Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маро падару модарам ба 10 ҳазор доллар фурӯхтанд"


Яҳё нақл кард, ки ӯро волидонаш дар ивази ҳамагӣ даҳ ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта ва соҳибони наваш бо ваъдаи биҳишт ӯро барои ҳамлаи маргталабона омода кардаанд.

Яҳё, як навраси афғон, ки бояд бо фармони Толибон маводи таркандаро ба кор дароварда, худу чандин нафарро ба қатл мерасонд, аз ин кор даст кашид ва ба мақомоти кишвараш таслим шуд. Ҳоло вай таҳти ҳимояти мақомоти Афғонистон қарор дорад ва ба оянда бо нигоҳи нек менигарад.

Яҳё дар суҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки ӯро волидонаш дар ивази ҳамагӣ 700 000 афғонӣ, баробар ба 10 000 доллари амрикоӣ, ба Толибон фурӯхта буданд. Ба нақли ин навраси афғон, Толибон мехостанд, ки ӯ бомбгузори маргталаб бишавад ва барои ин кор ӯро аз нигоҳи равонӣ омода кардаанд.

Аммо ӯ дар лаҳзаҳои охири иҷрои ин вазифаи маргбор худро ба нерӯҳои амниятии Афғонистон таслим кардааст: "Онҳо ба ман камарбанди ҳомили маводи таркандаро доданд. Вале ман онро нагирифтам. Онҳо гуфтанд, ки ту ба биҳишт меравӣ. Ман гуфтам, биҳишт куҷост? Онҳо гуфтанд, фақат кӯдаконе ба биҳишт мераванд, ки довталабона амали интиҳорӣ кунанд. Онҳо бошанд, ҷиҳодро дар замин идома медиҳанд."

Қочоқчиёни инсон кӯдакони афғонро шикор мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

​Ҳар сол даҳҳо кӯдаку навраси афғон ба ғуломӣ ва ё сарнавишти аз он ҳам бадтар фурӯхта мешаванд. Одатан, ин наврасону кӯдакон аз оилаҳои камбизоат мебошанд, ки фирефтаи ваъдаҳои қочоқчиён шудаанд. Ин гуна кӯдаконро Толибон ҳам барои истифода дар бомбгузориҳои маргталабона истифода мебаранд.

Шомгоҳон истгоҳи марказии автобусҳои Кобул ба нуқтаи асосии қочоқи наврасону кӯдакон табдил меёбад. Баъзе аз кӯдаконро мисли Яҳё ҳатто волидонашон низ мефурӯшанд. Дар кӯчаҳои Кобул қочоқчиён кӯдакони аз тахминан шашсола болоро шикор мекунанд. Онҳо худро соҳибкор вонамуд карда, ба падарону модарон бар ивази кӯдаконашон пул ваъда медиҳанд.

Ҳайатуллоҳ, навраси дигари афғон мегӯяд, ки ӯро ҳамчун ғулом истифода мебурданд ва ӯ замоне аз соҳибонаш халос шуд, ки ҳамчун коргари ғайриқонунии хориҷӣ ба Афғонистон истирдод шуд.

Дар Афғонистон роҳҳои гуногуни қочоқ вуҷуд доранд. Ҳукумати Афғонистон соли 2015-ум 170 ҳодисаи қочоқи кӯдаконро кашф ва таҳқиқ кардааст. Аммо ба қавли коршиносон рақами воқеӣ хеле бештар аст. Дар Афғонистон муҷозот барои қочоқи кӯдакон таърихи 5-сола дорад.

XS
SM
MD
LG