Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзуна дар Бозиҳои 17-уми Осиё бе медал монд


Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, дар даври чорякниҳоии сабқати бокс дар Бозиҳои 17-уми Осиё дар Инчони Кореяи ҷанубӣ аз Тҳи Дуен Луу аз Ветнам бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрд ва бе медал монд.

Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, имрӯз, 28-уми сентябр, дар даври чорякниҳоии сабқати бокс миёни занон дар вазни то 60 килограмм дар Бозиҳои 17-уми Осиё дар Инчони Кореяи ҷанубӣ аз Тҳи Дуен Луу аз Ветнам бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрд ва бе медал монд.

Ёдовар мешавем, МавзунаЧориева дар нахустин даври сабқати бокс рақибаш АякоМинова аз Ҷопонро дар раунди аввал дар муддати ҳамагӣ 56 сония бо нокаут шикаст дода буд.

Мавзуна Чориева танҳо варзишгаритоҷик аст, ки дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон соҳиби медал – нишони биринҷӣ - шуда буд. Ӯ баъди Бозиҳои олимпӣ издивоҷ кард ва дар соли 2013 соҳиби нахустин фарзанд шуд ва ба ин далел муддати беш аз як сол аз имкони тамрин ва ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум буд.

Мавзуна Чориева дар расми и фтитоҳи Бозиҳои XVII-и Осиё парчами давлатии Тоҷикистонро бардошт.

Мунтахаби Тоҷикистонбо шумули 91 варзишгар, то кунун дар Бозиҳои XVII Осиё як медал ба даст овардааст. Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, шоми 27-уми сентябр, дар сабқати гурзандозӣ байни мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Ин сеюмин нишони тиллои гурзандози тоҷик дар Бозиҳои Осиё мебошад.

XS
SM
MD
LG