Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳритус. Ҷанҷол сари тақсими саҳмияҳои бозор


Санавбар Абдуллоева, яке аз саҳҳомони бозори "Ином"
Санавбар Абдуллоева, яке аз саҳҳомони бозори "Ином"

Кӯшиши мақомоти давлатӣ дар амри 50 ба 50 тақсим кардани бозори «Ином» - и Шаҳритус бо нокомӣ анҷом ёфт.

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон қаблан саҳмияҳои ширкати «Ином», ихтиёрдори ин бозорро миёни ду нафар - Бурҳон Абдуллоев ва Холназар Достиев тақсим карда буд. Ба манзури иҷрои ин ҳукм, рӯзи 5 сентябр ҳайате аз намояндагони додгоҳ, кумитаи андоз, милиса ва ҳукумати ноҳияи Шаҳритус бо иттифоқи Муҳибулло Саъдуллоев --- додарарӯси президенти Тоҷикистон ва бародари хурдии раиси «Ориёнбонк» - Ҳасан Асадуллозода, ки шарики тиҷоратии Холназар Достиев муаррифӣ мешавад, ба бозор омад, аммо ба муқовимати соҳибмулки дигар дучор шуд.

Дар навори видеоие, ки ба дасти «Озодӣ» расид ва ба гумони ғолиб, аз сӯи нафарони оилаи Абдуллоев сабт шудааст, баҳси тезутунди беш аз яксоатаро метавон мушоҳида кард. Дар он мақомоти давлатӣ мехоҳанд бозорро тақсим кунанд, аммо соҳибмулки дигар ин иҷозаро намедиҳад.

Қосим Қосимов, вакили дифоъи Холназар Достиев ва Муҳибулло Саъдуллоев, ба Радиои «Озодӣ» гуфт, пас аз он, ки иҷрочиёни судӣ натавонистанд ҳукми додгоҳро иҷро кунанд, санади расмӣ карданд, ки нафарони маълум монеи иҷрои қонун шуданд:

«Мутобиқи моддаи 363-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ва моддаи 90-и Қонуни ҶТ дар бораи иҷро судяи иҷрочӣ муроҷиат ба додситонӣ аз шахсоне, ки барои иҷрои ҳукм монеа эҷод кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. Иҷрочии суд, намояндагони ҳукумат, бахусус муовини раиси ноҳия ва Достиевро таҳқир карданд. Саъдуллоевро носазо гуфтанд, ҳол он ки ӯ ҳеҷ муносибате надорад, Достиев дар қазия ҳузур дорад.»

14 майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ҳукм бароварда буд, ки ин бозор миёни Бурҳон Абдуллоев ва Холназар Достиев 50 ба 50 тақсим шавад. Ин бозор соли 2006 ташкил шуда, бино ба санадҳои расмӣ, саҳмияҳояш ба Бурҳон Абдуллоев (20%), ҳамсараш Санавбар Абдуллоева (60%) ва писараш Ином Абдуллоев (20%) тааллуқ дошт. Дар асноди расмие, ки ба «Озодӣ» аз ҷониби онҳо пешниҳод шуд, ҷое аз соҳибмулкии Холназар Достиев ва Муҳибулло Саъдуллоев ба бозори «Ином» зикр намешавад. Замоне, ки Додгоҳи олии иқтисодӣ саҳмияҳои бозорро тақсим шуд, Қосим Қосимов, вакили дифои онҳо ба расонаҳо гуфт, ки 50 дарсадро нафарони таҳти ҳимояташ «ҳадя» гирифтанд.

Аммо чаро оилаи Абдуллоевҳо ба иҷрои ҳукми додгоҳ монеа эҷод кард?Вакили дифои онҳо мегӯяд, бозор то ба ҳол қонунӣ ба оилаи Абдуллоевҳо дорад, зеро саҳмияҳои онҳо бекор нашудаанд ва барои он, ки ҳукми додгоҳро иҷро кунанд, бояд саҳмияҳои навро вазорати молияи Тоҷикистон тасдиқ намояд. Бузургмеҳр Ёров гуфт, Додгоҳи олии иқтисодӣ 11 август дар пайи шикояти Абдуллоевҳо хулоса дод, ки ҳалномаи тақсими 50 ба 50 аз 14 май камбудӣ дорад ва иҷро кардани он дуруст нест:

«Барои иҷро кардани ҳалномаи додгоҳӣ тарафҳо бояд боз ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Мушаххас кунанд, ки масалан, қисмати рости бозорро ман мегирам, қисмати дигарашро вай. Моддаи 301 – 302 – Кодекси гражданӣ мегӯяд, ки агар дар масъалаи тақсими амвол баҳс ба вуҷуд ояд, тарафҳо бояд ба суд муроҷиат кунанд. Имрӯз мебинем, ки иҷрочиёни суд, Муҳибулло Саъдуллоев ва кормандони ҳукумат ваколати додгоҳро аз худ кунанд, яъне суд муқаррар накардааст, ки кадом амвол ба кӣ бояд тааллуқ гирад, аммо инҳо мехоҳанд ба сари худ ин корро кунанд. Ин баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва беҳурматӣ ба адолати судӣ аст.»

Дар ҳамин ҳол, Қосим Қосимов, вакили дифои Холназар Достиев ва Муҳибулло Саъдуллоев мегӯяд, шаҳодатномаҳои соҳибмулкии оилаи Абдуллоевро додгоҳ бекор кардааст ва Холназар Муҳаббатов аллакай ин шаҳодатномаро барои 50 дарсади бозор дорад.

Оилаи Абдуллоевҳо бар ин аст, ки ин бозорро Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва бародари раиси «Ориёнбонк» - Ҳасан Асадуллозода бо истифода аз мақомаш мехоҳад аз худ кунад. Ҷониби муқобил ин даъворо рад карда, мегӯяд, аз оғоз ин бозор ба Муҳибулло Саъдуллоев тааллуқ дошт. Аммо як сокини Шаҳритус, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, воқеан ин бозорро дар гузашта ба номи Муҳибулло Саъдуллоев мешинохтанд, зеро оилаи Абдуллоевҳоро ӯ пуштибонӣ («кришеват») мекард, то тиҷорат кунанд.

Санавбар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев, таъйид кард, ки дар гузашта бино ба як тавофуқи лафзӣ бо Муҳибулло Саъдуллоев аз Душанбе ба Шаҳритус рафта, ба ҷои автобазаи валангоршуда бозор ташкил карданд: «Одамони Шаҳритус дар оғоз ба мо гуфтанд, ки ин корро накунед, зеро ин одам аввал мегузорад, ки обод кунед, баъд кашида мегирад. Ин гапро бо худи Муҳибулло ба миён гузоштем. Ӯ гуфт, ки ҳар кӣ ин суханонро мегӯяд, душмани ман аст. Шумо, ба ҷои апаам бошед, акам ба ҷои бародарам, ҳамин ҷои ноободро обод кунед, дигар ҳарчи шуд, ошатон шавад.»

Баҳси бозори «Ином» ду сол ба ин сӯ идома дорад ва то ба ҳол 10 парванда дар ин маврид баррасӣ шудааст. Дар ҳоли ба додситонӣ муроҷиат кардани иҷроичиёни суд, баҳси бозори «Ином» ба як парвандаи дигар мекӯчад.

XS
SM
MD
LG