Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сайри дуздсолорӣ”. Қасрҳои олигархҳои Русияву Украина дар Лондон


Манзили муовини сарвазири Русия Шувалов дар Лондон
Манзили муовини сарвазири Русия Шувалов дар Лондон

Гурӯҳҳои мубориза бо фасод “сайр”-и вижаеро ба қасру кӯшкҳои сарватмандони Русияву Украина дар Лондон ташкил кардаанд. Ба бовари онҳо, ин қасрҳо бо пули олуда ба фасод харида шудаанд.

Тамошои қасри Букингем ва соати Биг Бенро фаромӯш кунед. Ҳоло дар Лондон зиёрат аз қасрҳои олигархҳои русу украин муд шудааст. “Сайри дуздсолорӣ”-ро гурӯҳҳои мубориза бо фасод дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи Ҳадсон ва Ҷамъияти Ҳенри Ҷексон ташкил кардаанд.

Лондон ҷойи дӯстдоштаи сайёҳон аст ва маконҳои зиёди диданӣ дорад, вале хатти сайри ин автобус дигар аст – ба маҳалли қасру кӯшкҳое, ки ба бовари муборизони зидди фасод, олигархҳои русу украин бо сарватҳои “дуздӣ” соҳиб шудаанд.

Роҳбалади ин сайр - фаъоли мубориза бо фасод дар Русия Роман Борисович гурӯҳе аз рӯзноманигоронро ба тамошои хонаҳои гаронбаҳое мебарад, ки аз сӯи сарватмандони русу украин харида шудаанд. баъзе аз ин ба истилоҳ “олигархҳо” ба президенти Русия Владимир Путин иртибот доранд. Ӯ мегӯяд: “Ҳадаф аз ин гардиш на танҳо нишон додани дуздсолорон ё худ клептократҳо, балки намоиши онҳое низ мебошад, ки ба ин сармоядорон имкони интиқоли пулҳои аз роҳҳои шубҳа барангез ба даст овардаашонро фароҳам овардаанд.”

Истгоҳи аввали мо майдони Белгрейв хонаи рақами 5- манзили раҳбари ширкати Русал Олег Дерипаска мебошад. Дерипаска, ки замоне аз саноатчиҳои наздик ба Путин ҳисоб мешуд, бар пояи омори маҷаллаи Форбс, 2,2 миллиард доллар сармоя дорад.

Ширкати зери раҳбарии Дерипаска муддате сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ҳам бар ӯҳда дошт. Ӯро мақомоти чандин кишвари олам дар иртибот бо пулшӯӣ бозпурсӣ кардаанд, вале ӯ ҳеҷ гоҳ бо ҷурме айбдор нашудааст. Хонаи чандин миллиондоллара холӣ ба назар мерасад. Шояд берун баромада бошад.

Зиёрат аз қасрҳои олигархҳои русу украинӣ дар Лондон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00

Марк Ҳоллингсворф, муаллифи китоби “Лондонград” мегӯяд: “Харидани хона ҳатман барои зиндагӣ дар Лондон нест. Ин ҷо масъала ҳифзи пул аст. Онҳо мехоҳанд пулҳояшонро аз Русия, Украина, Қазоқистон ва ё ҷойи дигаре, яъне ҷойи амн берун бароранд. Харидани моликияти ғайриманқул дар лондон сармоягузорӣ дар макони аман ба шумор меравад.”

Дар дохили автобус роҳбалад иваз мешавад. Ин Владимир Ашурков -сиёсатмадори мухолифи ҳукумат аст, ки дар Британия паноҳгоҳи сиёсӣ ёфтааст. Ӯ мегӯяд: “Мо намунаи дуздсолориро дар баландтарин мақомҳои давлатии Русия мебинем. Ман дар бораи Игор Иванович Шувалов - муовини сарвазири Русия, ҳарф мезанам, ки бар пояи иттиҳомот аз ҳисоби ришваситонӣ садҳо миллион доллар касб намуда, ин пулҳоро ба моликияти ғайриманқул дар Аврупо ва Британия сармоягузорӣ кардааст.”

Нархи манзили Шувалов дар Лондон ба маоши садсолаи ӯ баробар аст, вале муовини сарвазири Русия таъкид мекунад, ки ин пулҳоро аз роҳҳои қонунӣ ба даст овардааст.

Манзили Роман - писари Аркадий Ротенберг, яке аз миллиардерҳои дигари наздик ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин хурдтар аст. Вале он дар минтақаи Челсӣ, ки ҳамчун гаронтарин маҳаллаи Лондон зикр мешавад, ҷой гирифтааст. Нархи ин хона ба 3,3 миллион фунти Британия баробар будааст.

Як сарватманди украинӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам моликият дошт, васеътар фикр мекунад. Дмитрий Фирташ як бинои комилро, ҳамроҳ бо собиқ истгоҳи метрои Лондон харидорӣ кардааст. Фирташ бо президенти собиқи Украина Виктор Янукович равобити наздик дошт. Ҳозир Фирташ дар Австрия буда, саъй дорад аз истирдодаш ба ИМА ҷилавгирӣ кунад. ИМА Фирташро бо фасод муттаҳам мекунад. Баъзеҳо Фирташро бо пешниҳоди ришва ба вакилони мардумии Британия ҳам муттаҳам мекунанд.

Ва билохира ба гаронтарин хонаи Лондон расидем. Онро сарватмандтарин фарди Украина Ринат Аҳмадов харидааст. Манзили ӯ дар хонаи рақами 1-и Ҳайд парк 136 миллион фунти стерлинг қимат дорад. Тирезаҳои ин манзил тирногузар буда, дар дохил утоқе барои пинҳон шудан аз хатар дорад.

Лондон барои сарватмандони собиқ шӯравӣ ҷоест, ки худ ва пулҳои дар ватанҳояшон ба даст овардаро бидуни хафв ҳифз мекунанд.

XS
SM
MD
LG