Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пул ёфтан - як ҳунар, сарфаш ҳунари дигар аст


Бино ба як таҳқиқот, 83 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба вожаҳои асосии бонкию молиявӣ сарфаҳм намераванд ва 40 дарсадаш аслан пасандоз надоранд.

Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ба зудӣ барномаи вижаеро барои боло бурдани сатҳи саводу маърифати молиявии мардуми Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.

Дафтари IFC дар Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар гуфтааст, ки ҳадафи барнома - ошно кардани шаҳрвандон бо сарфи дурусти буҷаи хонавода, омӯзиши асосҳои молия ва роҳҳои беҳтари қарзгирӣ, ки аз ғӯтидан ба гирдоби қарз ҷилавгирӣ мекунад, намоиши бартарии ҳисоботи молиявӣ ва ба роҳ мондани робитаи қавӣ бо бонкҳоаст. Қарор аст, ки ин барнома аз ҷумла, тавассути расонаҳо ва радиову телевизион пиёда шавад.

Мутахассисони IFC баъд аз анҷоми пажуҳиш ба натиҷае расиданд, ки 40 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон даромади худро пурра сарф мекунад ва фақат нисфи аҳолӣ тавони захира кардани як миқдор аз маблағҳояшонро доранд. 83 дар сади сокинони Тоҷикистон, бино ба гузориши ин ниҳод, ба вожаҳои асосии бонкӣ сарфаҳм намераванд.

Тақрибан 90 дарсади онҳо дар бораи “Бюрои қазияи қарз” чизе нашунидаанд ва фақат 40 дарсад барои дар ихтиёри ин бюро гузоштани иттилоъ дар бораи қарзашон розӣ шуданд...

Барномаи саводнокии молиявии мардум як бахши Тарҳи таҳкими сохторҳои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон аст, ки аз сӯи ҳукумати Швейсария сармоягузорӣ мешавад, омадааст дар хабари намоядагии IFC дар Тоҷикистон.

Шамсуллоҳ Абдуллоев, як сокини ноҳияи Фархор, аз маҳфумҳои бонкӣ фақат “кредит”-ро шунидааст ва онро ҳангоми гирифтани қарз барои сӯҳбат аз телефони мобилаш истифода мекунад. Ӯ иқрор мекунад, ки то тирамоҳи соли гузашта ба қурби рублу доллар ва сомонӣ ҳам зиёд таваҷҷуҳ намекард. “Ман аввалҳои тирамоҳ аз Русия омадам, он вақт пули русӣ ин хел дар замин задагӣ набуд. Як хешамон маслиҳат дод, ки рублҳоро доллар кунам, гуфтам, ки фарқаш чӣ. Баъди як-ду моҳ пули русӣ “хоки сиёҳ” шуд ва маҷбур шудам рублҳоямро ду баробар камтар аз қурби пештара фурӯшам”.

Шамсуллоҳ меафзояд, хушбахтона, то он рӯз қариб нисфи пулҳояшро барои харидани масолеҳи сохтмонӣ сарф карда буд. “Бояд то тобистон хонаамро пӯшонам ва баъд боз ба Русия равам, дигар илоҷ нест, қурби рубл кам ҳам шуда бошад, ба ҳар ҳол он ҷо кор ҳаст, ин ҷо чанд бор ба Душанбе ҳам рафтам, ягон кор пайдо нашуд”.

Одинааҳмад Талабов, як дорусози муқими шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳарчанд бо бонк робита дорад, то ҳанӯз ба бисёр вожаҳои молиявӣ сарфаҳм намеравад. “Ман дар бонк пул надорам, баръакс, соли гузашта барои таъмири хона аз бонк дувуним ҳазор доллар қарз гирифтам,” - мегӯяд ӯ ва иқрор мекунад, ки ҳама хароҷоти оила бар дӯши ӯст, ва имкони тарҳрезӣ кардани буҷаи хонаводаро надорад, зеро “кори мо ҳамин хел аст, рӯзе мешавад, ки сад доллар меёбӣ, рӯзе мешавад, ки ягон тин ба киссаат намедарояд”.

“МАРДАК, ПУЛ ФИРИСТ, ТИЛЛОВОРӢ МЕХАРАМ...”

Аз нигоҳи Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик, саводи молиявӣ фақат донистани “чаҳор амал” нест, ҳоло ҳар шахс бояд ҳадди аққал бо вожаҳову амалиёти бонкӣ ошно бошад, тарзи истифодаи корти пластикиро донад, ба уфту хези асъор таваҷҷуҳ кунад ва бо ахбори молиявӣ аз тариқи интернет ошно шавад ва дониши молиявияшро барои таррезии буҷаи хонавода истифода барад.

