Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ дар 20 ҳавза номзадҳояшро мушаххас кард


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номзадҳои худро барои ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2015 мушаххас намудааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои сиёсии худ, ки рӯзи 17 октябр баргузор шуд, феҳристи 20 нафарии номзадҳои худро дар ҳавзаҳои якмандата дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015, муайян кардааст.

Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ рӯзи 20 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар нишасти навбатии Шӯрои сиёсӣ, номзадҳои ин ҳизб аз ҳавзаҳои якмандата мушаххас шуданд. Ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҲНИТ дар 20 ҳавзаи якмандта дар навоҳии вилояти Суғд, минтақаи Кӯлоб ва дар навоҳии тобеи марказ, номзадҳои худро таъин кардаанд ва дар анҷумани қабл аз интихоботӣ, ному насаби онҳо эълон хоҳанд шуд. Анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 16 декабри соли равон баргузор мешавад.

То интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳудуди чаҳор моҳи дигар мондааст ва то кунун ба ҷуз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ягон гурӯҳ ва ё ҳизби сиёсии дигар аз пешниҳоди номзадҳои худ хабар надодааст.

Зимнан, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз ҳоло омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагон шурӯъ шудааст. Абдураҳмон Додоев, сардори дастгоҳи КМИР рӯзи 20 октябри ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин нахустин интихобот аст, ки номзадҳои ҳавзаҳои якмандата ва аз тариқи феҳрасти ҳизбӣ 4 ҳазор сомонӣ гарафпулӣ месупоранд. Вай афзуд, ки дар гузашта номзадҳо 8 ҳазор сомонӣ пардохт мекарданд.

Ба гуфтаи ин мақоми Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ин иқдом пас аз пешиниҳоду баррасии аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои байналмиаллалии масоили интихобот, гирифта шудааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар ҳоли ҳозир дар парлумони кишвар ду вакил -- Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб ва муовини ӯ Саидумар Ҳусайнӣ намояндагӣ мекунанд. Дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010 ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 8 фоизи ороро нисбат доданд, ҳарчанд раҳбарони ҳизб мегуфтанд, ки дар асл беш аз 30 дарсад раъй гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG