Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои эълони ҳукми умрбоди масъули қатли Салоҳиддин


​Додгоҳи Маскав Иля Горячев, раҳбари як созмони қавмгароро, ки дар 5 куштор, аз ҷумла дар қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов гунаҳкор шинохта шуд, ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Муҳаббат Азизов, падари Салоҳиддин Азизов, ки 7 сол пеш дар вилояти Маскав аз сӯи қавмгароён кушта шуд, ҳукми зиндони умрбоди Иля Горячевро, ки дар ташкили куштори писари ӯ гунаҳкор шинохта шуд, тантанаи адолат унвон кард, вале гуфт, ягон ҳукм наметавонад ҷои писари аздастдодаашро пур кунад. "Бубинед, садҳо бачаи тоҷикро дар Русия мекушанд ва бе ягон муҷозот мемонанд. Барои бачаи ман ин қадар давутоз карданд, ба ҳаминаш ҳам шукр. Шукр, ки онҳо доштанд. Агар беҷазо мемонданд, аламаш дар дилам вазнинтар мемонд," - -гуфт ӯ.

Муҳаббат Азизов гуфт, хонаводаи онҳо бо талаби товон расман ба ниҳодҳои додгоҳии Русия муроҷиат накардааст, ҳарчанд, мегӯяд ӯ, "ман тавассути матбуот гуфтам, ки ҳамчун падар хунбаҳои фарзандамро аз қотилонаш талаб дорам."

Иля Горячев
Иля Горячев

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 24 июл Иля Горячев, мулаққаб ба “Студент”-ро, ки дар 5 куштор, аз ҷумла дар қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов гунаҳкор шинохта шудааст, ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Горячев яке аз раҳбарони асосии БОРН (Боевая организация русских националистов, ё Созмони ҷангии миллатгароёни рус) ном бурда мешавад, ки дар маҷмӯъ аъзои он дар 10 куштор дар заминаи адовати қавмию нажодӣ айбдор шудаанд.

Ин видеоро хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ аз рӯзи эълони ҳукми Иля Горячев овардааст:

Масъули қатли Салоҳиддин ба ҳабси абад маҳкум шуд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00

Қозии додгоҳ Павел Мелехин дар ҳукмаш Горячевро муассиси БОРН ном бурд ва дар куштори 5 нафар – муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов, адвокат Станислав Маркелов, антифашистҳо Иля Ҷапаридзе ва Фёдор Филатов ва раҳбари гурӯҳи “Черые ястребы” Расул Халилов – масъул донист. Бо ҳукми додгоҳ Иля Горячев бояд ба волидони Иля Ҷапаридзе ҳамчун товон 5 миллион рубл низ пардохт кунад. Нашрияҳои русӣ менависанд, Горячев баъд аз шунидани ҳукмаш дар толори мурофиа аз ҳуш рафт.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсони Русия аз ҳукми, ба гуфтаи онҳо, муносиби Иля

Светлана Ганнушкина
Светлана Ганнушкина

Горячев истиқбол мекунанд. Светлана Ганнушкина, раҳбари Кумитаи “Гражданское содействие”, ба Озодӣ гуфт, “ҷиноят дар заминаи адоват, яъне ҷинояти ақидатӣ, бахусус куштор, мудҳиштарин ҷиноят аст ва сазовори ҷазои аз ҳама сангин аст. Чунин ҷиноят ба фарқ аз кушторе, ки барои мисол, дар ҳолати аффект ё асабоният содир мешавад, ягон ҳолати сабуккунанда надорад. Вале парвандаи Горячев бо қонуншиканиҳо сурат гирифт ва хеле чизҳо пушти парда монданд. Муҳокимаи ҳар инсон, сарфи назар аз инки дар чӣ ҷинояте даст дорад, бояд дар чорчӯби қонун сурат бигирад. Дар ин қазия даст доштани Горячев дар ин ҷиноятҳо исбот шуд, вале дараҷаи даст доштанаш, ба назари ман, на.”

Александр Верховский, раҳбари маркази “Сова”, яке аз созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқи башар дар вокуниш ба ҳукми Горячев ба Озодӣ гуфт, “ҳукми хеле шадид барои нафаре, ки шахсан дар қатлҳо ширкат накардааст, вале бо дарназардошти онки ӯ дар ташкили чанд куштор ва таъсиси созмони ҷиноӣ айбдор дониста шуд, ин як ҳукми комилан қонунист. Ман фикр мекунам, ки ин ҷазои муносиб аст.”

Ҳукми Горячев нахустин мавриди бо ҷурми қатли як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳабси умрбод маҳкум шудани як қавмгаро дар Русия ба шумор меравад.

