Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шири бепул" дар Тоҷикистон! Бозгашт ба СССР?


Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, корхонаҳои барои саломатии инсон зиёновар коргаронашонро бо шири бепул таъмин кунанд. Ин кор дар Шӯравии собиқ роиҷ буд ва ҳоло иҷрояш имконпазир аст?

Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як қарор корхонаҳои барои сиҳатии инсон зиёноварро муваззаф кардааст, ки ба кормандонашон шир ва маҳсулоти ширии ройгон бидиҳанд. Ҳукумат дар ҳоле даст ба ин иқдом зад, ки қимати ширу маҳсулоти ширӣ дар Тоҷикистон дар солҳои ахир тадриҷан боло рафт ва ҳоло як литр шир аз 4 то 5 сомонӣ (ҳудуди 1 доллар) ва ним литр ҷурғот низ ба 1 доллар баробар аст.

“Шири бепул” дар корхонаҳои барои сиҳатии инсон зараровар дар замони Шӯравии собиқ вуҷуд дошт ва баъди суқути он тадриҷан аз байн рафт. Ҳоло ба назар мерасад, ҳукумат мехоҳад ин имтиёзи замони Шӯравиро дубора эҳё кунад. Муҳаммадсафар Асоев, роҳбари раёсати муносиботи меҳнати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори мазкур аз сӯи ҳукумат тасдиқ шуд ва муқаррароти он ба ҳамаи корхонаҳо новобаста аз шакли фаъолияташон дахл дорад: “Корфармоёне, ки коргаронро дар шароити вазнин ва ё ба саломатӣ зараровар кор мефармоянд, онҳо бояд ба коргарон шири ройгон, сарулибоси махсус, тоскӯлоҳ ва дастпӯшак бояд диҳанд. Ин маҳсулот бояд аз ҳисоби будҷаи махсуси корхона барои ҳифзи меҳнат харидорӣ карда шавад на аз ҳисоби маоши кормандон.”

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо агар шароити кор дар корхонаҳои хусусӣ низ барои саломатӣ зараровар арзёбӣ шавад, корфармо вазифадор аст, барои ҳифзи сиҳатии кормандонаш ба онҳо маҳасулоти шириро ройгон (бепул) диҳад. Ба таъкиди Асоев, ин қарор бештар ба корхонаҳои арсаи кимиё. Ба мисли Корхонаи семент, алюминиюм ва нуриҳои азотӣ ва хушкашӯӣ дахл дорад ва коргарони ин қабил корхонаҳо бояд аз корфармояшон шири ройгон бигиранд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, кишоварзоне, ки бо пошидани нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо дар полезҳо машғул ҳастанд, низ аз имтиёзҳои қарор бархӯдор мешаванд ва корфармоёни онҳо муваззафанд онҳоро бо либоси махсус ва шири ройгон таъмин кунанд.

Асоев афзуд, раёсати зери роҳбарии ӯ масъули иҷрои ин қарори ҳукумат аст ва дар сурати иҷро нашудани муқаррароти он ҳақ дорад корфармоёнро ҷарима бандад. Зимнан, ба таъкиди Асоев ҳукумат барои иҷрои ин қарор маблағи махсусе ҷудо накардааст ва он бояд аз ҳисоби будҷаи махсуси корхонаҳо баҳри ҳифзи меҳнат маблағгузорӣ шавад.

Ироаи “шири бепул” ё маҳсулоти ширии ройгон ва ҳамчунин маошҳои баланд дар замони Шӯравӣ мояи дилгармии кормандоне буд, ки дар корхонаҳои “барои сиҳатии онҳо зиёновар” кор мекарданд. Он корхонаҳо ҳама давлатӣ буданд ва амри давлатро бидуни чуну чаро иҷро мекарданд. Аммо ҳоло коршиносон мегӯянд, гумон аст, ин барнома ба пуррагӣ амалӣ шавад, зеро ҳоло аксарияти корхонаҳо хусусиянд ва дар бисёр маврид ба дастуру оинномаҳои дохилии худ такя мекунанд. Бинобар иттилои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон наздик ба 30 ҳазор коргарон дар корхонаҳое фаъолият мекунанд, ки барои саломатӣ зараровар аст.

Муродулло Солеҳов, раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло дар аксар корхонаҳои хусусӣ ҳуқуқи меҳнатии кормандон дағалона вайрон мешаванд ва ба гумон аст, онҳо ба кормандонашон ба замми маош ширу дигар маҳсулоти ғизоӣ диҳанд: “Дар аксар корхонаҳои хусусӣ коргар дафтарчаи меҳнатӣ надорад, собиқаи корӣ надорад, корфармо ӯро суғуртаи иҷтимоӣ намекунад ва пагоҳ вай, ки аз кор рафт дар куча мемонад. Ҳар рӯз қариб дар корхонаҳои хусусии сохтмонӣ як нафар аз бинои баландошёна афтида мефавтад. Чунки корфармоён коргаронро 10-12 соат бетанаффус кор мефармоянд, албатта, онҳо аз ҳуш рафта меафтанд. Мо кормандамонро мефиристем, ба ҷои ҳодиса, аммо аз сабабе, ки дар ин қабил корхонаҳо иттифоқи касаба нест, аз ҳуқуқи онҳо ҳимоя карда наметавонем.”

Ҷаноби Солеҳов афзуд, Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои қабул шудани қарори ҳукумат дар марвиди маҳсулоти ширии ройгон кӯшиш ба харҷ додааст ва баъд аз қабул шудани он ҳам барои риоя шудани муқаррароти он дар корхонаҳо талош хоҳад кард. Бештари коргарон дар Тоҷикистон ба хотири ҳимоя аз ҳуқуқи меҳнатиашон ба мақомоти зидахл шикоят намебаранд. Зеро коргарҳо ба хотири аз даст надодани ҷойи кор, намехоҳанд мушкилиро бо мақомоти дигар дар миён бигзоранд. Аз ин ҷост, ки бархе аз коршинсон дар вуқӯи чунин ҳолатҳо бештар худи коргаронро муқассир меҳисобанд.

Коршиносон мегӯянд, бештари коргарон аз одитарин ҳуқуқашон дар баробари масъулини корхона ва муассиса дифоъ карда наметавонанд. Дар ҳоле ки, мегӯянд ин коршиносон, қонунгузории Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бастани қарордод бо риояти ӯҳдадориҳои дуҷониба миёни кордеҳ ва коргарро фароҳам кардааст.

XS
SM
MD
LG