Собир Вазиров
Собир Вазиров

Ба гуфтаи ӯ, солҳои ахир дар Тоҷикистон саводи молиявии соҳибкорон, вобаста бо он, ки аз як сӯ. дастрасияшон ба иттилоъ аз тариқи интернет осон шудааст, ва аз сӯи дигар, пайваста мавриди тафтиши ниҳодҳои назоратӣ қарор мегиранд, боло рафтааст. Аммо, меафзояд ӯ, сатҳи саводи молиявии мардуми оддӣ воқеъан ҳам пойин аст. Ба гуфтаи иқтисоддон, «ба пойин будани ин сатҳ фасоду ришват ҳам мусоидат мекунанд, зеро бисёриҳо ба ин андешаанд, ки агар мушкил бо ришва ҳал шавад, саводи молиявӣ чӣ лозим? Аз бесаводии ин гурӯҳи мардум баъзе бонкҳо низ метавонанд истифода баранд ва бо таҳияи созишҳои қалбакӣ маблағи зиёдеро азхуд кунанд».

Ширкат дар пирамида ё аҳромҳои молиявие чун «мӯҳрабизнес» ҳам баёнгари надоштани саводи моливии мардум аст.

Соҳиб Назар, иқтисоддони дигари тоҷик, бо иддаое, ки мардуми Тоҷикистон саводи молиявӣ надорад, розӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, дар хонаводаҳои суннатии тоҷикон на дар гузашта ва на имрӯз ба саводи молиявии ҳар узви оила зарурате набуду нест, масъулияти ҳалли масъалаҳои молиявӣ ҳамеша бар дӯши сарвари оила буд. Аммо мусоҳиби мо иқрор мекунад, ки баъди ба муҳоҷират рафтани мардон масъулияти истифодаи сармоя бар дӯши занҳо уфтодааст ва баъзеи онҳо маблағи аз Русия расидаро барои хариди ашёи нолозим ва матоъҳои гаронбаҳову ҷавоҳирот сарф мекунанд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Соҳиб Назар, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ дар деҳот мардумро водор сохтааст, ки бо бонкҳо сару кор бигиранд ва хоҳ-нохоҳ ба мафҳумҳои бонкиву молиявие чун “дебит”, “кредит”, “депозит” сарфаҳм раванд

СЕРИАЛИ “ПУЛРО ДАР КУҶО ЗАХИРА КУНЕМ”?

Аз нигоҳи иқтисоддонҳо, танҳо 12 дарсади муҳоҷирони корӣ сармояи худро дар бонкҳо нигаҳ медоранд, бештари маблағи боқимонда аз сӯи хонаводаҳои онҳо сарфи ниёзмандиҳои ҳаррӯза мешавад. Бино ба як пажуҳиши Маркази назарсанҷии “Шарқ”, маблағҳои муҳоҷирон асосан барои хариди маводи озуқа, либос, таҳсили фарзандон, таъмири хона, пардохти хадамоти беҳдоштӣ ва коммуналиву манзилӣ ва ҳатто додани ришва сарф мешавад. Наздик ба чаҳор дарсади ин маблағ хайр карда мешавад, аз ҷумла ба масҷидҳо, хешу наздикон ё афроди маъюб ва мӯҳтоҷ. Тақрибан 30 дар сади муҳоҷирони корӣ талош мекунанд, ки бо маблағи дарёфтаашон мошин бихаранд. Зимнан, шурӯъ аз тирамоҳи соли гузашта бар асари ба таври бесобиқа пойин рафтани қурби рубли русӣ теъдоди ин гуна шаҳрвандон коҳиш ёфтааст.

Аммо теъдоди оилаҳое, ки маблағҳои аз Русия интиқолёфтаро барои ташкили манбаъҳои нави даромад истифода мебаранд, хело кам аст. Қаҳрамон Бақозода, раҳбари маркази назарсанҷии «Зеркало» дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ба ин нукта дар як пажуҳиши вижаи Бонки ҷаҳонӣ дар як соли пеш ҳам таъкид шудааст. Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ ба хулосае расиданд, ки бештари шаҳрвандон маблағи аз Русия расидаро зуд сарф мекунанд ва фақат фойизи хело камашон онро барои ташкили корхона ё тиҷорат истифода мебаранд.