Акси Салоҳиддин Азизов
Акси Салоҳиддин Азизов

Ҳайати мунсифаи додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 14 июл Иля Горячевро дар ҳама иттиҳомоти алайҳаш эълоншуда муҷрим шинохт. Ба дунбол айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои ӯ ҳукми ҳабси умрбод хост. Вале вакилони Горячев – Марк Фейгин ва Иван Полозова – бо таъкид ба бегуноҳии ӯ ва инки Горячев тоқати дар маҳбас истодан надорад, комилан сафед кардани ӯро тақозо карда буданд.

Иля Горячев охирин нафар аз 9 узви мушаххасшудаи гурӯҳи БОРН аст, ки парвандааш ба додгоҳ расид. Моҳи сентябри соли 2014 раҳбари асосии БОРН Никита Тихонов бо ҷурми 6 куштор ва 2 қасди куштор, аз ҷумла барои нақшаш дар қатли Маркелов ва Бабурова ба 18 соли зиндон ва моҳи марти соли равон ба ҳабси абад маҳкум шуд. Дӯстдухтари Тихонов Евгения Хасис ва 5 узви дигари ин гурӯҳ низ ба солҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла дуи онҳо онҳо - Вячеслав Исаев ва Максим Баклагин бо ҷурми куштани қозии додгоҳи Маскав Эдуард Чувашов ба ҳабси умрбод маҳкум шудаанд. Як узви дигари БОРН дар ҳоли фирор дар Украина аз таркиши норинҷак ҷон бохт.

Тихонов дар ҷараёни мурофиаи парвандаи Горячев нақши раҳбарии ӯро эътироф кард ва гуфт, гӯё Горячев барои қатлҳо дар заминаи адовати қавмӣ аз аз мақомоти болоии Русия барои анҷоми қатлҳои пурсарусадо дастур мегирифт. Горячев, ки, бино ба шаҳодати Тихонов, аз робитаҳои хубаш бо дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия лоф мезад, гуфтааст, барои “болоҳо” чунин қатлҳои пурсарусадо лозиманд. Тихонов гуфтааст, ки неонатсистҳои БОРН маҳз бо амри Иля Горячев вакили мудофеъ Станислав Маркелов ва муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизовро куштаанд.Горячев ва вакили ӯ инро рад мекунанд.

Иля Горячев ҳамин тавр ҳар навъ иртиботаш бо БОРН ва қатлҳои анҷомшуда аз сӯи ин гурӯҳи қавмгароро рад мекунад ва гуфтааст, гӯё Салоҳиддин Азизовро на ӯ, балки Никита Тихонов ва Алексей Коршунов - ду узви дигари БОРН - куштаанд. Коршунов қаблан прапоршики ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русия - будааст.

Салоҳиддин Азизови он замон 20-сола, ки дар амбори меваҷоти минтақаи Покровское дар вилояти Маскав ҳаммолӣ мекард, шаби 5 ба 6 декабри соли 2008, ҳамроҳ бо ҳамватани он замон 22-солааш Ҷамолиддин Алиев дар роҳи бозгашт аз ҷойи кор ба манзили иҷораашон дар як ҷангалзор дар наздикии рустои Жабкино ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ бо туфангчаҳои пневматикӣ қарор гирифт. Шарики Салоҳиддин бо вуҷуди тир хӯрдан аз чаккаи сар тавонист фирор кунад ва хабари ҳадафи ҳамла қарор гирифтанашонро ба ҳамватанонаш бирасонад.

Хешовандони Салоҳиддин Азизов баъди чанде аз ҷойи ҳодиса танҳо ҷасади бесари ӯро пайдо карданд. Тафтишот мегӯяд, аъзои БОРН сари бетани муҳоҷири тоҷикро чанд рӯз дар манзили Тихонов дар яхдон нигоҳ дошта, хеле фикр кардаанд, ки аз ин ҷиноят чигуна барои таблиғи худ истифода баранд.

Баъди чанд рӯз аъзои БОРН сари буридаи Салоҳиддинро дар як қуттии ахлот дар назди идораи ҳукумати як минтақаи шаҳри Маскав партофта, тавассути почтаи электронӣ аксашро ба чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башар, аз ҷумла ба Дафтари ҳуқуқи башари Маскав ва маркази «Сова» фиристоданд. БОРН дар он паёмаш масъулияти қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷикро бар дӯш гирифта, ин кушторро рамзи муборизаи худ алайҳи “ишғоли Русия аз сӯи мардуми ғайр” номид.

XS
SM
MD
LG