Чоршанбе, Апрел 16, 2014

Корвони ханда / Во-аҷабо!..

Боздошти як "ҷодугар" дар Хатлон бо гумони кумак ба ғоратгарон

Гурӯҳи созмонёфтае дар садри як муллои сеҳргар дар ғорати даҳҳо ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам дониста мешавад.

Навбати як фолбин дар Душанбе
Навбати як фолбин дар Душанбе
Ҳаҷми матн - +
Ахиран пулиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Абдураҳмонов, як сокини 40-солаи ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтарро, ки дар миёни мардум ҳамчун «чашмбанду сеҳргар» маъруф аст, ҳамроҳ бо се ҷавони дигари маҳаллӣ боздошт кардааст. Номи ин ҷавонҳоро пулис «ба хотири халал наёфтани сирри тафтишот» ифшо намекунад.




Ба иттилоъи Офоқ Қодириён, раҳбари дафтари матбуоти раёсати вазорати умури дохила дар вилояти Хатлон, Абдуҷаббор Абдураҳмонов се ҷавонро ба дуздии сармояи як соҳибкори маҳаллӣ дар Қӯрғонтеппа ташвиқ кардааст. Ин дуздӣ моҳи феврали соли ҷорӣ рух додааст. Номи тоҷиреро, ки дастикам 80 ҳазор долларашро рабудаанд, низ мақомот маҳфуз медоранд. Хонум Қодириён афзуд, Абдураҳмонов, маъруф ба «мулло Ҷаббор», ҷавонони роҳзанро мутақоид кардааст, ки бо роҳи сеҳру ҷоду соҳиби мол ва мақомоти пулисро роҳгум занонда, изи ҷиноятро пок мекунад.

«Яке аз ин бачаҳо ба хотири осон шудани кадом мушкилаш ба ҳамин шахс муроҷиат кардааст. Батадриҷ зери таъсири ӯ даромадааст. Вай чашмбандӣ карда, бачаҳоро дилпур намудааст, ки рафта ҳамин корро кардан гиред, ман сеҳру дуохонӣ мекунам, касе шуморо пайдо нахоҳад кард. Ҷавонҳо ҳам ба ӯ бовар карда, аз пайи иҷрои ин ҷиноят шудаанд. Ба мақомоти милиса аз тарафи он соҳибкор ариза ворид шуд. Таҳқиқ карда, ҷавонҳоро боздошт намуданд. Онҳо нишондод доданд, ки онҳоро "мулло"-е бо номи Ҷаббор ба содир намудани ин ҷиноят таҳрик додааст,» - зикр кард О. Қодириён.

Тибқи иддаои мақомоти тафтишотӣ, "мулло Ҷаббор" аз маблағи умумии рабудашуда 35 ҳазор долларашро ба унвони «ҳаққулзаҳма» аз худ кардааст.

"Мулло Ҷаббор", ки падари панҷ фарзанд будааст, ба гуфтаи ҳамдеҳагонаш, дар ҳеҷ муассисаи давлатию хусусӣ кор накарда, танҳо аз ҳисоби «чашмбандию фолкушоӣ» даромади молӣ доштааст. Вай, ба таъкиди ҳолдонҳо, китоби махсуси фолкушоию сеҳргариро аз «пир»-и худ дарёфта, тайи 10 соли охир машғул ба фолкушоӣ будааст.

Аммо азбаски худи "мулло Ҷаббор" ва пайравонаш дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Қӯрғонтеппа нигоҳдорӣ мешаванд, дар ҳоли ҳозир тафтиши ин иддаоҳо ва дарёфти шарҳи худи ӯ имконпазир намебошад.