Қаҳрамон Бақозода
Қаҳрамон Бақозода

Мусоҳиби мо меафзояд, кормандони «Зеркало» зимни ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дарёфтанд, ки дар маҷмӯъ мардуми кишвар саводи аввалияи молиявӣ доранд, аммо вожаҳои бонкӣ, аз қабили «дебит», «кредит», «депозит», «инфлятсия» барояшон бегона аст. Иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ ба натиҷае расиданд, ки барои мардуми Тоҷикистон барномаи вижаи омӯзиши молиявӣ таҳия шавад.

Зимнан, ба гуфтаи Қаҳрамон Бақозода, бархе аз тавсияҳои Бонки ҷаҳонӣ барои боло бурдани саводи молиявии шаҳрвандон ҷолибанд, онҳо аз ҷумла, пешниҳод кардаанд, ки аз баргузории лексияву сӯҳбатҳои дилгиркунанда сарфи назар шавад ва мардумро бо асосҳои молиявӣ ва вожаҳои бонкӣ аз роҳи таҳияи …сериалҳои дилчаспи телевизионӣ ошно созанд. «Сенарияи ин гуна сериёлҳо на фақат бояд ҷалби таваҷҷуҳ кунад, балки дар он вожаҳои молиявӣ ва бонкӣ бояд фаровон бошанд ва роҳҳои дурусти истифодаи маблағ нишон дода шаванд».

Зимнан, ин гуна сериёлҳо дар кишвари африқоии Кения аз маҳбубияти зиёд бархурдоранд. Қарор аст, ки маблағи таҳияи ин гуна сериёлҳо дар Тоҷикистон ҳам аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ ироа шавад.

«МАН БА КАСЕ ҚАРЗ НАМЕДИҲАМ!»

Собир Вазиров бо он нуктаи пажӯҳиши IFC розӣ аст, ки бештари сокинони Тоҷикистон дар бораи як ниҳоди молиявӣ - Бюрои қазияҳои қарзӣ (Бюро кредитных историй) иттилоъ надоранд. Ин гуна бюроҳо солҳои ахир қариб дар ҳама бонкҳои Тоҷикистон таъсис шудаанд ва ҳадафашон табодули ахбор дар бораи афродест, ки аз ин бонкҳо қарз мегиранд. Аз нигоҳи таҳлилгар, чанд сол пеш баъзе аз шаҳрвандон аввал аз як бонк ва баъдан аз бонки дуввум қарз гирифта ғайб мезаданд. Гирифтани қарз тавассути асноди қалбакии хонаҳо низ маъмулӣ шуда буд. Баъд аз таъсиси бюроҳои қазияи қарзӣ акнун ҳар бонк тавони онро дорад, ки дар бораи аз дигар бонк қарздор будани ё набудани шахси барои қарз муроҷиаткарда иттилоъ дошта бошанд.

Зимнан, ниҳодҳое монанд ба бюроҳои муосир дар қарни 19 аз ҷумла дар Русия ташкил шуда буданд. Ҳадафи ин ниҳодҳо - ҷамъоварии иттилоъ дар бораи муассисаҳои тиҷоратӣ ва тоҷирони алоҳида буд. Гап, аз ҷумла, сари иттилои молиявие мерафт, ки барои мутмаин шудани шахс аз тавони молиявии ҳампаймони ояндааш зарур буд.

Иқтисоддон Соҳиб Назар мегӯяд, ки солҳои ахир бар асари коҳиши эътимод одамон аҳён-аҳён ба ҳамдигар қарз медиҳанд. Ҳодисаҳои зиёде буданд, ки як нафар қарз дода моҳҳо барои баргардонидани он беҳуда талош кардааст. Ҳоло ниҳодҳои зиёди молиявие пайдо шудаанд, ки ба мардум қарзҳои хурд медиҳанд. Аммо фойизи баргардони ин қарзҳо баъзан аз 20 дар сад ҳам болотар аст ва

Аз нигоҳи Собир Вазиров, омӯзиши асосҳои молиявӣ бояд аз мактаб шурӯъ шавад. Ба гуфтаи ӯ, маводро дар ин бора метавон ба китоби дарсии "Асосҳои ҳуқуқ" шомил кард. Аммо, меафзояд мусоҳиби мо, бояд зимни таҳияи ин мавод аз вожаву истилоҳҳои барои толибилмон осону фаҳмо истифода шавад. «Ҳар боре, ки ман барои писарам дарсеро аз китоби «Асосҳои ҳуқуқ» фаҳмониданӣ мешавам, ҳадди аққал ду бор матнашро мехонам, яъне матнаш воқеъан ҳам мушкил аст,» - мегӯяд ин иқтисоддони тоҷик.

XS
SM
MD
LG