Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: "Аҳмадов худро бегуноҳ меҳисобад"


Маҳмадалӣ Аҳмадов баъди боздошташ дар фурудгоҳи Домодедово. Акс аз сомонаи расмии mvd.ru
Маҳмадалӣ Аҳмадов баъди боздошташ дар фурудгоҳи Домодедово. Акс аз сомонаи расмии mvd.ru

Вазорати дохилии Тоҷикистон дар робита ба қазияи боздошти Маҳмадалӣ Аҳмадов, ки дар куштори 6 узви як хонавода дар Русия гунаҳкор дониста мешавад, изҳори назар кард. Аҳмадов рӯзи гузашта дар фурудгоҳи Маскав боздошт шуд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 5-уми май дар робита ба боздошти шаҳрванди кишвар Маҳмадалӣ Аҳмадов, ки дар қатли 6 узви як хонавода дар вилояти Самараи Русия гумонбар дониста мешавад, изҳори назар кард. Мақомоти интизомии рус Маҳмадалӣ Аҳмадовро рӯзи 4-уми май ҳини бозгашт аз Тоҷикистон дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав боздошт карданд.

Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта Маҳмадалӣ Аҳмадов дар Душанбе ба ин ниҳод ҳозир шуда ва иброз доштааст, ки воситаҳои ахбори Русия ӯро дар куштори хонаводаи Андрей Гошт, корманди мақомоти корҳои дохилии он кишвар дар вилояти Самара гумонбар донистаанд. Аммо ӯ гуфтааст, ки дар ин ҷиноят даст надорад ва барои гуфтаҳои худро собит намудан, ба Русия бармегардад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки Маҳмадалӣ Аҳмадов дар ҷустуҷӯ қарор надошт ва аз мақомоти Русия ҳам дархосте барои боздошти ӯ ворид нагардида буд. Бинобар ҳамин, ӯ тавассути ҳавопаймо ба Русия баргашт.

Вазорати корҳои дохилаи Русия шоми 4 май бо нашри аксҳои Маҳмадалӣ Аҳмадов дар боздошт тасдиқ кард, ки ин зодаи 23-солаи Тоҷикистон рӯзи 4 май дар фурудгоҳи Домодедовои канори Маскав дастгир шудааст. Ирина Волк, намояндаи расмии вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, Маҳмадалӣ Аҳмадов рӯзи 4 май дар фурудгоҳи Домодедово аз сӯи маъмурони сарраёсати ҷустуҷӯи ҷиноии ин вазорат ҳангоми пойин шуданаш аз парвози Душанбе – Маскав боздошт шуд. Ба гуфтаи Ирина Волк, Аҳмадов дар ширкат дар қатли 6 нафар ва шадидан маҷрӯҳ кардани як духтарчаи хурдсол дар вилояти Самара айбдор мешавад.

Алайҳи Аҳмадов ва се шарики қаблан боздоштшудааш, ки ба қатли подполковник Андрей Гошт, муовини сардори раёсати корҳои дохилаи вилояти Самара ва 5 узви хонаводаи ӯ айбдор мешаванд, бар асоси қисми дуюми моддаи 105-ум ва қисми дуюми моддаи 30-юми и Кодекси ҷиноии Русия (куштори беш аз ду нафар ва қасди куштор) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Қонунҳои Русия барои чунин ҷинояти сангин ҳамчун ҷазо аз 8 то 20 соли зиндон, ё ҳабси умрбод ва ҳатто ҳукми қатлро пешбинӣ мекунанд. Вале Русия рӯи судур ва иҷрои ҳукми қатл мораторий ҷорӣ кардааст.

Ирина Волк гуфт, мақомоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон як рӯз қабл ҳамкорони худ дар Русияро хабардор кардаанд, ки Маҳмадалӣ Аҳмадов қасди парвоз аз Тоҷикистонро дорад.

ВКД Русия дар бораи боздошти Маҳмадалӣ Аҳмадов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00

Қаблан Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия низ боздошти гумонбари чорум дар ин парвандаи пурсарусадоро тасдиқ кард ва гуфт, Маҳмадалӣ Аҳмадов дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав ва бар пояи маълумоти фиристодаи мақомоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дастгир шудааст.

Аҳмадов баъди боздошт
Аҳмадов баъди боздошт

Вале Сергей Солодовников, сардори пулиси вилояти Самара рӯзи 4 май фарзияи комилан дигари боздошти Аҳмадовро ба хабарнигорон қисса кард. Сардори раёсати корҳои дохилаи ин вилоят гуфт, ки Маҳмадалӣ Аҳмадов дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳангоми қасди убури ғайриқонунии марз дастгир шудааст. Вале мақомоти марзбонии Тоҷикистон инро рад карданд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, раҳбари маркази матбуоти сарраёсати нирӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 4 май дар ин робита ба Озодӣ гуфт: “Оид ба ин хабарҳо, ки шаҳрванди Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аҳмадов гӯё дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дастгир шудааст, мехостам бигӯям, ки чунин шаҳрванд дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон сабт нашудааст ҳангоми боздошт ё убури сарҳад. Чизи дуюм ин аст, ки ин шаҳрванд, бино ба маълумоти мо, умуман вориди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон нашудааст.”

