Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавҳари Шаҳло ҳамчун омили худкушии ӯ маҳкум ба зиндон шуд


Шаҳло Рустамхоҷаева дар мобайн
Шаҳло Рустамхоҷаева дар мобайн

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе шавҳари Шаҳло Рустамхоҷаеваи 25-соларо бо иттиҳоми ба худкушӣ расонидани ҳамсараш ба се соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳ Икром Сатторов -- ин ҷавони 32-соларо, ки дар чандин мусоҳибааш мегуфт, дар худкушии ҳамсараш саҳм надорад, ба он айбдор кард, ки бо рафтор ва гуфтори хеш ба ҳалокати Шаҳло Рустамхоҷаева сабаб гаштааст. Ба ин тартиб, Икром Сатторов бар асоси моддаи 109, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне «ба худкушӣ расонидан»-и ин ҷавонзан пурра гунаҳкор дониста шудааст.

Икром Сатторов
Икром Сатторов

Тавре аз додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд, зимни тафтиши парванда маълум шудааст, Сатторов бо амалҳои худ ба ҳамсараш таъсири равонӣ расонида, дар андешаи ӯ қасди худкуширо ба вуҷуд овардааст, ки зимни баррасии парванда ин далелҳо исбот шудаанд.

То замони баррасии парванда Икром Сатторов дар озодӣ буда ва танҳо дар толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Ҳарчанд, додгоҳ ин мардро барои ба худкушӣ расонидани ҳамсараш пурра гунаҳкор донист, худи ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ гоҳ ҳамсарашро ба худкушӣ маҷбур накардааст. Ӯ гуфта буд, Шаҳлоро хеле дӯст медошт ва пас аз марги ӯ зиндагӣ барояш маънояшро гум кардааст.

Дар қиболи ин ҳарфҳо наздикони Шаҳло Рустмахоҷаева домоди худро дар марги наздикашон гунаҳкор дониста, дар додгоҳ алайҳи ӯ шаҳодат доданд.

Ҷасади Шаҳло Рустамхоҷаеваи 25-сола рӯзи 20-уми август кошонаи ҳусни «Фариде» дар ноҳияи Шоҳмансур пайдо шуд, ки бо сими дастгоҳи мӯйхушккунӣ худро овехта буд. Дар паҳлуи ҷасад инчунин номае дарёфт шудааст, ки зоҳиран Шаҳло онро қабл аз худкушӣ навишта будааст. Ба гуфтаи наздикони Шаҳло, дар ин нома навишта шудааст, ки маҳз шавҳараш боиси марги ӯ шудааст ва ду фарзанди ӯро барои тарбия ба ӯ надиҳанд.

Додгоҳ ин нома, осори лату кӯб дар тани Шаҳло ва гувоҳии наздикони ӯро далел оварда, ҳукми худро эълон намуд.

Марҳабо Рустамхоҷаева, апаи бузурги Шаҳло мегӯяд, сабаби ҳама ҷанҷолҳои Шаҳло бо шавҳараш зани дигар доштани Икром буд. Икром, ба гуфтаи ӯ, қабл аз хонадор шуданаш бо Шаҳло дар Маскав зани дигар доштааст: «Аз пушти зани пештарааш чанд бори дигар ҳам ҷанг шуда буданд. Вақти дар Маскав буданаш хоҳарамро аз хона пеш кардааст. Падарам, ки ҳамон шабу рӯз ҳамон ҷо буд ва ронанда шуда кор мекард, як ҳафта хоҳарамро рӯзона ҳароҳаш мегирифт ва шабона дар хонаи як шиносамон шабашро рӯз мекард. Оқибат падарам худашон хоҳарамро гирифта оварданд.»

Худкушии Шаҳлои 25-сола дар ҳоле ба парвандаи ҷиноӣ табдил ёфт, ки бино бар омори расмӣ, ҳар рӯз дар Тоҷикистон дастикам 1 зан қасди ҷони худ мекунад. Ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар нимаи аввали соли равон 318 нафар қасди худкушӣ кардаанд, ки 153 нафарашон занон будаанд.

XS
SM
MD
LG