғлу дар бораи ҷузъиёти раҳоии гаравгонон чизе нагуфт, вале афзуд, ки онҳоро маъмурони хадамоти ҷосусии Туркия бо “усулҳои хоси” худ озод кардаанд. Аҳмад Довудоғлу сафараш дар Озарбойҷонро қатъ кард ва барои мулоқот бо гаравгонони раҳошуда ба шаҳри Санлиурафа ба ҷануби Туркия омад.

XS
SM
MD
LG