 
Саидҷони СорбонхӯҷаСаидҷони Сорбонхӯҷа
x
Саидҷони Сорбонхӯҷа
Саидҷони Сорбонхӯҷа
Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини муфтии Тоҷикистон, мегӯяд, рӯҳоние бо исми Абдуҷаббор Абдураҳмонов дар феҳрасти муллоҳои расмӣ вуҷуд надорад. Вай изҳори таассуф кард,  ки иддае бо сӯъиистифода аз дину мазҳаб ва бехабарии мардум даст ба ҷайби одамон мезананд: «Ҷодугарӣ ҳам осон нест. Муллоҳои донишманд, уламои ҳақиқии дину мазҳаб ба сеҳру ҷоду ва фолкушоӣ машғул намешаванд. Баъзеҳо худро муллою эшон муаррифӣ карда, ба мардумфиребӣ машғул мешаванд. Аммо агар он фолкушо ё «мушкилосонкун» дар ҳақиқат тавоно мебуд, кони тиллою калиди хушбахтиро худаш пайдо мекард. Инҳо аз рӯзи ногузарон ба ҳар намуди фиребу найранг даст мезананд. Қавлу амали инҳоро қабул кардан даркор нест.»

Саидҷони Сорбонхӯҷа афзуд, ки Ислом мавҷудияти сеҳру ҷодуро инкор намекунад, аммо аз назари дин, сеҳргарию фолкушоӣ амали ноҷоиз ва бовар кардан ба он гуноҳ мебошад.

Бо ин вуҷуд, чунин ба назар мерасад, ки шумораи одамони ихлосгар ба чунин сеҳргарону фолкушоҳо кам нест. Мавридҳои зиёде шуда, ки занон дар пайи суҳбат бо фолкушоҳо қурбони фиребу найранги онҳо шуда, маблағҳои зиёд ва ҷавоҳироташонро аз даст додаанд.

Рамазон Хайриддинов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ахиран як дӯсти наздикаш ҳам бо ҳадафи мушкилкушоӣ ба марди сеҳргаре муроҷиат карда, 500 доллари худро беҳуда аз даст дод. «Ин дӯсти ман ба духтаре ошиқ шуд, ки муҳаббаташро рад мекард. Пас, рафт ба назди фолкушое ва талаби кумак кард. Он сеҳргар дӯстамро тарсу фиреб дода, тамоми маблағи кисаашро аз худ кард. Аммо ин мушкили дӯстам натанҳо осон нашуд, балки вай бемор шуд ва духтарро ба шавҳар доданд», - афзуд Рамазон.

Ҳоло мақомоти пулис тафтиш карда истодаанд, ки оё "мулло Ҷаббор" ҳамроҳи ҷавонони пайраваш дар ҷиноёти дигари мушобеҳ низ даст доранд ё хайр ва чӣ теъдод аз шаҳрвандон қурбони фиреби ӯ шудаанд? Пулис мегӯяд, ки айни ҳол мулло Ҷаббор дар тақаллуб ва ҳамдастӣ дар дуздӣ гумонбар дониста мешавад.

Ин дар ҳолест, ки чанд моҳ пеш дар шаҳри Қӯрғонтеппа як зани ба истилоҳ «ғайбдон»-ро ҳам бо гумони сеҳргарӣ ва фиреби мардум ба муҷозоти маъмурӣ кашидаанд. Ин зан танҳо бо пардохти чанд ҳазор сомонӣ ҷарима аз таъқиби бештари ҷиноӣ раҳо хӯрдааст.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: Беном
24.06.2013 21:01
salom enro bedonid ke hej waqt муллои ҷодугар namishawad bar aks мулло zede ҷодугар ast va jodugare dar eslom harome mutlaq ast va sohebash ba kofer budan ham dar shak ast xohesh doram az ozode nome muloo ro az mawzu begerid kofe ast ke guftid jodugar
Дар посух

Ном: Tolib аз: Avast
26.06.2013 09:59
Islom ba zoti khud nadorad aybe. Har aybe ki hast dar musalmonii most >>>>> Shiori xub baroi xud pesh giriftaand Fanatikho!! Agar jinoyatkor mullo naboshad, hama ba yak ovoz Xukumat gunahkor-masjid raftanro maan kard!!! Agar mullo ba dast aftid, darava hama ba yak ovoz: Islom ba zoti khud nadorad aybe......... >.

