Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарфакории раис занҳоро аз атлас маҳрум кард


Дар ноҳияи Қубодиён бо иваз шудани раис анъанаи тақдими либоси атлас ба занони коргар дар иди 8 мартро манъ кардаанд.

Ҳукумати ноҳияи Қубодиён бо канор рафтан аз анъанаи раҳбари пешини ин ноҳия, занони коргарро дар “Рӯзи модар” аз як порчаи атлас, ки онҳо ҳамасола дастрас мекарданд, маҳрум кард. Ҳукумат гуфтааст, ки ноҳия бояд сарфакор бошад ва маблағҳоро барои заруратҳои дигар сарф кунад.

8-уми март аз ҷашнҳои бозмонда аз замони Шӯравӣ аст, ки дар Тоҷикистони баъди истиқлол бо исми “Рӯзи модар” таҷлил мешавад ва ҳукуматҳо дар ин рӯз хизмати занони пешсафи ҷомеаро бо тӯҳфаҳо қадр мекунанд. Дар ноҳияи Қубодиён, ки раиси қаблии он Саъдулло Бекназарзода аз ҳаводорони либоси миллии занон буд ва бо тақдими матои атлас занонро ба ҳифзи суннатҳои миллӣ даъват мекард, акнун ин суннат аз байн меравад.

Ҳукумати ноҳияи Қубодиён гуфтааст, ки ноҳия ҳазорҳо зани пешсаф дорад ва хиридории порчаи атлас ба ҳар кадоми онҳо, маблағи зиёдро талаб мекунад. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки занҳо дар “Рӯзи модар” бештар ба сабқати “пухту паз” ва духту дӯз” ҷалб шаванд. Бархе аз занҳои пешсаф, ки сари матои атлас дар ҷашни имсола ҳисоб карда буданд ва мехостан куртаи атласро дар ҷашни Наврӯз ҳам ба бар кунанд, акнун андеша доранд, ки шояд бо либосҳои соли гузашта ба ҷашн бароянд.

Саидумрон Абдураҳмонзода
Саидумрон Абдураҳмонзода

Саидумрон Абдураҳмонзода, раиси нави ноҳия, аз рӯзи расидан ба ин мақом худро ҳамчун раҳбари “сарфакор” муаррифӣ кардааст ва бештар дар бораи ҳалли мушкилоти иқтисодии ноҳия сӯҳбат мекунад.

Меҳриниссо Раҷабова, муовини раиси ноҳияи Қубодиён имрӯз, 26 феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ тасмими даст кашидан аз тӯҳфаҳои серхарҷ ниҳоӣ шудааст, вале онҳо дар ҳар сӯрат рӯйхати занҳои пешқадам дар истеҳсолот ва соҳаи кишварзиро ба раҳбари аввал пешниҳод кардаанд.

“Соли гузашта барои 100 нафар либос харида будем, вале имсол барои пухту паз, дӯзандагӣ озмун баргузор мекунем. Рӯйхатро пешниҳод кардем, акнун раиси нав худаш медонад чӣ қарор кунад”- гуфт Меҳриниссо Раҷабова.

Бо он ки ҳукумати кишвар номи Рӯзи занонро ба “Рӯзи модар” иваз кардааст, вале ин тағйирот ба муҳтавои ҷашн таъсире нагузошт. Мардҳо мисли даҳсолаҳои пеш дар ин рӯз бештар ба дӯстдухтарҳо, ҳамсарҳо ва дӯстдоштаҳои худ тӯҳфа мехаранд. Занҳо низ ин ҷашнро ҳам барои тӯҳфа, ҳам барои нозбардории мардҳо ва ҳам барои шунидани суханҳои ширин аз ҷониби мардҳо, дӯст медоранд.

Як порчаи атлас, ки маъмулан аз абрешими холис бофта мешавад, аз 150 то 200 сомонӣ арзиш дорад. Баъзе занҳо мегӯянд, шояд атлас ба сари худ чандон тӯҳфаи гаронбаҳо набошад, аммо қадрдонӣ ва эътирофи ҳунари онҳо аз ҷониби мақомот, ангезаи онҳоро барои фаъолиятҳои хубтар дар риштаҳои таҳти назарашон, афзун мекунад.

Саъдулло Бекназарзода, раиси пешини ноҳияи Қубодиён.
Саъдулло Бекназарзода, раиси пешини ноҳияи Қубодиён.

Саъдулло Бекназарзода, раиси собиқи ноҳияи Қубодиён, ки ҳоло бекор аст, дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ аз хонааш дар Ёвон гуфт, ки мақсади онҳо аз тақдими атлас ба занон, “бедор кардани ҳиси миллӣ”-и онҳо буд: “Ҳадаф ин буд, ки занони Қубодиён, ки дар сарҳад бо Узбакистон ҳастанд, бояд пешрафта ва ватандӯст бошад, ҳисси миллӣ дошта бошанд, ин як сиёсати идеалогӣ дурандешона буд, ки ба баъзе аз рафиқон нафорид.”

Дар ду соли гузашта ҳукумати ноҳия ба беш аз 2000 зан порчаи атлас тақдим кардааст, ки дар маҷмуъ 10 ҳазор метр будааст.

Солҳои ахир мақомоти Тоҷикистон бо иваз кардани исмҳои замони шӯравии худ ва таъкид бар аҳамияти арзишҳои миллӣ, эҳё кардани либоси миллиро низ аз ҳадафҳои худ қарор додаанд. Хонаводаҳои мақомоти баландпоя ҳамчун намуна дар ҷашну ҷаласаҳо бо либосҳои миллӣ зоҳир мешаванд ва занҳои дигарро ба арҷ гузоштан ба пӯшишҳои тоҷикӣ талқин мекунанд.

XS
SM
MD
LG