Аҳмадов дар куҷо боздошт шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00
Линки мустақим

Андрей Гошт ва 5 тан аз хешовандони наздики ӯ шаби 24 апрел дар хонаи падариашон дар рустои Ивашевкаи ноҳияи Сизрани вилояти Самара кушта шуданд. Ҳамлагарон, ба гуфтаи мақомот, подполковник Гошт ва наздикони ӯ, бо шумули падару модари солхӯрдаашро бо зарби болға зада-зада куштаанд.

Андрей Гошт
Андрей Гошт

Рӯзи 30 апрел Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти се гумонбари аввал дар қатли аъзои ин хонавода хабар дод ва гуфт, гумонбари чорум як рӯз қабл аз боздошт ба Тоҷикистон фирор кардааст.

Рӯзи 2 май додгоҳи ноҳияи Сизран се гумонбари боздоштшударо барои ду моҳ ба ҳабс гирифт. Ислам Орзу-уғлӣ Бобоев, Орхан Ширалӣ-уғлӣ Зоҳрабов ва Роман Рауф-уғлӣ Фаталиев, ки зодагони Озарбойҷон мебошанд, дар додгоҳ даст доштани худ дар қатли 6 узви хонаводаи Андрей Гоштро эътироф карда, гуфтаанд, ки ҳадафашон пул буд, вале аз он хона танҳо 906 рубл ёфтаанд.

Яке аз гумонбарон - Роман Фаталиев – дар яке аз фурӯшгоҳҳои Самара бо корти бонкии Андрей Гошт харид кардааст ва мақомот изи ҳамлагаронро маҳз баъди ҳамин пайдо кардаанд.

Тафтишот мегӯяд, Маҳмадалӣ Аҳмадов ва шариконаш ду рӯз қабл аз ҳамла дар як қаҳвахонаи воқеъ дар бозори “Шанхай”-и Самара нақшаи ҳамла ба манзили Гоштро кашидаанд. Орхан Зохрабов дар додгоҳ гуфтааст, ки онҳо ибтидо қасди куштани соҳибони хонаро надоштанд, вале вақте диданд, ки онҷо на 2 нафар, балки 7 нафаранд, аз тарс ҳамаро куштаанд.

Мақомоти Русия Маҳмадалӣ Баротович Аҳмадов, санаи таваллудаш 17 марти соли 1993-ро таҳти ҷустуҷӯи федеролӣ қарор дода, гуфта буданд, ки ба хотири ҷустуҷӯ ва боздошту истирдоди ӯ алакай бо ҳамкорони худ аз вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар тамос шудаанд.

Аммо дар вазорати дохилаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, масъалаи истирдод кардан ё накардани ин гумонбар ба Русия ба ин бастагӣ дорад, ки оё ӯ шаҳрванди кадом кишвар аст?

Қонунҳои Тоҷикистон истирдоди шаҳрвандонаш ба кишварҳои хориҷиро манъ мекунанд.

Дар як ҳафтаи охир ин алакай дувумин мавриди ғорат ва куштор дар Русия аст, ки ба шаҳрвандони тоҷик рабт мегирад. Ҳамин шаби 24 апрел дар кишвари Перми Русия Юрий Чубаев, мудири тиҷоратии “Кирас”” – як корхонаи тавлидоти низомӣ бо зарби корд кушта шуд. Бо иттиҳоми қатли ӯ се зодаи Тоҷикистон дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, ин шаҳрвандони тоҷик қаблан дар манзили Юрий Чубаев кор мекарданд ва шаби 24 апрел корфармои собиқи худро чанд корд зада, аз манзили ӯ 120 ҳазор рубл ва як смартфонро ба яғмо бурдаанд.

Франтс Клинтсевич
Франтс Клинтсевич

Аммо қазияи қатли 6 узви хонаводаи як афсари баландпояи пулиси Русия дар ҷомиа ва маҳофили сиёсии он кишвар сарусадои зиёде ба по кард. Франтс Клинтсевич, муовини аввали раиси кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои Федеросиюн, ки дар ин маҷлиси болоии парлумони Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия”-и президент Владимир Путин намояндагӣ мекунад, рӯзи 2 май дар Маскав ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ мехоҳад пешниҳоди ҷорӣ кардани виза бо бархе кишварҳои Осиёи Марказиро матраҳ ва ташвиқ кунад.

Франтс Клинтсевич бо ишора ба “қатли ваҳшиёнаи раҳбари собиқи пулиси Сизран ва аъзои хонаводаи ӯ б о дасти зодагони Осиёи Марказӣ” ва “марги мудҳиши кӯдак дар Маскав аз дасти дояи ақлгумкардааш аз Узбакистон” гуфт, “ҳама чиз ҳадди худро дорад.” Клинтсевич афзуд, “бояд дар сатҳи давлатӣ хулосаҳои мушаххас бароварда шаванд ва моро зарур аст маълум кунем, ки барои Русия чӣ муҳимтар аст: равобити хуб бо ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ, ки мо, бидуни шак, ба онҳо арҷ мегузорем, ваё амнияти шаҳрвандони мо?”

Франтс Клинтсевич, ки дар маҷлиси болоии парлумони Русия вакили вилояти Смоленск мебошад, гуфт, “то замоне ки ин ду чизро наметавон бо ҳам овард, ман қотеона аз ҷорӣ кардани режими виза тарафдорӣ мекунам ва бо тамоми васоили бароям дастрас ин пешниҳодро ташвиқ мекунам.” Ӯ афзуд, манзураш Қирғизистону Қазоқистон нест, ки ҳамчун узви Иттиҳоди АвроОсиё бо Русия равобити хоси иқтисодӣ доранд.

XS
SM
MD
LG