Ном: Muslima аз: Dushanbe
24.06.2013 21:12
Оллох хамаи бандахояшро хидоят кунад!!!Омин Раббул Оламин!!!
Дар посух

Ном: ali аз: chilchah
25.06.2013 12:11
Islom ba zoti khud nadorad aybe. Har aybe ki hast dar musalmonii most
Дар посух

Ном: егыти Хоричи (Кулоби) аз: Хоричистон (Кулобчон)
27.06.2013 21:38
Салом.
Бародар аниктараш ва шакли дурусташ "АЛЛОХ" навишта мешавад..
Аллох нигахбони хаммаи Шумоён. ва охиру даъвоно анилхамдулиллохир рабил оъламин, ОМИН ё рабал оъламин!
Хурмати ман ба Р.О.

Ном: Jamshed8808 аз: n.Vose
25.06.2013 08:49
Ozodi az shumo ehtiromona hohish menamoyam ki ba mamuroni pulis rasoned ki sari rohi hamin jodugarora girand. Qonuni inhoro jazo dodan darkor.Kase ki Jodugari mekunad 5 sol zindonash kunand. Bovar kuned inho zamonaro vayron karda istodaand. Inhoro boyad nest kunem mo az bayni mardum. Ana in kori Behtarini mamuroni pulis. Qandatona zaned. Tashakur.

Ном: Доро аз: Душанбе
25.06.2013 11:17
МошоАллоh!!! """Мешидай ку!! И Чодугарои Бехудора хаммаша ай Точикистон зада пеш кардан даркор!!
Бовар кунед ин мардум аз дин ки дур мондиян аз Худо дур шуда ру ба ин чодугаро овардиян.

Ном: be nom аз: dushanbe
25.06.2013 13:37
i mardum ay aqidavu din habar nadoran aksarsh johiland baroi hami hami kora meknan aku muloi sozi ki jodugar nest aqida nadora hayfi i bechorahoi mardum. da minbaru marakaho qisavu afsona naql mekunand HUDOYI az chizhoi harom mahsub meshava haqqi YATIMOHAY mehransh hej parvo nadoran .ALLOH TAOLO dar QURON SURAI NISO OYAI 10 mefarmoyad hamono kasoneki molhoi yatimonro ba nohaq mehurad ba durusti dar shikamhoshon otash mehurand va zudast ki dar jahanam andohta meshavand dar joi digar ALLOH mefarmoyad ASSADAQOTU LILFUQARO SADAQA BOYAD BA FAQIRONU YATIMON DODASHAVAD na inki az yatimon kanda bihuri MULLOHOI MO ba in holand az omivu jodugar ki az dun farsahho durand chi gila dored na ba izati nasi kase rasidani nesta vale aksarashon haminheland agar kase intavr naboshad banda uro dar nazar nadoram yane kase hami hudoyihora namehuradu haqqi yatimora hifz mekunad

Ном: Секрет аз: Пойковский
25.06.2013 19:22
Ин тавр муллохои китайискиро "Ҷодугарро" хатман бе мухлат ба зиндон кашидан даркор .Инхо бо гапхои дуруғи худ каллаи мардумро гардонда онҳоро ғорат мекунанд "АҲСАН БА ҲАМОН МЕЛИСАЕ КИ ИНРО ДАСТГИР КАРДААСТ"
Дар посух

Ном: Абдуллоҳ аз: Кулоб
26.06.2013 10:46
Мулло нагуед, дурусташ ҷодугар ҳаст. Ва уро ба ҳазор сол маҳкам кунед.

Писандидатаринҳо

Бойгонии назарсанҷӣ

Ба мо аксу видео фиристед

Хонандаи азиз! Ба мо аксҳои зебо ва видеоҳои ҷолиб фиристед ва онҳоро ҳазорон нафар хоҳанд дид. Фиристодан хеле осон аст. Ба ин сафҳа равед ва 2 дақиқа вақт сарф кунед.