Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти хонандагони Чоркӯҳ аз сабти иҷборӣ дар Маркази тестӣ


Идораи ҷамоати Чоркӯҳ дар Исфара
Идораи ҷамоати Чоркӯҳ дар Исфара

Бархе аз хонандагони мактабҳои миёнаи Чоркӯҳ мегӯянд, новобаста аз он, ки нияти таҳсил дар донишгоҳро доранд ё не, аз онҳо хоста шудааст, барои қабул ба Маркази миллии тестӣ 200 сомонӣ супоранд.

Дар бархе аз ҷамоатҳои шаҳри Исфара, ба мисли Чоркӯҳ, аз хатмкунандаҳои мактабҳои миёна, новобаста ба он, ки донишҷӯ шудан мехоҳанд, ё на талаб шудааст, то худро дар Маркази миллии тестӣ ба қайд гиранд ва 200 сомонӣ супоранд.

Падари яке аз хатмкунандагони мактаби рақами 58-и Чоркӯҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки писари ӯ хоҳиш ва қобилияти идомаи таҳсил дар донишгоҳро надорад ва ба хотири беҳуда сарф нашудани вақт, онҳо нияти ҳуҷҷатсупорӣ ба Маркази миллии тестиро надоштанд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, новобаста ба ин, мактаб аз писараш хостааст, ки пули бақайдгириро супорад.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи сокинони Чоркӯҳ, дар мактабҳое мисли 49, 65, 70-и ин ҷамоат ҳам аз хонандагоне, ки намехоҳанд таҳсилро дар донишгоҳ идома диҳанд ва ният доранд ба муҳоҷирати Русия ё ба хизмати ҳарбӣ раванд ва ё хонадор шаванд, хоста шудааст, то худро дар Маркази миллии тестӣ ба қайд гиранд. Абдуллоҳ, хонандаи як мактаби Чоркӯҳ, гуфт, барои хонандаҳо дар мактаб эълон кардаанд, ки “бояд бо ҳуҷҷатҳои лозимӣ ва 200 сомонӣ ба Маркази миллии тестӣ рафта, худро сабтином кунанд”.

Ба суоли толибилмон гуфтаанд, “чунин фармон шудааст”. Хонандагон мегӯянд, ки агар аз сабтином саркашӣ кунанд, метавонанд аз шаҳодатномаи хатми мактаб маҳрум шаванд ва ё ба имтиҳонот роҳ наёбанд.

Мавридҳои иҷборӣ ба қайд гирифтани хонандаҳо барои имтиҳонҳои дохилшавӣ дар бархе аз ҷамоатҳои шаҳри Исфара мисли ҷамоати Чоркӯҳ дар ҳолест, ки соли гузашта дар ин минтақаи Тоҷикистон барои дохил шудан ба донишгоҳҳо теъдоди хеле кам ҳуҷҷат супурдаанд. Исфара борҳо дар ҷаласаҳои бахши маориф танқид шунида, супориш шудааст, ки имсол бо ба роҳ мондани маъракаҳои тарғиботӣ, шумораи дохилшавандагонро аз 32 дарсади соли гузашта то ба 50 дарсад расонанд.

Қаноат Абророва, мудири маорифи шаҳри Исфара, мегӯяд, "мақсади мо ин аст, ки бачаҳо хонанд ва ҳадди ақалл ба Русия бо майнаи холӣ нараванд ва ба гурӯҳу ҳизбҳои ифротӣ аъзо нашаванд."

Аммо, ба таъкиди ӯ, ба ҳеч ваҷҳ ин кор бо роҳи иҷборӣ ё пулситонӣ аз хонандаҳо сурат намегирад ва баръакс, ба гуфтаи ӯ, ба хонандаҳое ки имкони молияшон хуб нест, ёрӣ мекунанд. Ба гуфтаи мудири маорифи Исфара, дар бархе аз мактабҳо ҳатто омӯзгорон хонандагони фаъолро аз ҳисоби маоши худ дар Маркази милии тестӣ ба қайд гирифтаанд: “Ҳоло ҳизби халқӣ-демократӣ иқдом гирифт, ки 3 нафарро 5 сол хононад. Боз иқдом ҳаст, корхонаҳои шаҳрро ҳам ба кумаки хонандаҳое, ки шароити идомаи таҳсилро надоранд, даъват кунем.”

Ин масъули маориф таъкид мекунад, ки ҳадафи аслии таъмини ин минтақа бо мутахассисони соҳибмаълумот аст. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз бархе аз ҷамоатҳои Чоркӯҳ аз камбуди омӯзгорону муттахассисони соҳаи тиб сахт азият мекашад: “Барои мисол, дар Чорқишлоқ, ки аз он ҷо 40 оила дар Сурия қарор дорад, 10 омӯзгори нафақахӯр аст. Маҷбур шудем, ки 16 омӯзгорро аз шаҳр бурда дар онҷо монем. Имсол квотаро ҳам бештар ба Чоркӯҳу Чорқишлоқ равона кардем.”

Аммо дар робита ба водор кардани хонандаҳои ин минтақа барои ба қайдгирӣ ва ширкат дар имтиҳоноти дохилшавӣ Маркази милии тестӣ мегӯяд, ягон чунин шикояте қабул накардааст ва барои ноҳияҳои алоҳида ягон нақшаи муайян надорад.

Тибқи нақшаи имсолаи қабули довталабон ба донишгоҳҳои олӣ 54 ҳазору 833 ҷой муайян шуда, то 16 апрел 76 ҳазору 804 нафар довталаб барои иштирок дар имтиҳоноти марказонидашуда худро сабати ном кардаанд. Ин омор ҳам нисбат ба ҳамин давраи соле пеш зиёд будааст.

XS
SM
MD
LG