Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати телефонии Карзай бо Раҳмон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Афғонистон, Ҳомиди Карзай имрӯз бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯи телефонӣ дошт. Дар ин гуфтугӯ, бино ба ин манбаъ, “ҳарду ҷониб рӯи авзоъи минтақа, амнияти сарҳадот ва ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар арсаҳои мухталиф табодули назар намуданд.” Карзай баъд аз шурӯъи амалиёти низомӣ дар Хоруғ нахустин раҳбари хориҷие буд, ки бо Раҳмон дар тамос шуд ва пешниҳоди кумак кард.
XS
SM
MD
LG