Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ӯ зинда аст!" Умедвории наздикони Меҳралӣ


Наздикони Меҳралӣ Назаралиев, корманди қариб ду моҳ пеш гумшудаи "Ориёнбонк" ҳоло мегӯянд, ҷасаде ки моҳи гузашта гӯручӯб карданд, ҷасади Меҳралӣ набуд...

Наздикони Меҳралӣ Назаралиев, иқтисодшиноси 31-солаи филиали «Ориёнбонк» дар Хоруғ, мегӯянд, нафареро, ки ба хок супурда буданд, фарзанди онҳо набуд ва онҳо умедворанд, ки Меҳралӣ зинда аст.

Амирхӯҷа Бахтдавлатов, тағои Меҳралӣ Назаралиев, рӯзи 24 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, волидайни Меҳралӣ бар инанд, ки ҳанӯз фарзандашон барҳаёт аст: “Ҳамон рӯзе, ки ҷасадро дар Афғонистон пайдо карданд, падари Меҳралӣ ӯро гӯру чӯб кард ва маъракаҳояшро гузаронд, аммо гуфт, ин бачаи ман набуд. Гуфт, ман ба хотири ризои Худо ӯро гӯру чӯб кардам, аммо писари ман зинда аст. Дунё ба умед. Ҳамаи хонадон ба умеданд, ки ӯ рӯзе бармегардад.”

Меҳралӣ Назаралиев, иқтисодчии 31-солаи филиали «Ориёнбонк» дар Хоруғ, рӯзи 29 июли соли равон ғайб зад. Баъди чанде мошини ӯ дар канори роҳи даромадгоҳи деҳаи Ёмҷ ноҳияи Шуғнон пайдо шуд. Аз сабукрави корманди бонк 800 сомонӣ пули тоҷикӣ, 700 доллари амрикоӣ ва як телефонии дастӣ дарёфт шуд. Он чӣ тафтишотро низ ба ҳайрат афканд, ин буд, ки дарҳои мошин боз буданд ва ягон изе аз соҳиби мошин боқӣ намонда буд.

Пайвандони Меҳралӣ он вақт ғайб задани ӯро ба муомилаҳои пулӣ рабт доданд. Ба қавли онҳо, Меҳралӣ чанде қабл аз хоҳар ва духтари амакаш, ки дар Маскав кор мекунанд, ҳудуди 50 ҳазор доллар дарёфт карда, онро ба касе бо фоиз қарз додааст. Бо гузашти ду моҳ ин ҳам ошкор нашуд, ки нафари ин пулро қарз гирифта, кӣ буд, зеро, ба гуфтаи наздиконаш, ӯро танҳо худи Меҳралӣ мешинохт.

Рӯзи 22 август расонаҳо хабар доданд, ки ҷасади Меҳралӣ Назаралиев аз Афғонистон пайдо ва пас аз ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ ба наздиконаш таслим карда шуд.

Шодигул, яке аз хоҳарони Меҳралӣ, мегӯяд, волидайнашон ба зудӣ пай бурданд, ки ин ҷасади бародарашон нест: “Падарамон бадоҳатан гуфт, ки ин ҷасади писараш нест, аммо ба он хотир, ки соҳиби дигар ҳам набуд, ӯро ба хок супурд. Мо ҳам умедамонро накандем, зеро ба қавли падарамон, мӯйи сару бархе дигар аломатҳое, ки Меҳралӣ дошт, масалан, холҳояшро он ҷасад надошт.”

Мақомоти масъул низ мутмаинан ин даъворо надоранд, ки он ҷасади Меҳралӣ буд, ё каси дигар. Рустам Хусравов, сардори шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Шуғнон, мегӯяд, парвандаи ғайб задани Меҳралӣ Назаралиев ҳанӯз баста нашудааст ва таҳқиқи он ҳамчунон идома дорад. Вай афзуд, вақте ҷасад пайдо шуд, онро маҳз ба наздикони Меҳралӣ Назаралиев муроҷиат карданд: “Зеро вақте мо майитро пайдо карда будем, каси дигаре гум нашуда буд. Аз он пеш ба мо касе муроҷиат накарда буд, ки кадом нафар ё хешашро гум карда бошад. Танҳо ҳамин Меҳралӣ гум шуда буд, ки 25 рӯз аз гум шуданаш мегузашт. Аз ин хотир, мо ба ин хонадон муроҷиат кардем. Он рӯз гапе набуд, аммо баъд омаданд ва гуфтанд, ки ин майит писари мо нест. Ман ба онҳо гуфтам, шумо ҳақ доред, ки шубҳа дошта бошед ва ман ҳам ҳамчун сардори шӯъба ин ҳақро надорам, ба шумо гӯям, ки ин бачаи шумо ҳаст, ё не. Агар бовар надоред, марҳамат, ба таҳқиқи ДНК муроҷиат кунед.”

Дар сӯҳбат бо Озодӣ дар Маркази ташхиси тиббию додгоҳии Тоҷикистон дар шарҳи ин қазия гуфтанд, ки ҷасадро пурра таҳқиқ кардаанд, аммо шиносоӣ, яъне идентификатсияашро нагузарондаанд. Яъне боз ҳам дақиқ нашудааст, ки оё ҷасади ёфтшуда дар воқеъ Меҳралӣ Назаралиев буд, ё каси дигар?

Сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шуғнон дар посух ба ин суоли Озодӣ, ки пас дар кадом асос ҷасади мазкур ба хонаводаи Назаралиевҳо дода шуд?, гуфт, он замон наздикони Меҳралӣ бидуни ягон шакку шубҳа ҷасадро қабул ва гӯру чӯб карданд. Ба қавли ӯ, ба ҷуз наздикон, ҳамсинфони Назаралиев низ ин ҷасадро шиносоӣ карда буданд. Вай афзуд, ба ӯ сабабҳои умедвории хонаводаи Назаралиевҳо рӯшан нест.

Мушкилро метавонист ташхиси ДНК ҳал кунад, ки дар Тоҷикистон гузаронида намешавад ва танҳо дар хориҷа имкони чунин ташхис мавҷуд аст. Мақомот мегӯянд, маводи зарурӣ барои ташхиси ДНК омода аст, фақат наздикони Наазаралилев бояд онро худ ба хориҷа баранд.

Меҳралӣ Назаралиев, зодаи деҳаи Нишуспи ҷамоати Дарморахти ноҳияи Шуғнон, писари халифаи ин деҳа, риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоевро хатм кардааст ва се сол ба ин сӯ дар филиали «Оринёбонк»- и шаҳри Хоруғ ба ҳайси иқтисодчии дараҷаи як фаъолият дошт.

XS
SM
MD
LG